М У Қ A Д Д И M A
Китоби дарсии мазкур барои синфи 11уми мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ
тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва барномаи нави
таълимӣ, ки ҳайати мушовараи Вазорати
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ
намудааст, навишта
шудааст.
Китоб аз се қисм иборат аст. Қисми якум, ки 5 боб дорад, давоми курси химияи
органикист ва инчунин ҷамъбасти омӯзиши
курси химияи органикиро дар бар
мегирад. Қисми дуюм низ аз 5 боб иборат аст ва дар он асосҳои химияи умумӣ мавриди омӯзиш
қарор гирифтааст. Қисми сеюм аз як боб иборат буда, дар он таърихи инкишофи
химия, технологияи истеҳсолоти химиявӣ,
химиконии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва химия
дар ҳаёти мо инъикоси худро ёфтаанд. Ҳарчанд,
ки сохтори умумии китоб, хусусан,
бахши химияи органикии он ба китобҳои мавҷудаи
Федератсияи Русия (Г.Е.Рудзитис,
Ф.Г.Фелдман «Химия» барои синфи 11, О.С.Габриелян, Г.Г.Лысова «Химия» барои синфи 11) умуми ятдорад, дар гузориши мавзӯъҳои алоҳида, алалхусус асосҳои химияи умумӣ
муаллифон эҷодкориҳои хешро ба хонандагон
пешниҳод менамоянд. Масалан, дар бахши
химияи органикӣ мавзӯъҳои нав
«Сафедаҳо. Кислотаҳои нуклеинӣ» ва «Ферментҳо ва витаминҳо» омӯхта мешаванд.
Таълими асосҳои химияи умумӣ комилан ба тарзи нав яъне дар пойгоҳи нуқтаҳои
асосии
механикаи квантӣ ва системаи даврии муосири элементҳои химиявӣ (шакли
дарози системаи даврӣ), ки ҷорӣ намудани онро ИЮПАК ҳанӯз соли 1989 қотеъона талаб намуда буд, пешниҳод карда мешавад. Даврӣ тазйир ёфтани валентнокӣ ва андозаи
атомҳо, таснифи металлҳо ва ғайриметаллҳо ва
хосиятҳои онҳо маҳз дар асоси ҳамин
системаи даврӣ шарҳ меёбанд. Аз ин лиҳоз,
китоби мазкур аз китобҳои
мавҷуда фарқи куллӣ дорад. Дар қисми сеюм
бошад, мавзӯъҳои «Маълумоти мухтасар
дар бораи таърихи инкишофи химия», «Саҳми
олимони асри миёнаи тоҷик» бори аввал
ба диққати хонандагон пешниҳод карда
мешаванд.
Барои фаъол намудани хонандагон ва бедор намудани шавқу завқи онҳо ба омӯзиши
химия дар охири ҳар боб корҳои амалӣ,
саволҳо, ҳалли намунавии масъалаҳои ҳисобӣ ва
масъалаҳо ба рои ҳалли мустақилона бо ҷавобҳояшон
овар да шудаанд.