Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона

1. Ба 200 г маҳлуле, ки 40% нитрати калий дорад, 800 мл об илова намуданд. Ҳиссаи массавӣ ва миқдори фоизии нитрати калийро дар маҳлули ҳосил шуда муайян кунед.
(Ҷавоб: 0,08 ё 8%).
2. Ба маҳлуле, ки 12,6 г кислотаи нитрат дорад, маҳлуле илова намуданд, ки 7,2 г ҳидроксиди натрий дорад. Миқдори ҳидроксид, ки барои нейтрализатсияи пурраи кислота лозим аст, ёфта шавад?
(Ҷавоб: 0,8 г NaOH).
3. Ба 100 г маҳлули 20%-а чӣ қадар об илова кунем, ки маҳлули 10% ҳосил шавад?
(Ҷавоб: 100 г).
4. Як миқдор металли натрийро дар кислотаи хлориди 35,5%-а ҳал намуданд. Дар натиҷа ҳиссаи массавии кислота ба 30% баробар шуд. Ба маҳлули ҳосилшуда як миқдор калсий илова намуда, ҳиссаи массавии кислотаро ба 10% расониданд. Массаи металлҳоро муайян кунед
(Ҷавоб: 2,935 г Na, 1,7 г Са)
5. Дар кислотаи 65%-а чӣ қадар метали калсийро ҳал намоем, ки ҳиссаи массавии кислота то 33% кам шавад?
(Ҷавоб: 7,9 г Са).

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz