Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

ТАСНИФИ РЕАКСИЯҲОИ ХИМИЯВИ

       Дар курси химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ шумо бо намудҳои гуногуни реаксияҳои химиявӣ шинос шудед. Ин реаксияҳо хусусиятҳои муштарак доранд ва онҳо имконият медиҳанд, ки реаксияҳои химиявиро ба гурӯҳҳои муайян тақсим намоем.
    Қариб тамоми реаксияҳои химиявиро вобаста ба тағйирёбии миқдор ва таркиби моддаҳои ба реаксия дохилшаванда ва дар натиҷаи реаксия ҳосилшуда ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: пайвастшавӣ, таҷзия, ҷойгирӣ ва муовиза.
      1. Реаксияҳои пайвастшавӣ
     Реаксияҳое, ки дар натиҷаи онҳо, аз ду ва ё якчанд модда як моддаи нав ҳосил мешавад, рексияҳои пайвастшавӣ номида мешаванд.
    Реаксияҳои пайвастшавӣ дар навбати худ ба намудҳои зерин чудо мешаванд: оксидшавию барқароршавӣ, экзотермӣ, эндотермӣ, баргар данда ва барнагарданда.
      Реаксияҳои пайвастшавии оксидшавию барқароршавӣ. Реаксияи зерин намунаи он аст:

      Реаксияҳое, ки дар натиҷаи онҳо дараҷаи оксидшавии моддаҳо тағйир меёбад, яъне гузариш ё ҷойивазкунии электронҳо аз атомҳои электроманфигиашон хурдтар ба атомҳои электроманфигиашон калонтар ҷой дорад, реаксияҳои оксидшавию барқароршавӣ номида мешаванд.
      Реаксияҳои экзотермӣ ва эндотермӣ. Дар ин гуна реаксияҳо гармӣ хориҷ ё фурӯ бурда мешавад.
    Миқдори гармие, ки дар натиҷаи реаксия хориҷ ё фурӯ бурда мешавад, эффекти гармии реаксия номида мешавад.
     Эффекти гармӣ аз ҳисоби фарқи энергияи дохилии моддаҳои ба реаксия дохилшаванда ва дар натиҷаи реаксия ҳосилшуда ба амал меояд. Аз рӯи эффекти гармӣ реаксияи химиявиро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд: экзотермӣ ва эндотермӣ.
     Реаксияҳоеро, ки бо ҷудошавии гармӣ мегузаранд, реаксияҳои экзотермӣ меноманд.
     Мисоли чунин реаксияҳо ҳосилшавии HCI аст:

     Дар реаксияҳои экзотермӣ энергияи дохилии моддаҳои ба реаксия дохилшаванда нисбат ба энергияи дохилии моддаҳои дар натиҷаи реаксия ҳосилшуда зиёдтар аст, аз ин сабаб дар натиҷаи реаксия энергия ба намуди гармӣ ҷудо мешавад.
     Реаксияҳоеро, ки бо фурӯбарии гармӣ мегузаранд, реаксияҳои эндотермӣ меноманд.
     Реаксияи зерин мисоли реаксияи эндотермӣ мебошад:

     Дар реаксияҳои эндотермӣ энергияи дохилии моддаҳои ба реаксия дохилшаванда нисбат ба энергияи дохилии моддаҳои дар натиҷаи реаксия ҳосилшуда камтар аст, аз ин сабаб реаксия бо сарфи энергия мегузарад.
     Эффекти гармӣ одатан барои як мол моддаи ҳосилшуда нишон дода мешавад.
    Гармии ҳосилшавӣ гуфта, миқдори гармиеро меноманд, ки он ҳангоми аз моддаҳои содда ҳосил намудани як мол пайвастагӣ, ҷудо ё фурӯ бурда мешавад.
     Масалан, гармии ҳосилшавии як мол об аз 2 г (1 мол) ҳидроген ва 16 г (0,5 мол) оксиген ба 285,8 кҶ баробар аст:

    Эффекти гармиро ба муодилаи реаксия дохил намудан мумкин аст. Муодилаҳои химиявие, ки дар онҳо эффекти гармӣ нишон дода шудааст, муодилаҳои термохимиявӣ номида мешаванд. Муодилаҳои реаксияҳои дар боло овардаамон муодилаҳои термохимиявӣ мебошанд.
     Реаксияҳои барнагарданда ва баргарданда.
   Реаксияҳои химиявие, ки то охир, яъне то пурра сарфшавии яке аз моддаҳои ба реаксия дохилшаванда мегузаранд, реаксияҳои барнагарданда номида мешаванд.

     Мисоли чунин реаксия ҳосилшавии оксиди карбон CO мебошад:

   Реаксияҳои химиявие, ки дар шароити додашуда, бо самтҳои ба ҳам дигар муқобил мегузаранд, реаксияҳои баргарданда номида мешаванд.
    Ҳосилшавии аммиак намунаи реаксияи баргарданда мебошад:

   Дар реаксияҳои баргарданда ба ҷои аломати баробарӣ тирчаҳои самтҳояшон муқобилро мегузоранд, ки он нишондиҳандаи ба самтҳои муқобил гузаштани реаксия мебошад.
    Вале тақсимоти реаксияи пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои номбурда на ҳама вақт ягона аст. Яъне, ҳамон як реаксия метавонад дар як вақт ба якчанд реаксияҳои номбурда тааллуқ дошта бошад. Масалан, реаксияи ҳосилшавии об:

ҳам ба гурӯҳи реаксияҳои оксидшавию баркароршавӣ ва ҳам ба гурӯҳи реаксияҳои экзотермӣ дохил мешавад.
     II. Реаксияҳои таҷзия
   Реаксияҳое, ки дар натиҷаи онҳо аз як моддаи мураккаб якчанд моддаи содда ё мураккаби дигар ҳосил мешаванд, реаксияҳои таҷзия номида мешаванд.
    Реаксияҳои таҷзияро низ ба якчанд намуд, масалан, оксидшавию барқароршавӣ, экзотермӣ, эндотермӣ ва ғайра ҷудо кардан мумкин аст.
   Реаксияҳои оксидшавию барқароршавӣ. Намунаи реаксияи оксидшавию барқароршавӣ таҷзияи оксиди симоб мебошад:

     Реаксияҳои экзотермӣ. Реаксияи зерин намунаи реаксияи экзотермӣ мебошад:

     Реаксияҳои эндотермӣ. Таҷзияи карбонати калсий мисоли реаксияи эндотермӣ аст:

    Бояд қайд намоем, ки тамоми реаксияҳои таҷзия реаксияҳои барнагардандаанд.
    III. Реаксияҳои ҷойгирӣ
     Реаксияҳое, ки дар байни моддаҳои содда ва мураккаб гузашта, дар натиҷа атомҳои моддаи содда ҷои яке аз атомҳои моддаи мураккабро мегиранд, реаксияҳои ҷойгирӣ номида мешаванд.
   Реаксияҳои ҷойгириро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мекунанд: оксидшавию барқароршавӣ, экзотермӣ, эндотермӣ ва ғайра.
      Реаксияҳои оксидшавию барқароршавӣ. Мисоли зерин намунаи ин реаксия шуда метавонад:

      Реаксияҳои экзотермӣ. Реаксияи зерин намунаи ин реаксияи экзотермии ҷойгирӣ аст:

 

      Реаксияҳои эндотермӣ. Таъсири мутақобили магний бо об мисоли ин гуна реаксия аст:

      Бояд қайд намоем, ки тамоми реаксияҳои ҷойгирӣ низ реаксияҳои барнагардандаанд.
      IV. Реаксияҳои муовиза
   Реаксияҳое, ки дар натиҷаи онҳо ду моддаи мураккаб қисмҳои таркибии худро бо ҳам иваз менамоянд, реаксияҳои муовиза номида мешаванд.
     Реаксияҳои муовиза низ ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд: экзотермӣ, эндотермӣ, барнагарданда, баргарданда ва ғайра.
     Реаксияҳои экзотермӣ. Мисоли дар поён овардашуда намунаи ин реаксия аст:

    Реаксияҳои эндотермӣ. Намунаи дар зер овардашуда реаксияи эндотермӣ аст:

    Реаксияҳои барнагарданда. Реаксияи зерин мисоли реаксияҳои барнагарданда аст:

    Реаксияҳои баргарданда. Реаксияи зерин намунаи реаксияҳои баргарданда аст:

    Бояд эзоҳ диҳем, ки реаксияҳои оксидшавию барқароршавие низ мавҷуданд, ки ба гурӯҳи реаксияҳои дар боло овардашуда тааллуқ надоранд.
    Мисоли чунин реаксияҳо реаксияи зерин шуда метавонад:

   Дар химияи ғайриорганикӣ низ, баъзе реаксияҳо бо механизми радикалӣ мегузаранд. Мисоли чунин реаксия таъсири хлор ба ҳидроген аст:


 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz