Масъалаҳо барои ҳалли
мустақилона
1.
Барои нейтрал намудани гурӯҳҳои карбоксилии 20 г сафедае, ки дар
таркибаш 48 боқимондаи кислотаи аспарагинат ва 57 боқимондаи кислотаи
глутамат дорад ва массаи молекулавии нисбии он ба 120000 баробар аст, чӣ
қадар маҳлули 1М-и NaOH лозим аст?
Ҷавоб: 17,67 мл маҳлули
NaOH.
2. Маълум аст, ки массаи молекулавии нисбии сафеда ба 68000 баробар аст
ва он аз 41 боқимондаи лейтсин ва 24 боқимондаи аргинин иборат аст.
Ҳаҷми маҳлули 1 Ми НС1, ки барои нейтрал намудани амингурӯҳҳои дар 5 г
сафеда буда зарур аст, ёфта шавад.
Ҷавоб: 4,85 мл маҳлули
NaOH.
3. Массаи молекулавии нисбии сафедае, ки дар таркибаш 215 боқимондаи
пролин, 315 боқимондаи аланин, 38 боқимондаи кислотаи аспарагинат ва 50
боқимондаи лизин дорад, муайян карда шавад.
Ҷавоб: 39820.
4. Аз 5 г сафедае, ки массаи молекулавии нисбиаш 170000
буда, дар тарки баш 118 боқимондаи кислотаи аспарагинат мавҷуд аст, чӣ
кадар кислотаи аспарагинат ҳосил кардан мумкин аст?
Ҷавоб: 0,4581г.
5. Массаи молекулавии нисбии кислотаи рибонуклеиниеро (КРН),
ки таркибаш аз 215 боқимондаи аденин, 150 боқимондаи гуанин, 310
боқимондаи тимин ва 375 боқимондаи ситозин иборат аст, ҳисоб кунед.
Ҷавоб: 336078.
6. Массаи молекулавии нисбии КРН 900000 аст. Агар дар
таркиби он 438 боқимондаи ситозин мавҷуд бошад, ҳангоми ҳидролизи 18г
КРН чӣ кадар ситозин ҳосил кардан мумкин аст?
Ҷавоб: 0,9742г ситозин.
7. Ба
таркиби як занҷири молекулаи КДН 432 боқимондаи аденин, 878 боқимондаи
гуанин, 243 боқимондаи тимин ва 920 боқимондаи ситозин дохил мешаванд.
Миқдори асосҳои нитрогенӣ дар занҷири нисбат ба ин занҷир комплементарии
молекулаи КДН ёфта шавад.
Ҷавоб: 432 тимин, 878 ситозин, 243 аденин ва 920 гуанин.