|
| ||||||||||
► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор
►
Аминҳо
► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ
► Амидҳо:сохт, истеҳсол ва хосиятҳои онҳо ► Аминокислотаҳо ► Намунаҳои ҳалли мисол ва масъалаҳо ► Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор ► Савол ва супоришҳо ва таҷрибаҳои лабораторӣ ► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо
►
Мафҳум дар бораи пайвастагиҳои калонмолекула
► Методҳои асосии синтези полимерҳо ► Полимеризатсия ► Моддаҳои пластикӣ ► Каучукҳои синтезӣ ► Нахҳои синтезӣ ► Саволҳо ва таҷрибаҳои лабораторӣ ► Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ
►
Нуқтаҳои асосии назарияи сохти химиявӣ
► Намудҳои изомерия ► Изомерияи структурӣ ► Изомерияи занҷири атомҳои карбон ► Изомерияи ҳолати бандҳои дучанда ва сечанда дар молекула ► Изомерияи ҳолати гурӯҳҳои функсионалӣ ё атомҳои алоҳида дар молекула ► Изомерияе, ки ба пайвастагиҳои органикии дар таркиби молекулаашон ҳалқаи бензолӣ дошта хос аст ► Изомерияи фазоӣ ё стереоизомерия ► Табиати электронии банди химиявӣ ► Синтезҳои муҳими саноатӣ дар асоси коркарди нафт ва дигар ашёҳои карбоҳидрогенӣ ► Намунаи ҳалли масъалаҳо ва саволҳо барои ҷавоб ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Тавсифи ҳолати электронҳо дар атом дар асоси механикаи квантӣ
► Системаи даврии муосири элементҳои химиявӣ ► Мавқеи лантаноидҳо ва актиноидҳо дар системаи даврии элементҳои химиявӣ ► Валентнокӣ ва имкониятҳои валентии атомҳо ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаи ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Навъҳои асосии банди химиявӣ ► Сохти фазоии молекулаи моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ ► Навъҳои панҷараҳои кристаллӣ ва хосияти моддаҳо ► Пайвастагиҳои комплексӣ ► Ададҳои координатсионӣ ► Системаҳои дисперсӣ ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаҳои ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ
►
Қонуни бақои массаи моддаҳо. Қонуни
Бақои масса табдили энергия дар реаксияҳои химиявӣ ► Таснифи реаксияҳои химиявӣ ► Суръати реаксияҳои химиявӣ ► Қонуни таъсири масса. Собити мувозинат ► Принсипи Ле-Шателе. Лағжиши мувозинати химиявӣ ► Катализ ва гидролиз ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаҳои ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона |
ПОЛИМЕРИЗАТСИЯ Барои ҳамаи пайвастагиҳои органикие, ки дар молекулаашон бандҳои дучанда ва сечанда доранд, реаксияи полимеризатсия хос мебошад. Полимеризатсия реаксияест, ки дар натиҷаи он микдори зиёди молекулаҳои мономерҳо бо ҳамдигар бе ҷудо намудани ягон модда пай дар пай пайваст мешаванд. Муодилаи реаксияи полимеризатсияро дар шакли умумӣ чунин навиштан мумкин аст: nM - Mn
дар ин ҷо М -
молекулаи мономер, Mn занҷири полимерӣ, ки аз
n чузъи структурӣ иборат аст,
n дараҷаи полимеризатсия мебошад.
Ҳангоми гармкунии пероксиди бензоил банди O — O канда шуда, ду радикали озоди пероксиди бензоил, ҳосил мешавад:
Радикали фенили ('C6H5) ҳосилшуда бо молекулаи этилен пайваст шуда, ҳамчун инитсиатори занҷири полимерӣ хизмат менамояд. Радикали пайдо шуда нуқтаи ибтидоии занҷир мегардад:
Сипас, молекулаҳои этилен пай дар пай ба радикали ҳосилшуда пайваст мешаванд. Дар натиҷа, дарозии занҷир, яъне дараҷаи полимеризатсия - n, зиёд мешавад:
Бояд қайд намоем, ки реаксияи полимеризатсия, ки бо механизми
радикалӣ мегузарад, ба гурӯҳи реаксияҳои занҷирӣ дохил мешавад. Ҷараёни
ҳосилшавии занҷири полимерӣ ё то бархӯрии ду радикал ва ё то боқӣ
намондани мономерҳо давом мекунад. Аз ин сабаб барои он, ки полимери
дараҷааш калон ҳосил шавад бояд миқдори мономерҳо зиёд бошаду миқдори
радикалҳо кам.
Карбкатиони сеюмини ҳосилшуда нисбат ба карбкатиони якумин ва дуюмин устувор аст, зеро заряди мусбати атоми карбон бо таъсири эле тродонории се гурӯҳи метилӣ нигоҳ дошта мешавад. Ин карбкатион нуқтаи ибтидоии ҳосилшавии занҷири полимерӣ мегардад. Ба он молекулаҳои мономерҳо пайваст шудан мегиранд:
ПОЛИКОНДЕНСАТСИЯ
Поликонденсатсия ин реаксияи байни молекулаҳои полифунксионалӣ мебошад,
ки дар натиҷаи он молекулаҳо ба ҳам пайваст шуда моддаҳои хурдмолекула
(об, аммиак, спирт, хлориди ҳидроген ва ғайра) хориҷ мешаванд.
Поликонденсатсия бархилофи полимеризатсия реаксияи танҳо зинавӣ мебошад.
Ин маънои онро дорад, ки дар ҳар як зинаи реаксия маҳсулотҳои ҳосилшуда
устувор мебошанд ва барои давом додани реаксия фаъол намудани онҳо зарур
аст. Вобаста ба шароити гузаронида ни реаксия маҳсулотҳои ниҳоии он
макромолекулаҳои сохташон гуногун буда метавонанд. Акнун механизми
поликонденсатсияро дар мисоли ҳосил намудани зифтҳои фенолформалдеҳидӣ
дида мебароем.
Ин пайвастагии мобайнӣ бо молекулаҳои дигари фенол пайваст мешавад:
Сипас, маҳсули ҳосилшуда бо дигар молекулаи метанал пайваст мешавад ва пас аз он бо молекулаҳои фенол ва ғайра. Дар натиҷаи ин реаксияҳо моддаи калонмолекулаи зифти фенолформалдеҳидӣ ва об ҳосил мешавад. Азбаски дар молекулаҳои фенол атомҳои серҳаракати ҳидроген на танҳо дар ҳолати 2, балки дар ҳолати 4 ва 6 ҳам ҷойгиранд, бинобар ин дар реаксияи байни фенол ва формалдеҳид ин атомҳо ҳам иштирок мекунанд. Дар натиҷаи ин полимери сохташ шохадор ҳосил мешавад:
|
||||||||||
DIAMOND © Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз
карда шудаанд
|