Ба саволҳо ҷавоб диҳед
1. Давраҳои таърихи инкишофи
химияро номбар кунед.
2. Хусусиятҳои хоси таърихи инкишофи химияро аз асри Vlll то Xll баён
кунед.
3. Ниёгони мо дар инкишофи химия чӣ дастовардҳо доштанд?
4. Аҳамияти корҳои Закариёи Розӣ дар инкишофи химия аз чӣ иборат аст?
5. Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар инкишофи химия чӣ гуна аст?
6. Нуқтаҳои гардишии таърихи инкишофи химияро аз асри XVll то ибтидои
асри XX номбар кунед.
7. Хусусиятҳои хоси инкишофи химияро дар замони муосир баён кунед.
8. Кадом намудҳои истеҳсолоти химиявӣ дар Тоҷикистон асосӣ шуморида
мешаванд?
9. Дар ЗАТ алюминийро бо кадом усул истеҳсол мекунанд?
10. Истеҳсоли карбамид аз кадом зинаҳо иборат аст?
11. Технологияи истеҳсоли спирти этилро баён кунед.
12. Гидрометаллургияи обиро шарҳ диҳед?
13. Ишқорронӣ чист?
14. Кадом манбаъҳои асосии ифлосшавии атмосфераро медонед?
15. Барои кам намудани ифлосшавии атмосфера кадом чораҳо дида мешаванд?
16. Ҳидросфера чист?
17. Пасобҳоро ба чанд гурӯҳ тақсим мекунанд?
18. Барои тоза намудани пасобҳо чӣ чораҳо дида мешаванд?
19. Литосфера чист?
20. Кадом манбаъҳои ифлосшавии литосфераро медонед?
21. Таъсироти асосӣ ва ғайриасосии аспирин дар чӣ зоҳир мешавад?
22. Парасетамол кадом таъсири ғайриасосӣ дорад?
23. Антибиотики аввалинро кай ва кӣ кашф намудааст?
24. Моҳияти таъсири антибиотикҳо ба организми зинда дар чӣ зоҳир мешавад?
25. Чаро короии антибиотикҳо паст мешавад?
26. Маводҳои шӯяндаи синтезӣ чӣ гуна моддаҳоянд ва қобилияти шӯяндагии
онҳо ба чӣ асос ёфтааст?
27. Механизми таъсири дихлофос ва хлорофос ба организми зинда ба чӣ асос
ёфта аст?
28. Иловаҳои ғизоиро бо кадом мақсад истифода мебаранд?
29. Чаро мо бояд ба иловаҳои ғизоии маҳсулоти ғизоӣ эътибор диҳем?
30. Химиконии кишоварзӣ чӣ маъно дорад?
31. Нуриҳои минералӣ ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мешаванд?
32. Чаро нитратҳо барои организми инсон зарарноканд?
33. Истифодаи нодурусти нуриҳо ба кадом оқибатҳо меоранд?
34. Оҳакдор намудани замин чӣ маъно дорад?
35. Барои чӣ заминро гаҷбанд мекунанд?