Масъалаҳо барои ҳалли
мустақилона
1.
Дараҷаи полимеризатсияи полиметилметакрилатро муайян кунед, агар массаи
молекулавии нисбии он ба 715520 баробар бошад.
Ҷавоб: 8320.
2. Барои ҳосил намудани 0,1 мол поливинилхлориде, ки
дараҷаи полимеризатсияаш ба 7200 баробар аст, чӣ қадар винилхлорид зарур
аст?
Ҷавоб: 16,128 м3.
3. Массаи молекулавии нисбии полипропиленро муайян намоед,
агар дараҷаи полимеризатсияи он ба 15000 баробар бошад.
Ҷавоб: 630000.
4. Ҳангоми сӯхтани 250г поливинилхлориде, ки дараҷаи
полимеризатсияаш ба 8000 баробар аст, чӣ қадар хлор ҷудо мешавад?
Ҷавоб: 44,810-3 м3.