Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

ПАЙВАСТАГИҲОИ ҲИДРОГЕНИИ ҒАЙРИМЕТАЛЛҲО

     Дар ҷадвали 3 пайвастагиҳои ҳидрогении ғайриметаллҳо ва баъзе хосиятҳои химиявии онҳо оварда шудаанд.
    Бор бо ҳидроген пайвастагиҳое ҳосил мекунад, ки онҳоро боранҳо меноманд. Аз онҳо В2Н6 газ, В4Н10, B5H9, B5H11, В6Н10 моеъ ва B10H14 моддаҳои сахт мебошанд. Ҳамаи онҳо ҳангоми дар об ҳал шудан кислотаи боратро ҳосил мекунанд:

     Карбон ва силитсий бо ҳидроген пайвастагиҳои сершумор ҳосил мекунанд. Аз рӯи хосиятҳояшон пайвастагиҳои ҳидрогении карбон ва силитсий ба ҳам монанд мебошанд, вале пайвастагиҳои ҳидрогении силитсий ноустувортаранд. Шумо бо пайвастагиҳои ҳидрогении карбон хуб шинос мебошед.
   Ғайриметаллҳои гурӯҳи 15-уми системаи даврӣ пайвастагиҳои ҳидрогение ҳосил мекунанд, ки формулаи умумиашон ЭН3 мебошад. Азбаски онҳо ҷуфти тақсимнашудаи электронӣ доранд, метавонанд бо кислотаҳо бо механизми донору аксепторӣ пайваст шаванд ва хосияти асосӣ зоҳир кунанд. Хосиятҳои асосии пайвастагиҳои ҳидрогении ин гурӯҳ дар системаи даврӣ аз боло ба поён кам мешавад. Аммиак бо ҳамаи кислотаҳо, вале фосфин танҳо бо кислотаҳои қавӣ намак ҳосил мекунад.
    Ғайриметаллҳои гурӯҳи 16-уми системаи даврӣ бо ҳидроген пайвастагиҳое ҳосил менамоянд, ки формулаи умумиашон Н2Э мебошад. Ҳамаи ин пайвастагиҳо, бо истиснои об, газ мебошанд ва ҳангоми дар об ҳал намудан кислота ҳосил менамоянд. Хосияти кислотагии пайвастагиҳои ҳидрогении ин элементҳо дар гурӯҳ аз боло ба поён зиёд мешавад. Ба ҳамин тариқ, қобилияти барқароркунандагии пайвастагиҳои ҳидрогении ин гурӯҳ тағйир меёбад.
      Чунин қонуният барои пайвастагиҳои ҳидрогении гурӯҳи 17-ум низ мушоҳида мешавад.
    Вале об ва ҳидрогенфторид, бо сабаби ҳосил намудани ассотсиатҳои молекулавӣ, ба ин қонуният риоя намекунанд.
      Дар системаи даврӣ аз чап ба рост хосиятҳои асосии пайвастагиҳои ҳидрогенӣ кам шуда, хосияти кислотагиашон меафзояд.
     Дар асоси навиштаҳои боло ва такя ба системаи даврӣ хулосаҳои зерин баровардан мумкин аст:
     1. Дар даврҳо, аз чап ба рост, дар ионҳои элементҳо қимати ададии заряди мусбат меафзояд ва ин ба теладиҳии ионҳои мусбати ҳидроген мусоидат мекунад. Бо ин сабаб хосияти кислотагии пайвастагиҳои ҳидрогенӣ дар даврҳо аз чап ба рост меафзояд.
     2. Дар гурӯҳҳо, аз боло ба поён, радиуси атоми элементҳо зиёд мешавад. Дар натиҷа анионҳо (мисол Ғ-, Cl-, Br-,I-) ҳидрогени мусбатзарядро (H+) сусттар ҷазб мекунанд.


     Бо ин сабаб, раванди канда шудани ионҳои ҳидроген (Н+) осон мегардад ва хосиятҳои кислотагии пайвастагиҳои ҳидрогенӣ аз боло ба поён меафзояд. Ҷараёни додани электронҳои валентӣ осон мешавад ва қобилияти барқароркунандагии пайвастагиҳои ҳидрогенӣ аз боло ба поён меафзояд.

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz