Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

ҚОБИЛИЯТИ ОКСИДКУНАНДАГИИ КИСЛОТАҲОИ ОКСИГЕНДОР

     Тавсифи муқоисавии хосияти кислотаҳои оксигендорро дар боло дида баромадем. Вале қобилияти оксиду барқароркунандагии ин кислотаҳо пурра баён нашуданд. Акнун қобилияти оксиду барқароркунандагии кислотаҳои оксигендорро дар мисоли кислотаҳои нитрат, сулфат ва намакҳои онҳо, ки аҳамияти калони истеҳсолӣ доранд, дида мебароем.
    Таъсири мутақобили кислотаи сулфат бо металлҳо аз консентратсияаш вобаста аст. Кислотаи сулфати консентратсияаш паст бо металлҳои дар қатори электрохимиявии шиддат то ҳидроген ҷойгиршуда, таъсири мутақобил менамояд ва дар ин реаксияҳо ҳидроген хориҷ мешавад:

      Нақши оксидкунандаро дар ин ҳолат катиони ҳидроген мебозад.
    Ҳангоми таъсири мутақобили кислотаи консентронидаи сулфат бо металлҳо дар ҳарорати баланд нақши оксидкунандаро сулфури дараҷаи оксидшавиаш +6 иҷро мекунад. Вай метавонад то дараҷаҳои оксидша вии +4, 0 ва -2 барқарор шавад.
      Аз таъсири мутақобили кислотаи сулфат бо металлҳое, ки дар қатори электрохимиявии шиддати металлҳо то ҳидроген ҷойгиранд, вобаста ба фаъолнокии металл SO2, S ё H2S ҳосил мешаванд:

     Таъсири мутақобили кислотаи сулфат бо металлҳое, ки дар қатори электрохимиявии шиддат пас аз ҳидроген ҷойгиранд, ҳама вақт бо хориҷшавии SO2 мегузарад:

   Ҳангоми таъсири мутақобили кислотаи нитрат бо металлҳо, ки қариб ҳамеша ҳамчун реаксияи оксиду барқароршавӣ мегузарад, нақши оксидкунандаро нитрогени дараҷаи оксидшавиаш +5 мебозад. Ҳидроген танҳо ҳангоми таъсири мутақобили металлҳои қавӣ бо кислотаи нитрати консентратсияаш паст ба миқдори ночиз ҷудо мешавад.
     Дараҷаи барқароршавии N+5 аз консентратсияи кислотаи нитрат ва фаъолнокии металл вобаста аст.
   Маҳсулоти барқароршавии N+5 дар нақшаи 4 нишон додашудааст. Таъсири мутақобили кислотаи нитрат бо металлҳои фаъол чунин аст:

     Таъсироти мутақобили кислотаи нитрат бо металҳои фаъол чунин аст:




 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz