Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

МОДДАҲОИ ПЛАСТИКӢ

     Дар байни ашёи ниёзи мардум масолеҳоте, ки аз полимерҳо истеҳсол карда мешаванд, аз ҳама беш ба назар мерасанд. Дар байни ин масолеҳоти полимерӣ моддаҳои пластикӣ аз ҷиҳати миқёси истеҳсолӣ дар ҷои аввал меистанд.
     Моддаҳои пластикӣ ин масолеҳоте мебошанд, ки дар асоси пайвастагиҳои калонмолекулаи табиӣ ё сунъӣ тайёр карда мешаванд. Онҳо бо таъсири гармӣ ва ё фишор қобилияти гирифтани ин ва ё он шаклро дошта, пас аз хунук кардан ё ба эътидол овардани фишор онро нигоҳ медоранд.
     Ба таркиби моддаҳои пластикӣ ба ғайр аз полимерҳо боз моддаҳои зерин дохил мешаванд: пуркунандаҳо, пластификаторҳо, стабилизаторҳо.
     Пуркунандаҳо моддаҳое мебошанд, ки хосиятҳои механикии масолеҳотро баланд ва арзиши онро паст мекунанд. Мисоли пуркунандаҳо орди чӯб, матои пахтагӣ, сангтахта, нахи шишагӣ ва ғайра мебошанд.
Пластификаторҳо моддаҳое мебошанд, ки хосияти пластикии масолеҳро дар ҳароратҳои баланд зиёд мекунанд ва ба он чандирӣ ва сармотобоварии калон мебахшанд.
     Стабилизаторҳо моддаҳое мебошанд, ки устувории масолеҳро нисбати омилҳои беруна (таъсири рӯшноӣ, ҳарорат, оксигени ҳаво) таъмин менамоянд.
      Вобаста ба натиҷаи таъсири ҳарорат полимерҳо термопластикӣ ва термореактивӣ мешаванд.
Масолеҳҳои термопластикиро аз полимерҳои термопластикӣ ва масолеҳҳои термореактивиро аз полимерҳои термореактивӣ истеҳсол менамоянд.
    Полимерҳои термопластикӣ. Полимерҳои термопластикӣ полимерҳое мебошанд, ки ҳангоми гарм намудан шакли қолабро гирифта пас аз ху нук кардан он шаклро нигоҳ медоранд. Дар поён сохт, хоситятҳои физи кию химиявӣ, истеҳсол ва доираи истеъмоли полимерҳои термопласти кии асоситаринро дида мебароем.
     Полиэтилен (CH2CH2)n. Хосиятҳои физикии полиэтилен аз тарзи истеҳсоли он вобаста аст. Бинобар ин се намуди истеҳсолии поли этилен паҳн шудааст: полиэтилени фишори баланд, полиэтилени фишори миёна ва полиэтилени фишори паст. Хосиятҳои физикии ин полиэтиленҳо дар чадвали 1 оварда шудааст. Полиэтилен чандир буда, дар шакли варақи тунук беранг ва шаффоф мебошад. Ҳангоми ламс кардан монанди парафин ба назар равғанӣ менамояд. Дар вақти сахт тафсони дан полиэтилен таҷзия мешавад.

Ҷадвали 1.

Хосият

Полиэтилени фишори баланд

Полиэтиле ни фишори миёна

Полиэтиле ни фишори паст

Зичӣ, г/см3

0,920,93

0,960,97

0,940,96

Дарачаи кристаллӣ, %

5570

8590

8090

Ҳарорати мулоимшавӣ (гудо зиш) 0C

105110

128130

120130

Гармигунчоиши хос кал/г0С

0,500,68

0,500,68

0,500,68

Массаи молекулавии нисбӣ

1800035000

70000­500000

70000­800000

     Полиэтилен хосияти карбоҳидрогенҳои ҳаднокро доро мебошад. Дар шароитҳои оддӣ ин полимер на бо кислотаи сулфат ва на бо ишқорҳо ба реаксия намеравад. Кислотаи ғализи (дудкардаистода) нитрат полиэти ленро, асосан, дар вақти гармкунӣ вайрон мекунад. Вай бромоб ва маҳлули перманганатро, ҳатто ҳангоми гармкунӣ, беранг наменамояд.
     Дар шароити ҳозира истеҳсоли полиэтилен бо тарзи полимеризатсия таҳти фишори паст бештар паҳн шуда аст. Дар ин маврид полимеризатсияро дар фишори атмосферӣ ва ҳарорати мӯътадил, бо иштироки триэтил алюминий ва хлориди титан (IV) мегузаронанд. Полиэтилени бо ин роҳ ҳосил шуда дар ҳарорати баландтар гудохта мешавад ва аз сабаби массаи молии калон ва шакли хаттӣ доштан аз назари механикӣ устувор мебошад.
     Полиэтилен аз назари химиявӣ ва механикӣ устувор мебошад. Вай хосияти ғайриноқилии баланд дорад. Барои ҳамин ҳам ҳангоми сохтани асбобҳо барои истеҳсолоти гуногун (аппаратҳо, қубурҳо, зарфҳо ва ғайра) аз полиэтилен истифода мебаранд. Аз полиэтилен намудҳои гуногуни ашёи рӯзгор, аз қабили борхалтаҳои шаклу ғунҷоишашон гуногун, қуттиҳои ҳархела, косачаҳо, табақҳо, обдастҳо ва ғайра тайёр мекунанд.
    Полиэтилен дар шакли парда нурҳои ултрабунафшро хуб мегузаронад. Плёнкаҳои аз ин материалҳо сохташударо дар гармхонаҳо ба ҷои шиша васеъ истифода мебаранд.

    Полипропилен   Хосиятҳои физикию химиявии ин полимер ба полиэтилен наздик аст. Полипропилен полимери сахт аст. Полипропилени ғафсиаш калон ранги сафеди ширмонанд дорад, вале қабати тунуки он шафоф мебошад. Зичии миёнаи он ба 0,91 г/см3 баробар аст. Массаи молекулавии нисбии он дар ҳудуди 300005000000 ҷойгир аст. Полипропилен нисбат ба полиэтилен мустаҳкамии зиёдтар дорад ва дар ҳароратҳои баландтар (160170°С) мулоим мешавад. Вай ба таъсири муҳити химиявӣ устувортар аст.
     Ин хосиятҳои полипропилен ба сохти структуриаш вобаста аст. Дар боло нишон дода будем, ки вобаста ба тартиби ҷойгиршавии радикали CH3 дар занҷири карбонӣ полипропиленҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: стереомуназзам ва стереномуназзам. Хосиятҳои зикршуда танҳо ба по липропиленҳои стереомуназзам хос аст. Дар чунин полимерҳо макромолекулаҳо ба ҳам наздик мегарданд, ки ин ба мустаҳкамӣ ва дараҷаи баланди кристаллии полипропилен мусоидат менамояд.
     Полипропилен нисбат ба полиэтилен аз назари химиявӣ ва механикӣ устувортар мебошад. Аз полипропилен қубур, қисмҳои гуногуни мошин ва дастгоҳҳои химиявӣ месозанд. Вай хосияти ғайриноқилии баланд дорад. Аз ин сабаб аз полипропилен маснуоти қобилияти баланди диэлек трикидошта истеҳсол мекунанд.
     Поливинилхлорид     Полимери сафеди дар ҳарорати муқаррарӣ сахт мебошад. Массаи молекулавии нисбии он 300000400000 буда метавонад.
  Онро бо усули полимеризатсияи радикалӣ аз хлорвинил (винилхлорид)       ҳосил мекунанд:

     Поливинилхлоридро ҳамчун ҳосилаи хлордори полиэтилен дида баромадан мумкин аст. Атомҳои хлор, ки қисме аз атомҳои ҳидрогенро иваз намудаанд, сабабгори хосиятҳои фарқкунандаи физикию химиявии поливинилхлорид гардидаанд. Тартиби ҷойгиршавии атомҳои хлор дар занҷири карбонии макромолекулаҳои поливинилхлорид ба хосиятҳои физикии он таъсир мерасонад. Поливинилхлориде, ки дар макромолекулаҳои он атомҳои хлор бо тартиби муайян ҷойгир шудаанд, поливинилхлориди стереомуназзам ном дорад ва нисбат ба поливинилхлориди стереономуназзам, ки дар он атомҳои хлор бетартибона ҷойгир шудаанд, дорои сифатҳои хубтари физикию химиявӣ аст.
      Поливинилхлорид нисбат ба полиэтилен ба таъсири кислота ва ишқорҳо устувортар аст. Вай амалан намесӯзад, вале ҳангоми аз 140°С зиёд гарм кардан бо хориҷ намудани хлориди ҳидроген (HCl) таҷзия мешавад. Аз поливинилхлорид ду намуди моддаи пластикӣ винипласт ва пластикат истеҳсол мекунанд.

     Дар ҷадвали 2 хосиятҳои винипласт ва пластикат оварда шудаанд.

Ҷадвали 2

Хосият

Винипласт

Пластикат

Зичӣ, г/см3

1,381,43

1,231,26

Гармиғунчоиши хос, ккал/кг 0C

0,25

0,35

Модули чандирият ҳангоми ёзиш, кг/см2

2700030000

7080

Мустаҳкамии электрикӣ, кв/мм

2550

2628

     Поливинилхлоридро барои ҳосил намудани чарми сунъӣ, маснуоти изолятсионӣ, аз ҷумла қисми изолятсионии симҳои электирикӣ, линолиум ва болопӯшҳои обногузар истифода мебаранд.

     Полистирол        Полимери шаффофи беранг аст.
     Полистиролро аз стирол бо усули полимеризатсияи радикалӣ ҳосил мекунанд. Зичии миёнаи он ба 1,055 г/см3 баробар буда, массаи молеку лави нисбиаш аз 50000 то 300000 аст.
     Полистирол полимери термопластикиаш баланд мебошад ва аз ин сабаб ба осонӣ ба қолаб рехта мешавад, яъне коркарди технологии он хеле осон аст. Вале ба ин нигоҳ накарда полистирол нуқсонҳо низ дорад, ки доираи истеъмоли онро маҳдуд менамояд. Полистирол мустаҳкамӣ ва гармитобоварии на он қадар баланд дорад.
Аз полистирол масолеҳоти электроизолятсионӣ, пардозу ороишӣ, қубурҳои ба муҳити кислотагӣ тобовар ва ғайра тайёр мекунанд.
    Як намуди бисёр паҳншудаи моддаи пластикие, ки дар асоси поли стирол тайёр карда мешавад, пенополистирол мебошад. Ин моддаи пластикӣ ҳангоми дар ҷараёни реаксияи полимеризатсияи стирол ба он ҳамроҳ намудани моддаҳои кафккунанда ҳосил мешавад. Аз ин сабаб тарки баш дорои миқдори хеле зиёди ҳубобчаҳои ҳаводор мегардад. Бинобар ин пенополистирол хеле сабук буда, масолеҳи гармӣ ва садоногузар аст. Аз ин рӯ, пенополистиролро дар сохтмон, саноати мебел ва техникаи сардкунанда ба кор мебаранд. Вайро барои ҳамлу нақли асбобҳо, озуқа ворӣ ва ғайра истифода мебаранд.

        моддаи сахти шаффоф аст. Зичиаш 1,187 г/см3 аст. Онро аз эфири метилии кислотаи метилакрилат бо усули полимеризатсияи радикалӣ ҳосил мекунанд. Массаи молекулавии нисбиаш аз 200000 то 300000 мебошад.
Ин полимер инчунин бо номҳои шишаи органикӣ ва плексиглас машҳур аст. Барои ба он ранг додан иловаҳои рангдиҳанда ҳамроҳ мекунанд.
     Шишаи органикӣ дар саноати мошинсозӣ, тайёрасозӣ ва киштисозӣ ба сифати мавод васеъ истифода бурда мешавад. Вай инчунин дар масолеҳи оптикӣ, дар техникаи лазерӣ ва ғайра истеъмол мешавад.
     Полимерҳои термореактивӣ. Полимерҳое, ки пас аз сахт шуданашон дигар гудохта намешаванд, полимерҳои термореактивӣ номида мешаванд.
     Зифти фенолформалдеҳидӣ. Ин полимер, чӣ гунае, ки дар боло нишон дода будем, дар натичаи реаксияи поликонденсатсия аз фенол ва формалдегид ҳосил мешавад.
Аз полимери фенолформалдеҳидӣ бо илова намудани пуркунандаҳои гуногун (орди чӯб, матои пахтагӣ, нахи шишагӣ, рангкунандаҳои гуногун ва ғайра) масолеҳҳои фенолформалдеҳидӣ истеҳсол мекунанд, ки онҳоро фенопластҳо меноманд.
     Намудҳои зерини фенопластҳои аз зифтҳои фенолформалдеҳидӣ ҳосилкардашуда мавҷуданд: текстолит, волокнит, гетинакс, стеклопласт ва карболит. Ин фенопластҳо аз ҳамдигар бо таркиб ва хосиятҳояшон фарқ мекунанд. Масалан, гетинакс когазест, ки ба зифти фенолформал деҳидӣ тар карда шуда, сахт карда шудааст. Гетинакс электроизолятори хуб мебошад ва аз ин сабаб дар радио ва электротехника ба сифати маснуоти электроизолятсионӣ васеъ истифода бурда мешавад.
      Стеклопласт бошад, матоъ ва ё нахи шишагинест, ки ба зифти фенолформалдегидӣ тар ва сахт карда шудааст. Ин гуна фенопласт мустаҳкам буда, ба коррозия тобовар аст. Аз стеклопласт қисмҳои калонҳачм (автосистернаҳо, қолаби мошинҳо ва ғайра) сохта мешаванд.







 
 



 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz