Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

f-МЕТАЛЛҲО

     Лантаноидҳо. Ин металлҳо номи умумии лантаноидҳоро доранд ва рақами тартибии онҳо дар системаи даврии элементҳо аз 58 сар шуда, ба 71 поён меёбад. Дар ин элементҳо қабати берунаи электронӣ бетағйир монда, пуршавии пай дар пайи f-қишр ба амал меояд.
     Дар ҳолати озод лантаноидҳо металлҳои хос мебошанд. Оксидҳояшон дар об ҳалнашандаанд, вале онҳо обро ба осонӣ пайваст намуда, ҳидроксидҳо ҳосил мекунанд, ки хусусияти асосӣ дошта дар об кам ҳал мешаванд. Дар бештари пайвастагиҳояшон лантаноидҳо дараҷаи оксидшавии +3 зоҳир менамоянд:

     Лантаноидҳо бо кислотаҳои нитрат, сулфат ва хлорид таъсири мутақобил мекунанд:

    Актиноидҳо. Ба ин металлҳо 14 f-элементе дохил мешаванд, ки дар системаи даврӣ рақамҳои тартибиашон аз 90 сар шуда, ба 103 ба охир мерасад. Дар атомҳои онҳо, чун дар атомҳои лантаноидҳо, қабати берунаи электронӣ бетағйир монда, пуршавии пай дар пайи f-қишр ба амал меояд. Ҳамаи актиноидҳо элементҳои радиоактивианд. Ба ин нигоҳ накарда ҳафт элементи ин гурӯҳ ба миқдори лозимӣ дар шакли озод ва дар намуди пайвастагиҳои гуногун, аз ҷумла оксидҳо, ҳалогенидҳо ва ғайра ҳосил карда шудаанд. Ҳидроксидҳои актиноидҳо Э(ОН)3 хусусияти асосӣ доранд.

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz