Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

ВИТАМИНҲО BA ДИГАР ПАЙВАСТАГИҲОИ ФАЪОЛИ БИОЛОГӢ

     Витаминҳо (аз лотинӣ Vita ҳаёт) пайвастагиҳои хурдмолекулаи органикие мебошанд, ки ҷараёни мӯътадили протсесҳои биохимиявӣ ва физиологии организмро таъмин менамоянд. Витаминҳо аз дигар моддаҳои органикии ғизоӣ бо ду аломати хоси худ фарқ мекунанд: 1. Онҳо ба структураи бофтаҳо дохил намешаванд: 2. Организм онҳоро ба сифати манбаи энергия истифода намебарад.
     Танҳо як қисми ночизи витаминҳо дар организм синтез мешаванд. Аз ин сабаб одам ва ҳайвонот маҷбуранд, ки қисмати бештари витаминҳоро аз берун қабул кунанд. Манбаи асосии витаминҳо барои одам ва ҳайвонот растаниҳо мебошанд. Аз ин рӯ, растаниҳоро ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли витаминҳо дар намуди холис ё омехта истифода меба ранд. Барои организми одам дар як шабонарӯз ҳамагӣ 200250 мг витамин зарур аст, ки ин миқдор витамин ба воситаи гизоҳои гуногун вориди организм мешавад.
     Витаминҳо дар организм бояд ба миқдоре бошанд, ки организм ба онҳо ниёз дорад, на кам ва на беш. Дар ҳолати аз меъёр кам будани витаминҳо организми одам ба бемориҳои авитаминоз гирифтор мегардад, аммо дар ҳолати аз меъёри эътидолӣ зиёд будани витаминҳо орга низми одам ба бемориҳои гиповитаминоз мубтало мегардад.
     Витаминҳо мубодилаи моддаҳоро дар организм на ин ки бевосита, балки ба воситаи системаҳои ферментӣ, ки витаминҳо ҷузъи таркибии онҳоянд, ба танзим медароранд.

Таснифи муосири витаминҳо ҳануз нотамом аст ва ба хосиятҳои физикию химиявӣ, табиати химиявӣ ва ишораҳои ҳарфӣ асос ёфта аст.
Вобаста ба ҳалшавандагӣ витаминҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1. Витаминҳои дар равған ҳалшаванда, 2. Витаминҳои дар об ҳалшаванда.

ВИТАМИНҲОИ ДАР РАВҒАН ҲАЛШАВАНДА
     Витамини А (ретинол). Витамини А дар табиат васеъ паҳн гардида аст. Маҳсулотҳои аз ҳайвонот ҳосилшуда, аз ҷумла чигари чорвои калони шохдор, зардии тухм, шир, чигари моҳӣ ва ғайра бо ин витамин бой мебошанд. Инчунин сабзӣ, занҷабил низ манбаи витамини А мебошанд.
      Ҳангоми норасоии витамини А сабзиши организм суст шуда лоғаршавӣ ва камқувватшавии он, осеби маҳсуси пӯст ва луобпардаҳо, хушкшавии пардаи чашм ба назар мерасад. Нишонаи аввалини норасоии витамини А шабкӯрӣ (дар шаб надидани ашё) мебошад.
     Витамини D (калсиферол). Витамини D аз ҳама бештар дар таркиби маска, зардии тухм, ҷигар, равған ва равғани моҳӣ мавчуд аст.
Ҳангоми норасоии витамини D дар организм чараёни ташаккули устухонҳо халалдор мешавад. Кӯдакон бо сабаби норасоии ин витамин ба касалии рахит гирифтор мегарданд.
     Витамини E (токоферол). Манбаи муҳими витамини E равғанҳои растанӣ (равғанҳои пахта, офтобпараст, чуворимакка ва ғайра), инчу нин карам, галладонаҳо мебошанд. Витамини E дар таркиби маска, зар дии тухм мавчуд аст.
Ҳангоми норасоии витамини E инсон ба бемориҳои безурётӣ, дист рофияи мушакҳо ва дегенератсияи ҳароммагз гирифтор мешавад.
Витамини К. Ба ин гурӯҳ витаминҳои K1 ва K2 мансубанд. Раста ниҳо, аз чумла карам ва каду аз ин витамин бой мебошанд.
Ҳангоми норасоии витамини K дар организм хунравии капиллярӣ, камшавии лахтбандии хун ба назар мерасад.

ВИТАМИНҲОИ ДАР ОБ ҲАЛШАВАНДА
     Витамини B1 (тиамин). Миқдори зиёди витамини B1 дар таркиби ха миртуруш, нони гандуми дуруштордкардашуда, парда ва мағзи ғалла донаҳо, лубиё, нахуд, картошка, сабзӣ, карам мавчуд аст. Аз маҳсулот ҳои ҳайвонотӣ бо витамини В1 ҷигар, гурда ва мағзи сар бой мебошанд.
     Ҳангоми норасоии витамини В1 фаъолияти системаи асаб ва дилу рагҳо, аъзои ҳозима халалдор мешаванд.
     Витамин В2 (рибофлавин). Витамини Вр дар табиат хеле фаровон аст. Вай қариб дар тамоми бофтаҳои ҳайвонот ва наботот мавчуд аст. Аз маводи гизоӣ нони гандуми дуруштордкардашуда, донҳои галладонаҳо, тухми парранда, шир, гӯшт ва сабзавоти тару тоза аз ин витамин бой мебошанд.
    Ҳангоми норасоии витамини В2 харобшавӣ, қатъ шудани сабзиш, афтидани муйҳо, илтиҳоби луобпардаи забон ва лабҳо ва катаракт ба назар мерасанд.

Витамини B6 (пиридоксин)
 

     Витамини B6 дар маводҳои зерини ғизоӣ мавҷуд аст: нон, нахуд, лубиё, картошка, гӯшт, гурда, ҷигар, карам ва сабзӣ.
      Ҳангоми норасоии витамини B6 осеби пӯст ба амал меояд.
    Витамини B12 (кобаламин). Манбаи асосии витамини B12 гӯшт, ҷигар, гурда, моҳӣ, шир ва тухм мебошанд.

      Ҳангоми норасоии ин витамин фаъолият ва функсияи хунҳосилкунӣ ва системаи асаб халалдор шуда, дараҷаи кислотанокии шираи меъда бисёр паст мешавад.
     Витамини PP (кислотаи никотинат, никотинамид). Витамини PP дар таркиби биринҷ, нон, картошка, гӯшт, ҷигар, гурда ва сабзӣ мавҷуд аст.
     Аломатҳои асосии норасоии витамини PP пеллагра (як намуди каса лии пӯст), халалдоршавии системаи асаб ва аъзои ҳозима мебошад.

     Кислотаи фолат. Баргҳои сабзи наботот ва хамиртуруш аз ин витамин бой мебошанд. Кислотаи фолат дар ҷигар, гурда ва гӯшт низ мавҷуд аст.
      Ҳангоми норасоии кислотаи фолат анемияи (камхунии) хос мушоҳи да карда мешавад.
       Кислотаи пантотенат (пантотен, витамини B3).

       Ин витамин дар табиат васеъ паҳн шудааст. Манбаъҳои асосии он ҷигар, зардии тухм, хамиртуруш ва қисми сабзи растаниҳо мебошанд. Кислотаи пантотенатро микрофлораҳои рӯда низ синтез мекунанд.
     Ҳангоми норасоии ин витамин осеби пӯст ва луобпардаҳо, тағйироти дегенеративии системаи асаб, вайроншавии низоми кори дил ва гурдаҳо, берангшавии муйҳо, катъи сабзиш ва харобшавӣ ба мушоҳида мерасад.
       Витамини C (кислотаи аскорбинат).

     Витамини C дар табиат ба таври фаровон вомехӯрад. Манбаи асосии ин витамин сабзавот ва меваҳо мебошанд. Витамини C дар занҷабил, ка рам, картошка, настаран ва хусусан дар меваҳои ситрусӣ хеле зиёд аст.
     Ҳангоми норасоии витамини C харобшавӣ, камқувватӣ, нафасгир шавӣ, дарди дил, дилзанӣ ба назар расида, одам ба касалии синга дучор мешавад. Кариес (пӯсидани дандон) низ метавонад дар асоси норасоии ин витамин инкишоф ёбад.
     Антивитаминҳо ҳаммонандҳои структурии витаминҳо мебошанд. Антивитаминҳо маркази фаъоли ферментро иҳота намуда, ҳосилаҳои витаминҳои мувофиқро аз он танг карда мебароранд. Дар мавриди маз кур антивитаминҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: 1) антивитаминҳое, ки сохташон ба сохти витаминҳои табиӣ монанд буда, таъсирашон дар рақобат бо онҳо асос ёфта аст; 2) антивитаминҳое, ки табиати химиявии витаминҳоро тағйир дода, бо ҳамин роҳ таъсири биологии витаминҳоро суст мекунанд ва ё барҳам медиҳанд.
     Ҳар як витамин антивитамини хос дорад. Масалан, антивитамини тиамин, окситиамин, рибофлавин акрихин, пиридоксин сиклосерин ва кислотаи никотинат изониазид мебошад. Бактерияҳо барои афзоиши худ ба витаминҳо ниёз доранд. Аз ин сабаб антивитаминҳоро ба сифати воситаҳои зиддибактериявӣ истифода бурдан мумкин аст. Масалан, изо ниазид, ки антивитамини кислотаи никотинат мебошад, афзоиши микробактерияҳои силро қатъ мекунад ва аз ин сабаб онро чун воситаи зидди сил истифода бурдан мумкин аст.

     Ҳормонҳо моддаҳои органикие мебошанд, ки онҳоро ҳучайраҳои махсуси ғадудҳои тарашшӯҳи (секретсияи) дохилӣ ҳосил менамоянд ва ба хун ворид шуда ба функсияҳои биологӣ ва мубодилаи моддаҳо таъсири танзимӣ мерасонанд.
Хусусиятҳои хоси таъсири ҳормонҳо аз он иборат аст, ки миқдори ночизи онҳо (10-9 10-12 г.) дорои фаъолияти биологӣ мебошанд.
Аз ҷиҳати химиявӣ ҳамаи ҳормонҳо ҳосилаҳои аминокислотаҳо, сафедаҳо ва моддаҳои табиаташон стероидӣ мебошанд.
Дар айни замон бисёр ҳормонҳо дар намуди холис аз ғадудҳои тарашшӯҳи дохилии ширхӯрҳо ва инсон ҷудо ва ё синтез карда шудаанд.
Хормонҳо аз рӯи ҳосиятҳои химиявӣ ва функсияҳои биологиашон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
1. Ҳормонҳои сафедагӣ (инсулин, ҳормони соматотропӣ, ҳормони гонадотропӣ, ҳормони лютеотропӣ).
2. Ҳормонҳои полипептидӣ (вазопресин, глюкагон, окситотсин).
3. Ҳормонҳои стероидӣ (кортикостерон, гидрокортизон, алдостерон, тестостерон ҳормони мардона, экстрадиол ҳормони занона).
4. Ҳосилаҳои аминокислотаҳо (тироксин, адреналин, норадреналин).
Яке аз ҳормонҳои ҳеле маъмул инсулин мебошад, ки мо бо сохти
химиявии он дар мавзӯи сафедаҳо шинос шуда будем.
Инсулин ба пастшавии гликогенолиз дар чигар ва афзудани табди лоти глюкоза дар ҳуччайраҳои музофотии организм мусоидат мекунад. Ба ғайр аз ин, вай дар синтези кислотаҳои равғанӣ ба таври қатъӣ таъсир карда, инчунин дар мубодилаи аминокислотаҳо нақши муҳим мебозад. Дар иштироки инсулин синтези сафедаҳо меафзояд. Аммо таъсири асосӣ ё худ функсияи муҳимтарини инсулин танзими миқдори қанд дар хун (паст кардани консентратсияи қанд дар хун) мебошад. Хангоми нора соии ин ҳормон консентратсияи қанд дар хун хеле баланд шуда, миқдори гликоген дар бофтаҳо кам мешавад. Дар натичаи норасоии инсулин орга низм ба касалии диабети қанд (касалии қанд) гирифтор мегардад.
Хормони маъмули дигар адреналин мебошад, ки онро ғадудҳои бо лои гурда ҷудо мекунанд:

Адреналин тавассути афзун намудани фаъолияти ферменти глико генфосфорилаза, ки гликогенро дар чигар тачзия мекунад, дар мубодилаи ангиштобҳо фаъолона иштирок менамояд.
Антибиотикҳо (аз юнонӣ анти - зид ва биос - ҳаёт) маҳсули синтези бевоситаи микроорганизмҳо буда, сабзиши бактерия ва дигар микробҳо, инчунин вирусҳо ва ҳучайраҳоро қатъ менамоянд.
Тарзҳои гуногуни таснифи антибиотикҳо маълуманд. Дар аввал ан тибиотикҳоро вобаста ба навъи микроорганизмҳое, ки онҳоро синтез мекунанд, тасниф менамуданд. Вале маълум шуд, ки ҳамон як антибиотикро микроорганизмҳои гуногун ва дар баъзе мавридҳо ҳатто растаниҳои олӣ низ ҷудо мекунанд.
Ҳангоми иҷро намудани тадқиқотҳои микробиологӣ антибиотикҳо ро вобаста ба таъсири зиддимикробиашон тасниф намуданд: а) антибио тикҳое, ки ба бактерияҳои граммусбат таъсир мекунанд ва б) антибио тикҳое, ки ба бактерияҳои грамманфӣ таъсир мекунанд.
Таснифи химиявии антибиотикҳо бошад ба мавчудияти гурӯҳҳои функсионалӣ асос ёфта аст. Мувофиқи ин тасниф антибиотикҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
• антибиотикҳои қатори алисиклӣ (гурӯҳи тетратсиклинҳо ва ҳам монандҳои синтетикӣ ва нимсинтетикии онҳо);
• антибиотикҳои қатори ароматӣ (гурӯҳи левомитсетин);
• антибиотикҳои сохташон ҳетеросиклӣ (пенитсиллинҳо);
• антибиотикҳои гликозидӣ (стрептомитсинҳо);
• антибиотикҳои дорои таъсири зиддиомосӣ (антратсиклинҳо);
• антибиотикҳои полипептидӣ (грамитсидинӣ).

      Дарачаи баланди самаранокии антибиотикҳо чун маводи доруворӣ ба истифодаи васеи онҳо дар тиб, байторӣ оварда расонд, ки дар натичаи он истеҳсолоти хеле калони саноатии антибиотикҳо ба вучуд омад.
       Тарзҳои ҳосил намудани антибиотикҳоро ба се гурӯҳ чудо кардан мумкин аст:
       1. Синтези микробиологӣ, ки ба фаъолияти занбурӯгҳо асос ёфтааст (бо ин роҳ антибиотикҳои қатори тетрасиклин, пенитсилин, антибиотик ҳои гликозидӣ ҳосил карда мешаванд).
       2. Синтези химиявӣ аз моддаҳои соддаи органикӣ (бо ин тарз антибиотикҳое, ки сохташон на он қадар мураккаб аст, масалан, левомитсе тин, ҳосил карда мешаванд).
     3. Пайванди синтези микробиологӣ ва химиявӣ. Бо роҳи табдилдиҳии молекулаҳои антибиотикҳои табиӣ антибиотикҳои нимсинтезӣ ҳосил мекунанд.
     Пеститсидҳо моддаҳои заҳрноке мебошанд, ки дар мубориза ба му қобили микроорганизмҳо, растаниҳо ва ҳайвоноти зарарнок истифода мешаванд. Пеститсидҳо бо таъсири хосашон муайян карда мешаванд ва ба якчанд гурӯҳҳо тақсим мешаванд.
     Инсектитсидҳо моддаҳои заҳрноке мебошанд, ки барои нест наму дани ҳашароти зараровар истифода бурда мешаванд.
     Гербитсидҳо моддаҳое мебошанд, ки барои нест намудани растаниҳои зарарнок истифода бурда мешаванд.
     Фунгитсидҳо моддаҳое мебошанд, ки ба муқобили касалиҳои занбурӯғӣ истифода мешаванд.
     Бактеритсидҳо моддаҳое мебошанд, ки ба муқобили барангезандагони касалиҳои бактериалӣ истифода бурда мешаванд.

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz