|
| ||||||||||
► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор
►
Аминҳо
► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ
► Амидҳо:сохт, истеҳсол ва хосиятҳои онҳо ► Аминокислотаҳо ► Намунаҳои ҳалли мисол ва масъалаҳо ► Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор ► Савол ва супоришҳо ва таҷрибаҳои лабораторӣ ► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо
►
Мафҳум дар бораи пайвастагиҳои калонмолекула
► Методҳои асосии синтези полимерҳо ► Полимеризатсия ► Моддаҳои пластикӣ ► Каучукҳои синтезӣ ► Нахҳои синтезӣ ► Саволҳо ва таҷрибаҳои лабораторӣ ► Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ
►
Нуқтаҳои асосии назарияи сохти химиявӣ
► Намудҳои изомерия ► ӣзомерияи структурӣ ► ӣзомерияи занҷири атомҳои карбон ► ӣзомерияи ҳолати бандҳои дучанда ва сечанда дар молекула ► ӣзомерияи ҳолати гурӯҳҳои функсионалӣ ё атомҳои алоҳида дар молекула ► ӣзомерияе, ки ба пайвастагиҳои органикии дар таркиби молекулаашон ҳалқаи бензолӣ дошта хос аст ► ӣзомерияи фазоӣ ё стереоизомерия ► Табиати электронии банди химиявӣ ► Синтезҳои муҳими саноатӣ дар асоси коркарди нафт ва дигар ашёҳои карбоҳидрогенӣ ► Намунаи ҳалли масъалаҳо ва саволҳо барои ҷавоб ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Тавсифи ҳолати электронҳо дар атом дар асоси механикаи квантӣ
► Системаи даврии муосири элементҳои химиявӣ ► Мавқеи лантаноидҳо ва актиноидҳо дар системаи даврии элементҳои химиявӣ ► Валентнокӣ ва имкониятҳои валентии атомҳо ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаи ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Навъҳои асосии банди химиявӣ ► Сохти фазоии молекулаи моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ ► Навъҳои панҷараҳои кристаллӣ ва хосияти моддаҳо ► Пайвастагиҳои комплексӣ ► Ададҳои координатсионӣ ► Системаҳои дисперсӣ ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаҳои ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ
►
Қонуни бақои массаи моддаҳо. Қонуни Бақои масса табдили энергия дар реаксияҳои химиявӣ ► Таснифи реаксияҳои химиявӣ ► Суръати реаксияҳои химиявӣ ► Қонуни таъсири масса. Собити мувозинат ► Принсипи Ле-Шателе. Лағжиши мувозинати химиявӣ ► Катализ ва гидролиз ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаҳои ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона |
d-МЕТАЛЛҲО
Дар қабати берунаи электронии d-металлҳо, асосан, ду электрон дар s-қишр
мавҷуд буда, d-қишри қабати пешинаи электрони онҳо пай дар пай пур карда
мешавад. Вале дар баъзе элементҳо ҳодисаи «афтиши» электрон мушоҳида
мегардад. Ин ҳодиса аз он иборат аст, ки яке аз
электронҳо аз s-қишри қабати беруна ба d-қишри қабати дохилӣ мегузарад
ва дар натиҷа дар s-қишри қабати беруна як электрон боқӣ мемонад.
Титан бо кислотаи сулфат таъсири мутақобил мекунад ва маҳсули реаксия аз консентратсияи кислота ва ҳарорати реаксия вобаста аст:
Сирконий
Zr. Конфигуратсияи ду қабати охирини электронии сирко ний 4s24p64d25s2
мебошад. Сирконий, чун титан, нисбати коррозия устувории ниҳоят баланд
зоҳир менамояд ва дар ишқорҳо, кислотаҳои сулфат ва хлорид ҳал намешавад.
d-Металлҳои гурӯҳи 6-уми системаи даврӣ.
Ба ин гурӯҳ металлҳои хром, молибден, волфрам ва сиборгий дохил мешаванд.
Онҳо, ба истиснои хром, дар қабати берунаи электронӣ ду электрон дар s-қишр
дошта, дар қабати поёнтар аз қабати берунаи электронӣ дувоздаҳ электрон
доранд, ки аз ин электронҳо чортояш дар d-қишр ҷойгиранд. Хром дар
қабати берунаи электрониаш як электрон дар s-қишр
дошта, дар қабати поёнтар аз қабати берунаи электрониаш сенздаҳ электрон
дорад, ки аз ин электронҳо панҷтояш дар d-қишр ҷойгиранд. Дараҷаи олии
оксидшавии элементҳои ин гурӯҳ +6 мебошад.
Кислотаи
консентронидаи нитрат пардаи оксидии хромро мустаҳкам менамояд. Аз ин
сабаб хром дар он ҳал намешавад ва пас аз коркарди хром бо кислотаи
консентронидаи нитрат вай нофаъол мегардад.
Ҳамаи пайвастагиҳои хром (VI) оксидкунандаҳои қавӣ мебошанд:
Молибден Mo. Конфигуратсияи ду қабати охирини электронии молибден 4s24p64d55s1
мебошад. Молибден металли нуқраранг аст.
Кислотаҳои хлорид ва сулфати консентратсияашон паст дар ҳарорати
мӯътадил ба молибден таъсир намекунанд. Молибден бо кислотаи нитрат ва
кислотаи консентронидаи сулфати тафсон таъсири мутақобил мекунад.
Дар об оҳан занг мезанад. Агар дар дохили об ба оҳан оксиген дастрас бошад, он гоҳ ҳидроксиди оҳан ҳосил мешавад:
Дар ҳарорати баланд оҳан бо об ба реаксия дохил шуда, ҳидрогенро хориҷ менамояд:
Оҳан бо кислотаи хлорид ҳама вақт бо хориҷ намудани ҳидроген таъсири мутақобил мекунад:
Ҳамин тарз оҳан бо кислотаи сулфати консентратсияаш паст таъсири мутақобил мекунад:
Оҳан бо кислотаи консентронидаи сулфат бо хориҷ намудани SO2 ба реаксия дохил мешавад:
Вале кислотаи 100 %-и сулфат оҳанро нофаъол мекунад. Бо кислотаи нитрати консентратсияаш паст ва ё на он қадар баланд оҳан бо хориҷ намудани NO таъсири мутақобил мекунад:
Кислотаи консентронидаи нитрат оҳанро нофаъол мекунад.
ки дар ин ҷо n - рақами қабати
берунаи электронии элемент мебошад.
Ҳангоми гарм кардан бо сулфур низ ба реаксия дохил мешавад:
Мис бо ҳалогенҳо дар ҳарорати мӯътадил таъсири мутақобил мекунад:
Кислотаҳои сулфат ва хлориди консентратсияашон паст ба мис таъсир намекунанд, вале дар иштироки оксиген ин кислотаҳо бо мис ба реаксия дохил мешаванд:
Мис бо
кислотаҳои консентронидаи нитрат ва сулфат низ ба реаксия дохил мешавад.
Тилло Au. Тилло аз назари химиявӣ нисбат ба нуқра камфаъолтар аст. Онро ҳатто сахт гарм кунем ҳам, дар ҳаво тағйир намеёбад. Кислотаҳо ба тилло таъсир намекунанд. Тилло танҳо дар омехтаи муайяни кислотаҳои нитрат ва хлорид (шароби шоҳ) ҳал мешавад:
d-Металлҳои гурӯҳи 12-юми системаи даврӣ. Металлҳои ин гурӯҳ руҳ, кадмий ва симоб мебошанд. Конфигуратсияи ду қабати охирини электронии ин элементҳо шакли умумии зеринро дорад:
ки дар ин ҷо n - рақами қабати
берунаи электронии элемент аст.
Об ба руҳ қариб таъсир намекунад, зеро ки ҳидроксиди ҳосилшуда
дар об ҳалнашаванда аст ва он ба гузаштани реаксия монеъ мешавад.
Омехтаи хокаи руҳ ва сулфур бо таркиш ба реаксия дохил мешаванд:
Руҳ бо кислотаҳои консентратсияашон паст ҳама вақт таъсири мутақобил мекунад:
Руҳ барқароркунандаи қавӣ мебошад. Вай бисёр металлҳои дувалентаро аз намакҳояшон берун карда метавонад:
Ҳангоми таъсири мутақобили руҳ бо кислотаи сероби нитрат, руҳ нитрогенро то нитрати аммоний барқарор мекунад:
Руҳ металли амфотерӣ аст ва бинобар ин вай дар ишқорҳо бо ҳосил намудани руҳатҳо (синкатҳо) ва ҳидроксоруҳатҳо ҳал мешавад:
Кадмий Cd. Бо хусусиятҳои асосиаш кадмий ба руҳ монанд аст,
вале бар хилофи руҳ кадмий хосияти амфотерӣ надорад.
Симоб бо оксиген дар ҳарорати бисёр баланд ба реаксия дохил мешавад:
Дар ҳамаи пайвастагиҳои симоб (I) атомҳои симоб бо ҳам пайвастанд ва аз ҳамин сабаб симоб дар ин пайвастагиҳояш дувалента мебошад:
Яке аз хусусиятҳои симоб аз он иборат аст, ки вай ҳаргиз ҳидроксидҳо ҳосил намекунад. Ҳатто ҳангоми таъсири ишқорҳо ба маҳлули намакҳои симоб (I) таҳшинии оксиди симоб (I) ҳосил мешавад:
|
||||||||||
DIAMOND © Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз
карда шудаанд
|