Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

КИСЛОТАҲОИ НУКЛЕИНӢ

     To солҳои 50уми асри XX дар илм ақидае ҳукмфармо буд, ки мувофиқи он унсурҳои асосии ҳаёт сафедаҳо ҳисобида мешуданд ва танҳо онҳо гӯё суръати реаксияҳои дар организми зинда ҷойдоштаро идора менамуданд, кашишҳои мушакҳоро таъмин мекарданд ва дар гузаронидани аломатҳои ирсӣ иштирок доштанд. Аммо солҳои охир муайян карда шуд, ки нақши асосиро дар ин равандҳо на сафедаҳо, балки кислотаҳои нуклеинӣ иҷро мекунанд.
   Кислотаҳои нуклеинӣ моддаҳои калонмолекула мебошанд. Мономерҳои онҳо нуклеотидҳо ном доранд. Кислотаҳои нуклеинӣ бо хусуси ятҳои физикию химиявӣ ва биологии худ аз сафедаҳо фарқ мекунанд.
      Ҳидролизи кислотаҳои нуклеинӣ ба таври зайл мегузарад:

     Вобаста ба табиати карбоҳидрат кислотаҳои нуклеинӣ ба кислотаҳои дезоксирибонуклеинӣ (КДН) ва кислотаҳои рибонуклеинӣ (КРН) чудо мешаванд.
     Карбоҳидрати КДН 2-дезокси-D-рибоза, вале аз КРН D-рибоза мебошад:

     Ҳар ду навъи кислотаҳои нуклеинӣ дар таркиби организмҳои зинда мавҷуданд. Вале танҳо вирусҳо дар таркибашон як намуди кислотаҳои нуклеиниро доранд. Сохти чузъи силсилаи (занҷири) кислотаи дезоксирибонуклеинӣ чунин аст:

 

     Дар таркиби кислотаҳои нуклеинӣ ба сифати асосҳои нитрогенӣ ҳосилаҳои пурин (аденин ва гуанин) ва пиримидин (уратсил, ситозин ва тимин) мавчуд мебошанд.
     Пайвастагиҳое, ки аз асосҳои нитрогенӣ ва боқимондаи карбоҳидрат иборатанд, нуклеозидҳо номида мешаванд.
Ҳосилаҳои фосфории нуклеозидҳоро нуклеотидҳо меноманд.
     Нуклеотидҳо бо табиати чузъҳои нитрогении худ низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ба таркиби ҳар як кислотаи нуклеинии табиӣ 45 навъи нуклеотидҳо дохил мешаванд.
     Омӯзиши кислотаҳои нуклеинӣ нишон дод, ки дар онҳо ҳамаи бандҳои байнинуклеотидӣ якранганд. Ин бандҳо аз ҳисоби пайдо шудани пули фосфорӣ дар байни ҳидроксилҳои сеюм ва панчуми ҷузъҳои карбоҳид ратии ду боқимондаи нуклеотидии ҳамсоя ба вучуд меоянд. Ҳамин тавр, кислотаи фосфат (ба чуз боқимондаҳои канорӣ) ду банди эфирӣ дорад. Занҷирҳои кислотаҳои нуклеинӣ шохадор намешаванд.
     Кислотаҳои нуклеинӣ дар табиат аз ҳамаи моддаҳои дигар дида массаи молекулавии калонтар доранд. Молекулаи онҳо аз даҳҳо ҳазор ва баъзан аз миллионҳо нуклеотидҳо иборатанд.
     Омӯзиши табиати кислотаҳои нуклеинӣ нишон дод, ки онҳо аз назари химиявӣ ва биологӣ якранг нестанд ва ҳар як организм дорои кислотаи нуклеинии ба худ хос мебошад. Таносуби нуклеотидҳо дар кислотаҳои нуклеинии намудҳои гуногун фарқ мекунад. Сохти молекулавии занҷирҳои КДН барои ҳамаи намудҳои мавчудоти зинда шакли ягона дорад.
     Мувофиқи тасаввуроти муосир молекулаҳои КДН аз ду занҷири полидезоксирибонуклеотидии шакли спиралӣ дошта иборат аст, ки онҳо дар атрофи тири умумӣ тоб хӯрдаанд. Ин ду занҷир бо ҳамдигар бо ёрии бандҳои ҳидрогение, ки дар байни асосҳои нитрогении занҷирҳо ҳосил шуданд, пайваст мебошанд. Чун қоида асосҳо ба тарафи дохили спирал нигаронида шудаанд. Ба ҳар як асоси пуринии як занҷир асоси пирими динии занҷири дигар мувофиқ меояд ва баръакс. Асосҳои ба ҳам муво фиқ омадаи ду занҷири молекулаи КДН, ки бо ҳамдигар ба воситаи банди ҳидрогенӣ пайваст мебошанд, асосҳои комплементарӣ ё пуркунандаи якдигар номида мешаванд. Пай дар пайии асосҳои як занҷир пай дар пайии асосҳои занҷири дигарро пурра муайян менамояд: ба аденин тимин, ба гуанин ситозин, ба тимин аденин ва ба ситозин гуанин рост меояд. Илова бар ин занҷирҳои молекулаи КДН низ нисбати якдигар комплементарӣ ҳисобида мешаванд.
     Агар ду занҷири бо бандҳои ҳидрогенӣ пайвасти молекулаҳои КДН ро чудо кунем, он гоҳ дар сатҳи ҳар як қисми чудошуда занҷире, ки он ба қисми додашуда комплементарӣ аст, ҳосил мешавад. Агар ин ҳодиса рух диҳад, он гоҳ ба чои як молекулаи КДН ду молекулаи ба он пурра монанд, ҳосил мешавад, яъне дучандшавии молекулаи КДН ба амал меояд.



 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz