Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

ПРИНСИПИ ЛЕШАТЕЛЕ. ЛАҒЖИШИ МУВ03ИНАТИ ХИМИЯВИ

     Ҳар як ҳолати мувозинати химиявии система бо бузургиҳои зерин тавсиф карда мешавад: ҳарорат, фишор ва консентратсияи моддаҳо. Агар бо таъсири муҳити беруна яке аз ин бузургиҳо тағйир ёбад, он гоҳ система аз ҳолати мувозинати химиявӣ мебарояд. Дар система суръати реаксияҳои рост ва чап гуногун мешаванд ва бо ин роҳ система ба ҳолати дигари мувози натӣ мегузарад. Табиати таъсири муҳити берунаро ба система дониста, лаг жиши мувозинати системаро муайян кардан мумкин аст. Қонуне, ки ин лағжишро муайян менамояд, принсипи Ле- Шателе меноманд. Ин қонун дар соли 1884 аз тарафи олими фаронсавӣ Ле-Шателе дар намуди умумӣ баён шуда, ҳамон сол аз тарафи олими ҳолландӣ Вант-Гофф бо таҷриба ва соли 1887 аз тарафи олими олмонӣ Браун бо усули термодинамикӣ исбот шуда буд. Барои ҳамин онро принсипи Ле-Шателе-Вант-Гофф-Браун ё кӯтоҳ карда, принсипи Ле-Шателе меноманд. Принсипи Ле-Шателе қонуни бисёр умдаи табиат аст. Вай на танҳо барои системаҳои химиявӣ, балки барои ҳамаи системаҳои мураккаби физикию биологӣ ва ҳатто ҷамъятию сиёсӣ низ ҷой дорад. Таърифи принсипи Ле-Шателе чунин аст:
     Arap ба системае, ки дар ҳолати мувозинатӣ қарор дорад, таъсири беруна расонем, он гоҳ лағжиши система аз ҳолати мувозинатӣ ба самти суст намудани таъсири беруна майл мекунад.
    Таъсири тағйирёбии ҳарорат. Дар ҳамаи реаксияҳои баргарданда агар реаксияи рост экзотермӣ бошад, реаксияи чап ҳатман эндотермӣ мешавад ва ё баръакс.
    Масалан, дар реаксияи синтези аммиак, ки бо муодилаи зерин инъикос меёбад,

реаксияи рост экзотермӣ буда, реаксияи чап эндотермӣ мебошад.

      Акнун мебинем, ки ҳангоми тағйир додани ҳарорат ҳолати мувозинати система ба кадом самт тағйир меёбад. Агар ҳарорати системаро баланд кунем, он гоҳ мувофиқи принсипи Ле-Шателе система ҳаракат мекунад, ки ҳарорати худро паст намуда, таъсири баландшавии ҳароратро кам кунад. Яъне, дар система реаксияҳои эндотермӣ афзалият меёбанд. Ва агар, мувофиқан, ҳарорати системаро паст кунем, дар система реаксияҳои экзотермӣ афзалият пайдо менамоянд.
    Ҳангоми афзудани ҳарорат лағжиши мувозинати химиявӣ ба самти реаксияи эндотермӣ, вале дар вақти пастшавии ҳарорат ба самти реаксияи экзотермӣ майл мекунад.
   Таъсири тағйирёбии фишор. Ҳангоми баланд бардоштани фишори система, лағжиши система аз ҳолати мувозинати ба ҳамон самт равона мегардад, ки он ба паст шудани фишор мусоидат кунад. Дар системаи газӣ фишори системаро танҳо бо кам намудани миқдори моддаҳои система паст намудан мумкин аст, зеро ҳаҷми система ва ҳарорати он дар мавриди додашуда доимианд. Ҳамин тавр, агар фишори системаро баланд кунем, дар система реаксияе афзалият меёбад, ки дар натиҷаи он моддаҳои миқдорашон кам ҳосил мешаванд. Ва баръакс, агар фишори системаро паст кунем, реаксияе афзалият меёбад, ки дар натиҷаи он моддаҳои миқдорашон зиёд ҳосил мешаванд. Таъсири фишорро ба реаксияи зерин мебинем:

      Дар реаксияи рост аз се мол модда (2 мол NO ва як мол O2) ду мол модда(N02) ҳосил мешавад. Дар реаксияи чап бошад, баръакс аз ду мол модда(N02) се мол модда(2 мол NO ва як мол O2) ҳосил мешавад. Фарз мекунем, ки система дар фишору ҳарорати додашуда дар ҳолати мувозинати химиявӣ қарор дорад. Агар фишори ин гуна системаро нисбат ба фишори додашуда баланд кунем, он гоҳ дар система реаксияи ҳосилшавии NO2 афзалият пайдо мекунад, зеро он ба пастшавии фишори система мусоидат мекунад. Агар фишори системаро нисбат ба фишори додашуда паст кунем, он гоҳ дар система реаксияи чап, яъне реаксияи ҳосилшавии NO ва O2 афзалият пайдо менамояд, зеро дар ин ҳолат миқдори моддаҳои система меафзояд ва ин ба баландшавии фишори система мусоидат мекунад.
     Дар вақти афзудани фишори система лағжиши мувозинат ба самти ҳосилшавии миқдори камтари моддаҳо майл мекунад.
    Дар вақти камшавии фишори система, лағжиши мувозинат ба самти ҳосилшавии миқдори бештари моддаҳо майл мекунад.

    Аз ин сабаб, барои реаксияҳое, ки дар онҳо дар натиҷаи реаксия миқдори моддаҳо тағйир намеёбад, тағйирёбии фишор таъсир надорад. Масалан, барои реаксияи зерин:

тағйирёбии фишор таъсир намерасонад.
    Таъсири тағйирёбии консентратсияи яке аз моддаҳои система. Дар асоси қонуни асосии кинетикаи химиявӣ шумо таъсири ин гуна тағйирёбиро ба ҳолати мувозинатии система муайян карда метавонед. Фарз мекунем, ки система дар ҳолати мувозинати химиявӣ аст ва консентратсияҳои мувозинатии моддаҳои он қиматҳои муайян доранд. Агар консентратсияи яке аз моддаҳои ба реаксия доҳилшавандаро зиёд намоем, он гоҳ суръати реаксияи рост меафзояд зеро вай ба камшавии консентратсияи моддаи иловашуда меорад. Яъне, система мувофиқи принсипи Ле-Шателе барои кам намудани таъсири беруна ҳаракат мекунад. Агар консентратсияи яке аз моддаҳои ба реаксия дохилшаванда кам карда шавад, он гоҳ суръати реаксияи чап зиёд мешавад ва дар натиҷа консентратсияи ин модда меафзояд.
    Дар вақти афзудани консентратсияи яке аз моддаҳои система лағжиши мувозинат ба тарафи камшавии ин модда майл мекунад.
    Дар вақти кам шудани консентратсияи яке аз моддаҳои система лағжиши мувозинат ба тарафи афзудани ин модда майл мекунад.




 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz