Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

ХӮЛАҲО. ТАТБИҚИ МЕТАЛЛҲО

      Хӯлаҳо − ин системаҳое мебошанд, ки аз ду ё якчанд металл ва ё аз ду ё якчанд металл ва ғайриметалл иборатанд ва дорои хосияти металлӣ мебошанд. Таснифи ягонаи хӯлаҳо вуҷуд надорад. Хӯлаҳоро аз рӯи аломатҳои зерин тавсиф мекунанд:
      1) миқдори ҷузъҳои хӯла (дуҷузъа, сеҷузъа ва ғайра);
      2) сохти хӯла (ҳомогенӣ, ҳетерогенӣ, пайвастагиҳои сиклӣ);
      3) сифати металл: сиёҳ, (хӯлаҳои оҳан), ранга (хӯлаҳои алюминий, мис, никел ва ғайра);
      4) хусусиятҳои хос (душворгудоз, тезгудоз, сахт, ба гармӣ тобовар ва ғайра);
      5) аломатҳои технологӣ (рехта, деформатсияшаванда ва ғайра).
      Металлҳо бештар дар шакли хӯлаҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ҷадвали 6 доираи татбиқи баъзе металлҳо ва хӯлаҳои онҳо нишон дода шудааст.



 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz