Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

ТАВСИФИ МЕТАЛЛҲО

     Шумо аллакай медонед, ки элементҳои химиявӣ ба ду гурӯҳи калон металлҳо ва ғайриметаллҳо ҷудо мешаванд. Бо хосиятҳои химиявии ғайриметаллҳо шумо шинос шудед. Акнун бо хосиятҳои химиявии металлҳо шинос мешавем.
     Ба металлҳо элементҳое, ки моддаҳои соддаи онҳо дорои электронҳои озод мебошанд, дохил мешаванд. Аз ин сабаб металлҳо қобилияти баланди электргузаронӣ ва гармигузаронӣ доранд. Дар баробари ин ба металлҳо хусусияти пластикӣ, ношаффофӣ ва тобиши металлӣ хос аст.
    Умумияти хосиятҳои химиявии металлҳо ба сохти атомии онҳо марбут аст. Азбаски андозаи атомҳои металлҳо нисбат ба андозаи атомҳои ғайриметаллҳо калонтар аст, бинобар ин электронҳои қабати берунаи электрониашон аз ядроҳои онҳо дар масофаҳои ба қадри кофӣ дур ҷойгир шудаанд ва бо ядро сусттар ҷазб мешаванд. Маҳз бо ин сабаб атомҳои металлҳо электронҳои валентиашонро ба осонӣ медиҳанд ва ба ионҳои мусбатзаряд табдил меёбанд.
   Металлҳои озод, чун қоида, барқароркунанда мебошанд. Қобилияти барқароркунандагии металлҳо дар реаксияҳо ба мавқеъи онҳо дар қатори электрохимиявии шиддат алоқаманд аст. Қобилияти барқароркунандагии металлҳо дар қатори электрохимиявии шиддат аз тарафи рост ба чап меафзояд:

    Металлҳо ҳангоми таъсири мутақобил бо оксидкунандаҳо қобилияти оксидшавӣ доранд ва хусусияти таъсири мутақобил ҳам аз қобилияти барқароркунандагии металл ва ҳам аз қобилияти оксидкунандагии оксидкунанда вобаста аст. Масалан, реаксияҳои металлҳо бо ҳалогенҳо бо хориҷшавии миқдори зиёди гармӣ мегузарад:

    Оксиген нисбат ба ҳалогенҳо оксидкунандаи пурқувваттар аст. Аз ин сабаб дар ҳарорати мӯътадил бо онҳо танҳо металлҳои фаъол, аз қабили литий, калий, калсий ва натрий, таъсири мутақобил мекунанд. Металлҳои боқимонда бошанд, дар ҳарорати мӯътадил бо оксиген хеле суст, вале ҳангоми гарм кардан хеле фаъол ба реаксия дохил мешаванд:

     Баъзе металлҳо, масалан нуқра, платина, палладий ва тилло, бо оксиген ба реаксия дохил намешаванд.
     Барқароркунандагони фаъолтарин Li, К, Са ва Na мебошанд, ки онҳо ҳидрогенро то дараҷаи 1 барқарор намуда, ҳидридҳоро ҳосил мекунанд:

     Хусусияти таъсири мутақобили металлҳо бо об низ аз мақоми металл дар қатори электрохимиявии шиддат вобаста аст.
    Бо об танҳо он металлҳо таъсири мутақобил мекунанд, ки дар қатори электрохимиявии шиддат то манган ҷойгир шудаанд. Дар натиҷаи таъсири ин металлҳо ҳидроген хориҷ шуда, ишқор ҳосил мешавад:

     Металлҳое, ки дар қатори электрохимиявии шиддат то ҳидроген ҷойгир шудаанд, бо кислотаҳо ба реаксия дохил шуда, ҳидрогенро хориҷ менамоянд:

    Металлҳое, ки дар қатори электрохимиявии шиддат пас аз ҳидроген ҷойгир шудаанд, бо кислотаҳои консентратсиашон паст, ба истиснои кислотаҳои нитрат ва сулфат, таъсири мутақобил намекунанд. Кислотаҳои нитрат ва сулфати консентратсияашон паст ё баланд ҳангоми таъсири мутақобил бо чунин металлҳо қобилияти оксидкунандагӣ зоҳир менамоянд:

   Металлҳо бо намакҳо ба реаксияи мубодилаи ионӣ дохил шуда, дар ин сурат металлҳои дар қатори электрохимиявии шиддат аз онҳо росттар ҷойгирбударо аз намакҳояшон фишурда мебароранд:






 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz