Ба саволҳо ҷавоб диҳед
1. Моҳияти намудҳои асосии
бандҳои химиявиро маънидод намуда, вобастагии хосияти моддаҳоро аз
сохташон шарҳ диҳед.
2. Моддаҳои зерин дода шудаанд: хлориди калий, ҳидрогенхлорид, оксиген,
этанол. Ин моддаҳо аз рӯи сохт ва намуди банд чӣ гуна фарқ мекунанд?
3. Якчанд моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикиро номбар кунед, ки бандҳои
ковалентии онҳо дар асоси sp-, sp2-, sр3-ҳибридшавӣ
ҳосил мешаванд.
4. Аз рӯи сохт молекулаҳои метан, аммиак ва об чӣ умумият ва чӣ фарқият
доранд?
5. Бо мисолҳо вобастагии хосияти моддаро аз навъи панҷараи кристалии он
шарҳ диҳед.
6. Барои системаи дисперсӣ мисолҳо биёред ва хосиятҳои монанд ва
фарқкунандаи онҳоро нишон диҳед.
7. Кадом маҳлулҳо ба маҳлулҳои коллоидӣ мансубанд? Онҳо аз маҳлулҳои
ҳақиқӣ чӣ гуна фарқ мекунанд?
8. Маҳлулҳои коллоидӣ чӣ аҳамият доранд?
Намунаҳои ҳалли масъалаҳо
1.
27,8 г кристаллоҳидрати сулфати оҳан (II)-ро
(FeSO4 х 7Н2О) дар чӣ
қадар об ҳал намоем, то ин ки маҳлули 3,8% сулфати оҳан (II) ҳосил шавад?
Ҳал. Барои ҳалли ин масъала мо аввал массаи намаки беоб,
яъне сулфати оҳан (II)-ро
дар кристаллоҳидрат, муайян мекунем:
Ҷавоб: 372,2 г об.
2. Ҳангоми ҳал кардани нуқра дар
кислотаи нитрати 53%-а, ҳиссаи массавии
кислота то 46% кам шуд. Дар маҳлули ҳосилшуда мисро ҳал намуданд. Ҳиссаи
массаи кислота то 39% кам шуд. Ҳиссаи намакҳо
дар маҳлули ҳосил шуда бо ҳисоби фоиз муайян карда шаванд?
Ҳал: Чӣ хеле ки аз шарти масъала аён аст, ҳиссаи массаҳо
бо фоиз дода шудаанд. Муодилаи реаксияи ҳалшавии нуқраро дар кислотаи
53%-аи нитрат менависем ва миқдори моддаи AgPO
бо х ишора намуда, миқдори кислота ва гази оксиди нитрогенро ба воситаи
х ифода мекунем. Массаи маҳлули кислотаи 53%-ро
бо у ишора мекунем:
Ҳамин тавр, мо муодилаи реаксияи ҳалшавии мисро дар HNO3-и
боқимонда менависем, миқдори мисро бо Z ишора намуда, миқдори моддаҳои
боқимондаро низ бо Z ифода мекунем: