Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

МАФҲУМ ДАР БОРАИ ПАЙВАСТАГИҲОИ КАЛОНМОЛЕКУЛА

     Пайвастагиҳои химиявие, ки молекулаашон аз миқдори зиёди гурӯҳҳои такроршавандаи атомҳо (мономерҳо) таркиб ёфтааст, пайвастагиҳои калонмолекула ё полимерҳо (аз калимаи юнонии «поли»бисёр, «мерос»қисм) номида мешаванд.
       Моддаҳоеро, ки аз онҳо полимер ҳосил мекунанд, мономерҳо ва молекулаҳои полимерҳоро макромолекулаҳо (юнонӣ, «макрос» калон, дароз) меноманд. Гурӯҳи атомҳои дар макромолекула такроршавандаро ҷузъи структурӣ меноманд. Масалан, ҷузъҳои структурии полиэтилен ва полипропилен чунинанд:

     Шумораи ҷузъҳои структуриро дар полимер дараҷаи полимеризатсия меноманд ва бо n ишора мекунанд. Массаи молекулавии полимер Mn ба ҳосили зарби дарачаи полимеризатсия п ва массаи молекулавии як ҷузъи структурӣ (Мҷс) баробар аст:

Mn=n*Мҷс

     Азбаски ҳосил намудани полимери макромолекулааш дарозии муайяндошта имконпазир нест, дарачаи полимеризатсия қиммати дақиқ надорад. Масалан, дар вақти полимеризатсияи этилен макромолекулаҳое ҳосил мешаванд, ки дар онҳо адади п аз 300 то 100000 тағйир меёбад. Аз ин сабаб, агар сухан дар бораи массаи молии нисбии полимери додашуда равад, массаи молии нисбии миёнаи он дар назар дошта мешавад.
Полимерҳое, ки молекулаашон аз мономерҳои якхела таркиб ёфтааст, ҳомополимерҳо, вале полимерҳое, ки аз мономерҳои гуногун иборатанд, ҳетерополимерҳо номида мешаванд.
       Полимерҳо вобаста ба шакл ва сохти макромолекулаҳояшон хаттӣ, шохадор ва фазоӣ мешаванд.
      Полимерҳои хаттӣ полимерҳое мебошанд, ки ҷузъҳои структурии макромолекулаҳои онҳо ба ҳамдигар пай дар пай пайваст шуда як хатро ташкил мекунанд. Полиэтилен ва полипропилен намунаи полимерҳои хаттӣ мебошанд.
Полимерҳои шохадор полимерҳое мебошанд, ки ҷузъҳои структурии онҳо дар якчанд самт ба ҳам пайваст шуда, шакли геометрие ҳосил мекунанд, ки шохи дарахтро ба хотир меорад. Крахмал намояндаи полимерҳои шохадор мебошад.
    Полимерҳои фазоӣ полимерҳое мебошанд, ки макромолекулаҳои хаттии онҳо бо ҳамдигар бо ёрии бандҳои химиявӣ пайваст мебошанд. Намунаи чунин полимерҳои фазоӣ каучуки вулканизатсияшуда аст.
    Вобаста ба тартиби ҷойгиршавии радикалҳо дар занҷири карбонӣ полимерҳоро инчунин ба полимерҳои муназзам ва номуназзам ҷудо менамоянд. Дар раванди полимеризатсияи пропилен мумкин аст, полимери сохташ стереономуназзам ҳосил шавад:
    Сохти полимер барои он стереономуназзам номида мешавад, ки радикалҳои CH3 дар ин ва он тарафи занҷири карбонӣ бетартибона ҷойгир шудаанд. Аслан, дар чараёни полимеризатсия полимерҳои сох ташон номуназзам ҳосил мешаванд.

      Вале олимон нишон доданд, ки агар сохти полимер стереомуназзам бошад, сифати полимер хеле хуб мешавад. Аммо барои ҳосил намудани чунин полимерҳо шароитҳои махсусро бояд пайдо намуд (катализаторҳои махсус, фишор ва ҳарорати оптималӣ ва ғайра). Бо ҳамин роҳ муяссар гардид, ки пропилени сохташ стереомуназзам синтез карда шавад. Барои полипропилен ду сохти стереомуназзам, ки бо тарзи ҷойгиршавии радикалҳои метилӣ дар занҷири молекулавӣ муайян карда мешаванд, имконпазир аст. Дар ҳолати якум радикалҳои метилӣ танҳо дар як тарафи занҷири карбонӣ:

вале дар ҳолати дуюм радикалҳои метилӣ дар ҳарду тарафи занчири карбонӣ бо як тартиби муайян чойгир шудаанд:




 

 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz