Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

ҚОНУНИ БАҚОИ МАССАИ МОДДАҲО. ҚОНУНИ БАҚОИ МАССА ВА ТАБДИЛИ ЭНЕРГИЯ ДАР РЕАКСИЯҲОИ ХИМИЯВИ

     Қонуни бақои массаи моддаҳоро дар реаксияҳои химиявӣ олими рус М.В. Ломоносов ва олими франсавӣ А.Л. Лавуазе, новобаста аз якдигар, кашф карданд. Онҳо бо таҷрибаҳои дақиқи худ нишон доданд, ки дар ҷараёни реаксияи химиявӣ массаи моддаҳо тағйир намеёбад. Таърифи муосири ин қонун чунин аст:
     Массаи моддаҳое, ки ба реаксияи химиявӣ дохил мешаванд, ба массаи моддаҳое, ки дар натиҷаи реаксия ҳосил шудаанд, баробар аст.
    Шумо бо назарияи атому молекулавӣ шинос ҳастед. Агар ба реаксияҳои химиявӣ аз диди ин назария нигоҳ кунем, он гоҳ дар онҳо ҷой доштани қонуни бақои масса як чизи муқаррарист. Зеро дар ҷараёни реаксияи химиявӣ массаи атомҳо тағйир намеёбад. Аз ин ҷо тағйир наёфтани массаи умумии моддаҳо дар реаксияҳои химиявӣ равшан аст.
     Қонуни бақои энергия, ки онро олими олмонӣ Роберт Майёр кашф кардааст, яке аз қонунҳои муҳими табиат мебошад. Оё ин қонун дар реаксияҳои химиявӣ ҷой дорад?
    Шумо медонед, ки дар баъзе реаксияҳо як миқдори муайяни энергия хориҷ мешавад ва баръакс дар баъзе реаксияҳои дигар энергия фурӯ бурда мешавад. Ин дар назари аввал мухолифи қонуни бақои энергия аст. Вале агар формулаи олими машҳури олмонӣ Алберт Эйнштейнро, ки энергияи ҷисмро бо массаи он вобаста мекунад, ба ҳисоб гирем, он гоҳ, ба ҷой доштани қонуни бақои энергия шубҳа намемонад. Алберт Эйнштейн нишон дод, ки дар байни энергия ва массаи ҷисм чунин вобастагӣ вуҷуд дорад:

E = mс2,

ки дар ин ҷо E - энергияи ҷисм; m - массаи ҷисм; с - суръати рӯшноӣ дар вакуум (фазои холӣ) мебошад.
    Аз он сабаб ки с2 бузургии хеле калон (с2 = 9 • 1016 м22) аст, энергияи дар реаксияҳои химиявӣ ҷудошуда ё фурӯ бурда шуда ба тағйирёбии ночизи массаи моддаҳо оварда мерасонад. Ин тағйирот ба дарачае хурд аст, ки он ҳатто аз хатогии ченкунии дақиқтарини массаи моддаҳо дар химия беш аз миллион маротиба камтар аст. Масалан, ҳангоми аз ҳидроген ва хлор, ҳосил намудани 1 мол ҳидрогенхлорид 92,3 кҶ энергия хориҷ мешавад. Мувофиқи формулаи Эйнштейн тағйирёбии масса дар ҷараёни реаксия ба 10-9г баробар аст. Аз ин сабаб, дар реаксияҳои химиявӣ аз тағйирёбии массае, ки бо энергияи химиявии хориҷшуда ё фурӯбурда алоқаманд аст, сарфи назар карда метавонем. Яъне, дар реаксияҳои химиявӣ қонуни бақои масса амалан ҷой дорад.

 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz