Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

ОКСИДҲОИ ҒАЙРИМЕТАЛЛҲО ВА КИСЛОТАҲОИ ОКСИГЕНДОР

     Ғайриметаллҳо, чун дигар элементҳо, бо оксиген пайваст шуда, оксидҳоро ҳосил мекунанд. Дар реаксияҳои оксидшавӣ онҳо қобилияти барқароркунандагӣ зоҳир менамоянд.
     Дар байни ғайриметаллҳо танҳо ҳидроген ва бор дорои як дараҷаи оксидшавӣ мебошанд. Аз ин сабаб оксидҳо ва кислотаҳои онҳоро дар алоҳидагӣ дида мебароем.
    Оксиди ҳидроген (об) H2O. Моддаи бисёр фаъол мебошад. Оксидҳои бисёр металлҳо ва ғайриметаллҳо бо об пайваст шуда асосҳо ва кислотаҳоро ҳосил мекунанд. Баъзе намакҳо бо об кристаллоҳидратҳо ҳосил менамоянд. Металлҳои фаъолтарин бо об ба реаксия дохил мешаванд, ки дар натиҷа ҳидроген ҳориҷ мегардад.
    Оксиди бор ё анҳидриди бор (B2O3). Моддаи беранги шишамонанди чарс мебошад. Ҳарорати гудозиши оксиди бор 300°С аст. Вай ба оташ тобовар буда, бо ёрии карбон, ҳатто дар ҳарорати баланд барқарор намешавад. Дар об ҳал шуда кислотаи борат ҳосил мекунад. Ин реаксия бо хориҷ намудани гармӣ мегузарад:

      Кислотаи борат моддаи кристаллии сафед аст ва ба кислотаҳои бисёр заиф мансуб аст.
     Аз сабаби он, ки ғайриметаллҳои боқимонда ду ва ё аз он бештар дараҷаи оксидшавӣ доранд, ба хосиятҳои химиявии оксидҳои онҳо аз ду нуқтаи назар муқоисаи хосиятҳои асосию кислотагӣ ва қобилияти оксиду барқароркунандагӣ нигоҳ карда метавонем.
     Ба хосиятҳои асосию кислотагии ғайриметаллҳо аз рӯи қувваи кислотаҳои ҳосилкардаашон баҳо медиҳанд. Барои омӯхтани қонунияти тағйирёбии хосиятҳои асосию кислотагии оксидҳои кислотагии ғайриметаллҳо ин элементҳоро дар дараҷаи олии оксидшавиашон мебинанд. Хосиятҳои оксидҳои олии ғайриметаллҳо дар ҷадвали 4 оварда шудаанд.
     Кислотаҳои борат, карбонат ва нитрат ба дараҷаи олии оксидшавии ғайриметаллҳои даври 2-ми системаи даврӣ мувофиқат мекунанд. Оид ба андозаи қавигии кислотаҳо дараҷаи диссотсиатсияи онҳо дар маҳлули обӣ шаҳодат медиҳад. Дараҷаи диссотсиатсияи кислотаҳо бо зиёд шудани рақами тартибии атоми элемент зиёд мешавад. Аз ин сабаб, кислотаи нитрат дар байни кислотаҳое, ки ғайриметаллҳои даври 2-юм ҳосил мекунанд, кислотаи қавитарин аст.
     Чунин қонуният ҳангоми дида баромадани хосиятҳои кислотагии оксидҳои ғайриметаллҳои даврҳои дигар низ мушоҳида мешавад. Дар даври 3-юми системаи даврӣ кислотаи силикат заифтарин кислота аст. Кислотаи фосфат кислотаи миёна буда, кислотаи сулфат ба кислотаҳои қавитарин мансуб мебошад. Кислотаи хлорат бошад, қавитарин кислота ба шумор меравад.
     Аз кислотаҳое, ки оксидҳои элементҳои даври 4-уми системаи даврӣ ҳосил мекунанд, беш аз ҳама кислотаи арсенат ва кислотаи селенат омӯхта шудаанд. Кислотаи арсенат кислотаи заиф аст, вале кислотаи селенат ба монанди кислотаи сулфат кислотаи қавӣ мебошад.
     Кислотаҳои оксидҳои элементҳои даври 5-уми системаи даврӣ кислотаҳои теллурат ва йодат мебошанд. Кислотаи теллурат кислотаи хеле заиф, аммо кислотаи йодат бошад, кислотаи қавӣ мебошад.
     Ҳамин тавр, дар ҳар даври системаи даврӣ хосияти кислотагии оксидҳои элементҳо ва қувваи кислотаҳои мувофиқи онҳо аз тарафи чап ба рост зиёд мешавад. Барои шарҳ додани ин қонуният сохти кислотаҳои ҳосилшударо дида мебароем:

     Дар ҳамаи ин пайвастагиҳо ҳидрогени дар натиҷаи диссотсиатсия ҷудошуда бо атоми ғайриметаллҳо ба воситаи атоми оксиген пайваст мебошад. Бо зиёд шудани заряди ядрои атом банди Э - 0 байни атоми оксиген ва атоми ғайриметаллҳо мустаҳкамтар гашта, банди байни атомҳои ҳидроген ва оксиген сусттар мешавад. Дар натиҷа кандани иони ҳидроген осон мегардад. Ин маънои онро дорад, ки диссотсиатсияи кислотаҳои оксидҳои ин элементҳо ва дар ин асос қувваи кислотаҳо бо зиёд шудани рақами тартибии элемент меафзояд.
    Хосияти кислотагии оксидҳои ғайриметаллҳо дар гурӯҳҳои системаи даврӣ низ тағйир меёбад. Ин тағйирёбӣ дар хосиятҳои кислотагии оксидҳои ғайриметаллҳои гурӯҳи 15-уми системаи даврӣ баръало намоён аст. Кислотаи нитрат яке аз қавитарин кислотаҳо мебошад, вале кислотаи арсенат кислотаи заиф аст. Ҳамин гуна қонуният дар гурӯҳҳои дигари системаи даврӣ низ ҷой дорад. Пас, хосиятҳои кислотагии оксидҳои ғайриметаллҳои гурӯҳҳои системаи даврӣ аз боло ба поён суст мешаванд.


     Ин қонуниятро чунин шарҳ додан мумкин аст. Бо зиёд шудани рақами тартибии элемент масофаи байни ядро ва электронҳои валентӣ зиёд мешавад. Дар натиҷа қобилияти электрондиҳии элемент меафзояд, яъне хосиятҳои металлии элемент зиёд мешавад. Ин бошад сабаби суст шудани хосиятҳои кислотагии оксидҳои элемент ва мувофиқан заифии кислотаҳои ҳосилкардаи онҳо мегардад.
     Акнун тағйирёбии хосиятҳои кислотагии оксидҳои ҳамон як элементро дида мебароем.
    Аввалин ғайриметалле, ки ду оксиди дараҷаҳои оксидшавиашон гуногун ҳосил мекунад, карбон аст. Карбон ду оксид дорад: CO ва CO2. Оксиди карбон (II) кислота ҳосил намекунад, вай оксиди бетараф аст. Ба ин оксид хосияти барқароркунандагӣ хос аст:

     CO2 бошад кислотаи карбонат (Н2СО3)-ро ҳосил мекунад, ки бо хосиятҳои он дар боло шинос шудем.
     Нитроген панҷ оксид ҳосил мекунад: N2O, N0, N2O3, NO2, N2O5. Оксиди нитроген (I) бо кислотаҳо ва ишқорҳо ба реаксия дохил намешавад. Оксиди нитроген (II) оксиди бетараф буда, кислота ё намак ҳосил намекунад. Ин оксид бо таъсири оксидкунандаи қавӣ оксид шуда, бо таъсири барқароркунандаи қавӣ барқарор мешавад:

     Оксиди нитроген (III) кислотаи нитрит (HN02)-ро ҳосил мекунад, ки кислотаи заиф буда, танҳо дар маҳлули обӣ мавҷуд аст. Ба ин кислота хосияти оксиду барқароркунандагӣ хос аст. Бо таъсири барқароркунандаи қавӣ кислотаи нитрит барқарор мешавад:

     Дар зери таъсири оксидкунандаҳо ин кислота то HNO3 оксид мешавад:

    Оксиди нитроген (IV) дар байни оксиди нитроген (III) ва оксиди нитроген (V) мавқеи мобайниро ишғол мекунад, зеро вай бо об ҳам кислотаи нитрит ва ҳам кислотаи нитратро ҳосил мекунад:

    Оксиди нитроген (IV) оксидкунанда мебошад:

    Оксиди нитроген (V) бо об таъсири мутақобил намуда, кислотаи нитрат ҳосил мекунад, ки он кислотаи қавӣ аст.
    Фосфор бо дараҷаи оксидшавии +3 анҳидриди фосфор Р2О3 ҳосил мекунад. Ин оксид бо об кислотаи фосфитро ҳосил менамояд, ки он ба кислотаҳои заиф мансуб аст:

    Оксиди фосфор ё анҳидриди фосфат (V) бо об ба реаксия дохил шуда, кислотаи фосфатро ҳосил мекунад. Ин кислота ба кислотаҳои қувваташон миёна дохил мешавад.
    Сулфур ду оксид дорад: SO2 ва SO3. SO2 бо об таъсири мутақобил намуда кислотаи сулфитро, ки танҳо дар шакли маҳлули обӣ мавҷуд аст, ҳосил мекунад:

    Кислотаи сулфит ба кислотаҳои қувваташон миёна дохил мешавад. Вай барқароркунандаи хуб аст:

    Ба ин кислота қобилияти оксиду барқароркунандагӣ хос аст. Ҳангоми таъсири мутақобил бо оксидкунандаҳои қавӣ то кислотаи сулфат оксид мешавад:

    Ҳангоми таъсири мутақобил бо барқароркунандаҳои қавӣ чун оксидкунанда рафтор мекунад:

    Кислотаи сулфат, ки дар натиҷаи таъсири мутақобили SO3 бо об ҳосил мешавад, яке аз оксидкунандаҳои қавитарин ҳисоб меёбад.
     Хлор чор хел оксид ва чор хел кислотаи оксигендор ҳосил мекунад. Баъзе ҳосиятҳои химиявии онҳо дар ҷадвали 5 оварда шудаанд.
    Аз ин ҷадвал аён аст, ки хосиятҳои кислотагӣ ва қобилияти оксиду барқароркунандагӣ дар қатори кислотаҳои оксигендори хлор ба тариқи зайл тағйир меёбанд:

     Ҳамин тавр, хосиятҳои кислотагии оксидҳои ғайриметаллҳо ва кислотаҳои онҳо бо баланд шудани дараҷаи оксидшавии элемент зиёд мешаванд.
      Қобилияти оксидкунандагии ҳамаи кислотаҳои оксигендор, ба истиснои кислотаҳое, ки хлор ҳосил мекунад, бо зиёд шудани дараҷаи оксидшавии элемент баланд мешавад.

     Ҳамаи оксидҳои кислотагӣ хосиятҳои химиявии умумии зерин доранд:
     1. Оксидҳои кислотагӣ ҳангоми таъсири мутақобил бо об кислота ҳосил мекунанд:

     2. Оксидҳои кислотаги бо ишқорҳо (асосҳо) таъсири мутақобил намуда, намакҳо ҳосил менамоянд:

    3. Оксидҳои кислотагӣ бо баъзе намакҳо таъсири мутақобил мекунанд. Оксидҳои бухоршаванда ҷои оксидҳои бухоршавандатарро мегиранд:

    Аз байни оксидҳои дидабаромадаамон танҳо СО, N2O ва NO оксидҳои бетараф мебошанд, яъне онҳо на асос ҳосил мекунанду на кислота. Хосияти умумии ин оксидҳо аз он иборат аст, ки онҳо то оксидҳои кислотагӣ оксид мешаванд:

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz