Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа


АМИДҲО: СОХТ, ИСТЕҲСОЛ BA ХОСИЯТҲОИ ОНҲО

     Амидҳо пайвастагиҳои органикии нитрогендоре мебошанд, ки дар таркибашон гурӯҳи функсионалии

     Ҳамин тавр, амидҳоро ҳамчун ҳосилаҳои кислотаҳои карбоние, ки дар гурӯҳҳои карбоксили (СООН)ашон ба ҷойи гурӯҳи OH амино гуруҳ (NH2) омадааст, эътироф намудан мумкин аст. Формулаи уму мии амидҳоро чунин тасвир менамоянд:

     Амидҳои кислотаҳои карбониро бо роҳҳои зерин ҳосил менамоянд:

     Ҳосил намудани карбамид. Карбамидро аввалин маротиба олими олмонӣ Вёллер соли 1828 ҳосил карда буд. Ӯ бо роҳи тафсонидани сианати аммоний ба ин кор муваффақ шуд:

     Ин реаксия дар инкишофи илми химия аҳамияти калон дошт, зеро маҳз ба воситаи он бори аввал аз моддаи ғайриорганикӣ моддаи органикиро ҳосил намуданд. То кашфи карбамид дар химия назарияи витализм ҳукмфармо буд. Синтези карбамид ба назарияи витализм зарбаи ҳалока товар расонида, барои пешравии химияи органикӣ шароити мусоид фароҳам овард.
     Карбамидро аз аммиак ва дуоксиди карбон дар ҳарорати 150200°С ва фишори 1020МПа (100200 атм.) ҳосил кардан мумкин аст (реаксия дар фазаи моеъ мегузарад):

     Карбамид моддаи беранги кристаллӣ буда, ҳарорати гудозишаш 133°С мебошад.
     Карбамид маззаи тунд дошта, бӯй надорад. Вай дар об ва этанол нағз ҳал мешавад. Маҳлули обии карбамид реаксияи нейтралӣ дорад.
     Ҳангоми бо кислотаҳои қавӣ таъсир намудани карбамид намакҳо ҳосил мешаванд, ки ба намакҳои аммоний монанд мебошанд:

     Карбамид дар фазои оксигендор, масалан дар ҳаво, месӯзад:

     Ҳангоми тафсонидан вай аввал ба биурет ва сипас дар ҳарорати 350°400°С ба меламин табдил меёбад:

     Карбамидро чун нурии маъдании нитрогендор ва моддаи иловаи ғизоӣ истифода мебаранд. Вайро барои аз омехтаҳои карбоҳидрогенҳо ва нафт ҷудо намудани алканҳое, ки миқдори атомҳои карбон дар молекулааш он аз 10 зиёд аст, истифода мебаранд.
     Намояндаи дигари амидҳо, ки аҳамияти калони саноатӣ дорад, N5N диметилформамид мебошад:

     Диметилформамид дар истеҳсоли нахҳои полиакрилонитрилӣ ба си фати ҳалкунандаи полиакрилонитрил истифода мешавад. Вай барои аз гази пиролизӣ ҷудо намудани атсетилен ва карбоҳидрогенҳои диенӣ ҳам чун ҳалкунандаи моеъ хизмат мекунад.

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz