Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

Таҷрибаҳои лабораторӣ

     1. Реаксияҳои ранга бо сафедаҳо
     Реаксияи биуретӣ, Ба пробирка 23 мл маҳлули сафеда рехта ба он якчанд миллилитр ҳидроксиди натрий илова намоед ва сипас якчанд қатра маҳлули сулфати мис (II) чаконед.
Реаксияи ксантопротеинӣ. Ба пробирка 23 мл маҳлули сафеда резед ва ба он якчанд қатра (оҳиста) кислотаи гализи нитрат илова намоед. Дар натиҷа таҳшинии сафед пайдо шуда, сипас вай оҳистаоҳиста зард мешавад. Дар сурати каме гарм кардан ранги зард зудтар пайдо мешавад. Агар ба пробирка маҳлули аммиак (барзиёд) резем, ранги он норинҷӣ мешавад.
     2. Зоҳир кардани нитроген ва сулфур дар таркиби сафеда.
    а) Дар пробирка камтар сафедаи тухм (на махлули он)-ро бо оҳаки натронии резареза, ки ду баробар зиёд гирифта шуда аст, гарм кунед. Дар ин реаксия пайдо шудани аммиакро аз бӯяш ва ё бо ёрии когази тари лакмус ва ё чӯбачаи шишагине, ки ба кислотаи ҳидрогенхлориди гализ тар карда шудааст, муқаррар намоед. Ин таҷриба дар сафеда мавҷуд будани нитрогенро исбот менамояд.
    б) Сафедаи тухм ё як порча мӯинаи сафедро дар пробиркаи дорои маҳлули гализи ишкор то пурра ҳал шудани сафеда эҳтиёткорона гарм кунед. Сулфуре, ки дар таркиби сафеда мавҷуд аст, сулфиди натрий ҳосил мекунад. Ба маҳлули ҳосилшуда, маҳлули нитрати сурбро резед. Таҳшини сиёҳи сулфиди сурб ҳосил мешавад, ки дар таркиби сафеда мавҷуд будани сулфурро нишон медиҳад.
 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz