Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

АДАДҲОИ КООРДИНАТСИОНӢ

     Барои тавсифи ҷойгиршавии фазоии атомҳо, ионҳо ва молекулаҳо дар панҷараҳои кристаллӣ ва дар пайвастагиҳои комплексӣ мафҳуми «адади координатсионӣ» (AK) истифода мешавад. Ҳар як атом ё ион дар панҷараи кристаллӣ бо атомҳо ва ионҳои дигар иҳота карда шудааст.
     Адади координатсионӣ ба адади атомҳо ё ионҳое, ки дар панҷараи кристаллӣ бо атоми додашуда ё иони додашуда дар масофаи наздиктарин ҷойгиранд, баробар аст. Масалан, дар кристалли алмос AK ба 4, хлориди натрий AK ба 6 баробар аст.
     Дар пайвастагиҳои комплексӣ, дар доираи дохилӣ атоми марказӣ бо якчанд адад лигандҳо иҳота карда шудааст. Агар ҳар як лиганд бо атоми марказӣ як σ-тбанд ҳосил кунад, он гоҳ адади ин лигандҳо (монодентатҳо) бо адади σ-тбандҳо мувофиқ меояд.
    Адади координатсионии атоми марказӣ дар комплекс ба адади σ-тбанд бо лиганд ё адади лигандҳои монодентатӣ баробар аст.
    Адади координатсионӣ ҳам дар панчараи кристаллӣ ва ҳам дар комплексҳо бо андозаи зарраҳо муайян карда мешавад. Андозаи атоми марказии комплекс ҳар қадар калон бошад ва андозаи лиганд хурд шавад, қиммати АК ҳамон қадар меафзояд.
 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz