Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

ХИМИЯ BA ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

       Дар натичаи фаъолияти истеҳсолӣ, кишоварзӣ ва маишии инсон иф лосшавии муҳити зист (атмосфера, ҳидросфера ва литосфера) ба вуҷуд меояд. Химия на танҳо дар тадқиқи таъсири зиёновари омилҳои зарарра сон ба табиат, инчунин дар коркарди усулҳои короиашон баланди ҳифзи он низ аҳамияти калон дорад.
       Ифлосшавии атмосфера пайдоиши табий ва сунъй дорад (расми 14).
      Ифлосшавии антропогении (сунъии) атмосфера нисбат ба ифлосша вии табий хеле зиёд аст. 37%и ифлосшавиро нақлиёти автомобилӣ, 32% ро саноат ва 31%и боқимондаро дигар манбаъҳо ба вуҷуд меоранд.
    Ифлосиҳои атмосфераро ба 8 навъ ҷудо мекунанд: 1) зарраҳои му аллақ; 2) карбоҳидрогенҳо ва дигар молекулаҳои органикии бухорша ванда; 3) оксиди карбон(Н); 4) оксидҳои нитроген; 5) оксидҳои сулфур; 6) сурб ва дигар металлҳои вазнин; 7) озон ва дигар оксидҳои фотохими явӣ; 8) кислотаҳо, асосан кислотаи нитрат ва сулфат.
Барои кам намудани ифлосшавии атмосфера дар самтҳои зерин тад қиқотҳо бурда мешаванд:
1. Коркарди усулҳои аз моддаҳои газшакл ва сахти зараррасон тоза намудани дудҳои хоричшаванда.
2. Мавриди истифода намудани манбаъҳои энергияи аз назари экологӣ тоза.

     Бо афзоиш ёфтани аҳолии Замин ва зиёд шудани маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ талабот ба об меафзояд. Мувофиқи ҳисобҳои мутахасси сон сарфи бебозгашти об 150 км3ро дар як сол ташкил мекунад (тахми нан 1%и обҳои чории ширинро ташкил менамояд.). Талаботи миёнаи як нафар ба об дар шаҳр дар як шабонарӯз 450 лро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 50%ашро эҳтиёчоти хочагию нӯшокӣ, 20%ашро эҳтиёчоти ком муналию маишӣ ва 30%ашро эҳтиёчоти саноатӣ ташкил мекунанд.
     Кишоварзӣ беш аз ҳама ба об ниёз дорад ва он қариб 70%и тамоми захираҳои оби ширинро истифода мебарад.
     Манбаъҳои ифлосшавии об чор гурӯҳи калонро ташкил мекунанд:
1. Пасобҳое, ки дар саноат дар равандҳои технологии истеҳсолот ва ё дар коркарди канданиҳои фоиданок ҳосил мешаванд.
2. Пасобҳои шаҳрӣ, ки асосан пасобҳои маиширо дар бар мегиранд.
3. Обҳои атмосферӣ (борон ва барфҳо), ки аз ҳаво ифлосиҳои саноа тиро бо худ мегиранд.
4. Пасобҳои корхонаҳои кишоварзӣ, ки поруҳо ва пеститсидҳои аз замин бо об шӯсташавандаро дар бар мегиранд.
     Миқдори пасобҳои ифлос, ки ҳар сол дар тамоми чаҳон ба дарёю кӯлу баҳрҳо чорӣ мешаванд, 250300 млрд. м3ро ташкил мекунад.
    Пасобҳоро ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо мекунанд: 1) моддаҳои органи кидор; 2) гашҳои ғайриорганикидор.
    Ба гурӯҳи якум пасобҳои корхонаҳои коркарди нафт, нафту хими явӣ, корхонаҳои синтези органикӣ ва каучуи синтезӣ ва ғайра дохил ме шаванд. Онҳо дар таркибашон нафт ва маҳсулоти нафтӣ, кислотаҳои нафтӣ, карбоҳидрогенҳо, спиртҳо, алдегидҳо, кетонҳо, фенолҳо, амми ак ва ғайраро доранд.
    Ба гурӯҳи дуюм пасобҳои корхонаҳои нуриҳо, кислотаи сулфат, фаб рикаҳои ганигардонӣ, конҳои сурб, руҳ, никел, корхонаҳои металлургӣ, галваникӣ ва ғайра мансубанд. Ин пасобҳо дар таркибашон кислотаҳо, ишқорҳо, намакҳо, пайвастагиҳои сулфурдор, ионҳои металлҳои ваз нин, моддаҳои минералии муаллақ ва ғайра доранд.
     Пасобҳои саноатиро вобаста ба таркиби дисперсионии моддаҳои зараррасон низ тасниф мекунанд:
1) дар таркибашон гашҳои зарраҳояшон беш аз 105104 андозадошта;
2) маҳлули коллоидиро ташкилкунанда;
3) дар таркибашон гази ҳалшуда ва моддаҳои дар шакли молеку лавӣ ҳалшавандадошта;
4) дар таркибашон моддаҳои ба ионҳо диссотсиатсияшаванда дошта. Ин гуна тасниф имконият медиҳад, ки барои ҳар як гурӯҳ усулҳои
хоси тозакунии пасобҳо пешниҳод карда шаванд.
     Тадқиқотҳо дар соҳаи кам намудани ифлосшавии ҳидросфера дар самтҳои зерин бурда мешаванд:
1) коркарди технологияҳое, ки ба об талаботи камтарин дошта бо шанд;
2) коркарди тарзҳои тоза намудани пасобҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва маишӣ;
3) коркарди тарзҳои тоза намудани обанборҳои ифлосшуда. Қабати сахти болоии Замин, ки қишри Замин ва қисми болоии мантияи Заминро дар бар мегирад, литосфера номида мешавад. Ғафсии он 50200 кмро ташкил менамояд. Аз он чумла, қишри замин дар қитъаҳо то 5075 км ва дар қаъри уқёнус 510 кмро ташкил мекунад.
     Таркиби химиявии қишри замин дар чадвали 8 нишон дода шудааст.

     Партовҳои асосие, ки қабати болоии заминро ифлос мекунанд, ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд: маишӣ, партовҳои саноатӣ ва истеъ молоти саноатӣ:
1. Партовҳои маишии (коммуналии) сахт (аз он чумла таҳшинҳои пас обҳо), партовҳое, ки дар натичаи пурра истифода набурдани маводи маишӣ ва дар натичаи фаъолияти ҳаётии одамон (аз он чумла, ҳамомҳо, чомашуй хонаҳо, ошхонаҳо, беморхонаҳо ва ғайра) ба вуҷуд меоянд. Барои нест кардани партовҳои маишӣ корхонаҳои махсус месозанд, ки дар онҳо ин партовҳоро месӯзонанд ва аз ин ҳисоб энергияи электрикӣ ва ё буг барои гарм намудани корхонаҳо ва манзилгоҳҳо ҳосил карда мешавад.
2. Партовҳои истеҳсолӣ (саноатӣ) ин боқимондаи ашёи хом, маҳсу лоти ғайриасосии дар натичаи истеҳсолот ҳосилшуда мебошанд. Онҳо метавонанд партовҳои бебозгашт ва баргарданда бошанд. Партовҳои охирин дубора коркард карда мешаванд.
3. Партовҳои истеъмолоти саноатӣ дастгоҳҳо, асбобҳо ва ғайра мебошанд, ки барои истифодаи минбаъда нолозим шудаанд. Ин намуди партовҳо метавонанд сохтмонӣ, истеҳсолӣ, радиоактивӣ ва ғайра бошанд. Партовҳои радиоактивӣ багоят хатарноканд ва ба бефаъолкунии дақиқ ниёз доранд.
 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz