Савол ва супоришҳо
1. Фаҳмонед, ки кадом
пайвастагиҳо ба ҳетеросиклҳо тааллуқ доранд. Мисолҳо оварда, ном ва
формулаи онҳоро нависед.
2. Формулаи структурии пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендори муҳимро
тартиб диҳед.
3. Ҳосилаҳои ба шумо маълуми пиримидин ва пуринро, ки дар ҳосилшавии
молекулаҳои кислотаҳои нуклеинат иштирок мекунанд, номбар кунед.
Формулаи структурии онҳоро нависед ва монандии хосияти онҳоро бо аминҳо
шарҳ диҳед.
Таҷрибаҳои лабораторӣ
Таҷрибаи№1. Ҳосил кардани нитробеизол
1. Муодилаи реаксияи ҳосил кардани нитробензолро нависед.
2. Ба пробирка (бо эҳтиёт) 1,5 мл кислотаи нитрати гализ ва 2 мл
кислотаи сулфати гализ андохта пробиркаи гармшударо барои хунук намудан
ба стакани обдор гузоред. Омехтаи пробиркаро сахт (вале бо эҳтиёт)
чунбонида ва бо об хунук карда, оҳистаоҳиста ва қатрақатра тақрибан 1 мл
бензол резед. Гармшавии чашмрас мушоҳида мешавад. Пробиркаро доимо
ҷунбонида, қисми ҷудошудаистодаи болоии онро бо қисми поёнӣ омезиш
диҳед.
3. Пас аз 35 дақиқа омехтаи ҳосилшударо ба стаканчаи обдор резед.
Нитробензол дар куҷо ҷамъ мешавад? Ба рангу бӯяш диққат диҳед. Маҳлули
кислотаҳо ва нитробензолро ба банкаи махсус эҳтиёткорона тарзе резед, ки
нитробензол дар стакан боқӣ монад. Вайро як бори дигар шӯед ва ба
пробирка резед. Нитробензолро барои таҷрибаҳои минбаъда истифода баред.
Таҷрибаи №2. Ҳосил кардаии аиилин
Муодилаи реаксияи аз
нитробензол, кислотаи ҳидрогенхлорид ва руҳ ҳосил кардани анилинро
нависед.
1. Ба пробиркаи 23 қатра нитробензол дошта 2дона гурӯшаи руҳ андох та ба
болояш 2 мл кислотаи ҳидрогенхлориди гализ резед. Пробиркаро бо пӯке, ки
найчаи шишагини дарози амудӣ дорад, маҳкам кунед ва омехтаро 10-15
дақиқа ҷунбонед. Азбаски кислота барзиёд гирифта шудааст, анилин не,
балки намаки ҳидрогенхлоридии он ҳосил мегардад. Барои аз таркиби намак
ҷудо намудани анилин ба он ҳамин қадар маҳлули гализи ишқор илова кунед.
Дар ин маврид аналин пурра таҳшин мешавад.