Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ ИНКИШОФИ ХИМИЯ

     Шумо бо асосҳои химия шинос шудед ва медонед, ки химия илм дар бораи моддаҳо, хосият ва табдилёбии онҳо мебошад. Аз ин сабаб пайдоиши химияро ба он давраҳои хеле дури таърихи инсоният, ки бори нахуст оташро ҳосил намуд, мансуб додан мумкин аст. Аз ин лиҳоз химия таърихи чандин ҳазорсола дорад. Вале дар тӯли ин ҳазорсолаҳо инкишофу дастовардҳои химия яксон набуданд. Вобаста ба суръати инкишоф ва дараҷаи дастовардҳо таърихи химияро ба 6 давра тақсим кардан мумкин аст:
1. Аз давраҳои хеле кадим то асри VIII-и милодӣ;
2. Аз асри VIII то асри XII;
3. Аз асри XII то асри XVII;
4. Аз асри XVII то ибтидои асри XX;
5. Аз ибтидо то охирҳои асри XX;
6. Аз охирҳои асри XX то имрӯз.

     1. Аздавраҳоихеле кадим то асри VIII-и милодӣ. Ба ин давраи таърихӣ инкишофи хеле сусти химия хос аст. Дар ин давра бидуни фарзияи атомии олимони Юнони Қадим ягон таълимоти назариявӣ нисбати элементҳои химиявӣ, таъсири мутақобили моддаҳо ва табодули онҳо мавҷуд набуд.
    Химия, асосан, дар шакли илми амалӣ арзи ҳастӣ менамуд, яъне, химия беш аз дастурамалҳои ҳосил намудани теъдоди на он қадар калони моддаҳо набуд. Тилло, нуқра, мис, оҳан, пӯлод ва роҳҳои ҳосил на мудани онҳо кашф карда шуданд. Дар айни замон кашфи мис ва оҳан ва ба онҳо додани мустаҳкамии муайян ба ҷаҳише дар инкишофи ҷомеаи инсонӣ оварда расонданд. Дар Мисри қадим истеҳсоли шиша ба роҳ монда шуда буд. Дар Юнони қадим ба ғайр аз металлҳои номбаршуда боз қаълагӣ ва сурб маълум буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, маълумотҳои мавҷуда дар бораи моддаҳо танҳо дар шакли дастурамалҳои ҳосил намудани онҳо мавҷуд буданд.
     Давраҳои аз асри VIII то асриXII ва аз асри XII то асриXVII-ро ба як давра, ки он номи Алхимияро гирифтааст, муттаҳид намудан мумкин аст. Вале аз он сабаб, ки ин давраҳо аз якдигар бо якчанд хусусиятҳояшон фарқ мекунанд, омӯзиши алоҳидаи онҳоро зарур донистем.
     2. Аз асри VIII то асри XII. Ин давраи муҳими инкишофи химияро, ки дар он саҳми ниёгони мо бузург аст, ҳамчун мавзӯи алоҳида дар оянда меомӯзем.
     3. Аз асриXII то асриXVII. Аз назари фаҳмиши масъалаҳои асосии химия ва дастовардҳои амалиаш қисми аввали ин давраи инкишофи химия аз давраи пешинаи инкишофи химия пасттар меистад. Ин давра аз тарҷума ва омӯзиши асарҳои ба химия бахшидаи олимони Шарқ ибтидо мегирад. Мақсади асосӣ аз тадқиқотҳои химиявӣ ҷустуҷӯи бенатиҷаи «санги ҳикмат» буд, ки гуё метавонист тамоми моддаҳои мавҷударо ба тилло табдил диҳад. Вале ба ин нигоҳ накарда, олимони ин давра низ ба натиҷаҳои муҳими амалӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар ин давра озмоишгоҳҳои химиявии мукаммал сохта шуданд, моддаҳои нав ба мисли равғанҳои эфирӣ, кислотаи хлорид, сурма ва висмут ва ғайра ҳосил карда шуданд. Дар баробари ин химияи маводи доруворӣ, ки номи махсуси ятрохимияро гирифт, арзи ҳастӣ намуд. Суръати калони тараққиёти саноат дар назди химия вазифаҳои нав гузошт. Дар зери таъсири ин талаботи замон химия зуд инкишоф ёфт, аз ақидаҳои хоми алхимиявӣ озод гардида, ба илми воқеӣ табдил ёфт.
     4. Аз асри XVIIто  ибтидои асри XX. Ин давраи таърихи химия давраи ташаккул, пайдошавии илми химия бо маънои аслияш, кафши қонунҳои асосии онро дар бар мегирад. Ибтидои ин давраро аз фаъолияти Р. Бойл оғоз кардан мумкин аст. Дар ин давра илми химия дорои ҳамаи сифатҳое, ки онҳоро чун нишонаҳои илми воқеӣ номбар кардан мумкин аст, мешавад. Илм танҳо маҷмӯи таҷрибаҳо нест, балки он бояд ин таҷрибаҳоро дар асоси назарияи муайяне банду баст карда тавонад. Илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла химияро, бо хусусиятҳои зерин тавсиф кардан мумкин аст:
1. Дар асоси илм таҷрибаҳои илмӣ гузошта мешаванд.
2. Таҷрибаҳои илмӣ бояд боэътимод ва такроршаванда бошанд.
3. Таҷрибаҳои илмӣ бо инкишофи химия ва пайдо шудани асбобҳои дақиқиашон баландтар инкор намешаванд, танҳо аниқтар мегарданд.
4. Назарияи илмӣ дуруст ҳисоб мешавад, агар он таҷриба ва ҳодисаҳои мавҷудаи илмиро асоснок ва ҳодисаҳои нави илмиро пешгӯӣ карда тавонад .
5. Дар ҷараёни инкишофи илм назарияҳои дуруст ботил намешаванд, танҳо доираи гузориши онҳо муайян ва дақиқ карда мешавад.
6. Ҳар як назарияи нав назарияи собиқаро чун ҷузъи худ дар бар мегирад.
     Химия дар ин давраи номбурда чун илми табиӣ дорои ҳамаи аломатҳои дар боло зикршуда гардид.
    Ин давраи инкишофи химия ба шумо шинос аст, зеро ҳангоми омӯхтани қонунҳо, реаксияҳои химиявӣ, элементу моддаҳои химиявӣ бо шароити кашфу кошифони он ба шумо маълумот дода буданд. Мо танҳо бо нуқтаҳои гардишии ин давраи таърихи химия таваққуф мекунем. Ба ин гуна нуқтаҳои гардишӣ кашфи қонунҳои хоси газӣ, қонуни бақои масса дар реаксияҳои химиявӣ, қонуни доимияти таркиби моддаҳо, назарияи атомии Далтон, ҳосил намудани карбамид аз моддаҳои ғайриорганикӣ (ба назарияи витализм зарбаи марговар зада шуд), қонунҳои электролиз, назарияи сохти химиявии моддаҳои органикии А.М. Бутлеров, пешниҳоди сохти сиклии бензол (Ф. Кекуле), Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳо (Д.И.Менделеев), кашфи электронро мансуб донистан мумкин аст. Қариб тамоми элементҳои химиявӣ дар ҳамин давра кашф карда шуданд. Бояд қайд кунем, ки ин давраи инкишофи химияро бо суръати сол ба сол афзуншаванда тавсиф додан мумкин аст. Дар баробари ин миқдори олимоне, ки химияро соҳаи асосии фаъолияти худ қарор дода буданд, сол ба сол бемайлон меафзуд. Илми химия дар натиҷаи инкишофи бошиддат ба ҷамъият моддаҳои нав, усулҳои нави синтези моддаҳои барои инсон зарурӣ, технологияи коркарди маводҳои ниёзи мардумро пешниҳод менамуд, ки дар асоси он саноати бузурги химиявӣ пайдо гардид.
     5. Аз ибтидо то охирҳои асри XX. Дар ибтидои асри ХХ як қатор кашфиётҳои беназир дар физика, хусусан таҷрибаҳои Э. Резерфорд дар соли 1911 ва дар ин асос сохтани модели сайёравии атом ва пешниҳод шудани назарияи атомии Н. Бор (1913), кашфи механикаи квантӣ (В. Ҳейзенберг соли 1925, Э. Шредингер соли 1927) ба табаддулоти куллӣ дар илмҳои табиатшиносӣ, аз он ҷумла химия оварда расонд. Пеш аз ҳама, майдони амалиёти химия аз поён муайян карда шуд, яъне химия хосият, таъсири мутақобил, табоддули элементҳо (атомҳо), молекулаҳо ва моддаҳои аз онҳо иборатро меомӯзад ва таркиби ядро ва хусусиятҳои дохилии он берун аз доираи омӯзиши химия мебошанд. Аз тарафи дигар ба ҳамагон равшан гардид, ки асоси назариявии химияро механикаи квантии атому молекулаҳо, ки номи химияи квантиро гирифт, ташкил мекунад. Тамоми мушкилоти химия, ки пеш аз кашфи механикаи квантӣ як муаммои бесару нӯгро ташкил мекарданд, дар асоси химияи квантӣ ҳалли худро ёфтанд. Масалан, танҳо дар асоси механикаи квантӣ Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои Д.И. Менделеев шарҳи илмии худро ёфтанд. Тамоми мафҳумҳои химиявӣ, сохти атому молекулаҳо, таъсири мутақобили онҳо дар асоси механикаи квантӣ асоснок карда шуданд ва ин ба пешравии бузурги химия оварда расонд. Дар баробари пешравии бахшҳои классикии химия бахшҳои нав низ ба вуҷуд омаданд. Химия бо суръати хеле калон инкишоф меёфт. Дар ҳама ҷанбаҳои он кашфиётҳои назаррас ба даст омаданд: элементҳои нави химиявӣ кашф карда шуданд, реаксияҳои нави аҳамияти калони саноатӣ дошта (масалан, реаксияҳои занҷирӣ), кашф гардиданд, сохти моддаҳои барои организм аҳамияти махсус дошта, КРН ва КДН, муайян карда шуданд синтези ҳазорҳо моддаҳои нави органикӣ ва ғайриорганикӣ ба амал оварда шуданд. Ин давраи инкишофи химияро бо ба он ворид шудани усулҳои нави тадқиқотӣ, аз қабили спектроскопияҳои ИФ (инфрасурх), ПК (па рокандашавии комбинатсионӣ), РМЯ (резонанси магнитии ядроӣ), РПЭ (резонанси парамагнитии электронӣ), ТР (таҳлили рентгеноструктурӣ) ва даҳҳо усулҳои дигар, ки суръати тадқиқотҳоро зиёд ва эътимоднокии онҳоро таъмин мекунанд, тавсиф кардан мумкин аст. Илми химия ҳамчун асоси илмии саноати химиявӣ, ки яке аз бахшҳои асосии саноати чаҳонист, ташаккул меёбад.
     6. Аз охирҳои асри XX то имрӯз. Ин давраи инкишофи химия аз воридшавии оммавии компютерҳои фардӣ ба фаъолияти кории инсон, тақрибан аз солҳои 1980-и асри гузашта, оғоз меёбад. Компютерҳои фардӣ ба химия бо суръати калон ворид гардида, дар баробари тағйиротҳои куллӣ дар бахшҳои гуногуни он ба як бахши нави химия химияи муҳосибӣ асос гузоштанд. Аз ин нигоҳ тағйиротҳои дар химия рухдодаро бо ду хусусияташон тавсиф додан мумкин аст:
1. Баланд шудани нақши математика дар химияи муосир.
2. Шакли оммавӣ гирифтани моделсозӣ (тамсилсозӣ) дар тадқиқотҳои химиявӣ.
    Бо дарназардошти имкониятҳои компютерҳо усулҳои нави ҳисоб кардани хосиятҳои атому молекулаҳо (методҳои квантохимияӣ, функсионали зичӣ ва ғайра) пайдо шуданд, ки имконияти назариявии ҳисоб намудани хосияти моддаҳоро муҳайё месозанд. Дар асоси ин усулҳо барномаҳо барои компютерҳои фардӣ тартиб дода шуданд, ки дар тадқиқотҳои химиявӣ мавқеи калон ишғол карда истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки моделҳои квантию химиявии реаксияҳои химиявӣ сохта шаванд. Ин намуди тадқиқотҳои химиявӣ, ки дар илм номи таҷрибаҳои ҳисобиро гирифтаанд, дар химияи муосир ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.

 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz