Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона

     1. Маълум аст, ки суръати реаксияи ферментӣ ба консентратсияи фермент мутаносиби роста аст. Амилазае, ки дар 50 мл маҳлули 0,1% мавҷуд аст, 100 мл маҳлули 0,3%-и крахмалро дар ягон муддати вақт ҳидролиз мекунад. Консен тратсияи ферментро чанд маротиба зиёд кардан лозим аст, ки он 150 мл маҳ лули 1,2%-и крахмалро дар ҳамон муддат ҳидролиз намояд?
Ҷавоб: 6 маротиба.
     2. Маркази фаъоли фермент гурӯҳҳои аминӣ дорад. Муайян намоед, ки ин фермент бо кадом субстратҳои зерин таъсири мутақобил мекунад: R—NH2, R—COOC2H5, R—COOH, R—N(CH3)2.
Ҷавоб: RCOOH.
     3. Барои баланд бардоштани устувории пиридоксин онро ба шакли хлор ҳидрати пиридоксин C8H11NO3•HCl мегузаронанд. Консентратсияи маҳлули хлорҳидрати пиридоксинро муайян намоед, агар барои нейтрал кардани НС1 и дар 50 мл маҳлул буда 2,5 мл маҳлули 0,1 М NaOH сарф шавад. Зичии ҳамаи маҳлулҳоро баробари 1 г/см3 гиред.
Ҷавоб: 0,1%.
     4. Талаботи шабонарӯзии одам ба витамини B3 10 мгро ташкил мекунад. Ҳамин миқдор витамин дар чӣ қадар помидор мавҷуд аст, агар витамин 0,001%-и помидорро ташкил диҳад?
Ҷавоб: 1кг.
     5. Миқдори кислотаи аскорбинатро дар гелос муайян кунед, агар барои оксидшавии кислотаи аскорбинате, ки дар 100 г гелос аст, 3 мл маҳлули 0,1%-и KIO3 (р = 1,1 г/см3) сарф шавад.
Ҷавоб: 0,0074 г.
 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz