Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

Ба саволҳо ҷавоб диҳед

1. Таърифи қонуни даврии элементҳои химиявиро, ки Д.И.Менделеев дода буд, бо таърифи ҳозираи он муқоиса намоед. Фаҳмонед, ки барои чӣ бо мурури замон ба таърифи қонуни даврӣ тағйирот дохил карда шуд.
2. Барои чӣ адади элементҳо дар даврҳо ба қатори ададии 2-8-18-32 мувофиқ намеояд? Инро дар асоси ҷойгиршавии электронҳо дар қабату қишрҳои электронӣ фаҳмонед.
3. Аз рӯи қадом аломатҳо элементҳоро ба s-, р-, d-, ва f- элементҳо тақсим мекунанд.
4. Системаи даврии Д.И.Менделеевро истифода намуда, нақшаи ҷойгиршавии электронҳои атомҳои элементҳои ванадий V, никел Ni ва арсенро As дар қабат ва қишрҳои электронӣ тартиб диҳед. Кадоме аз онҳо ба р - ва кадомашон ба d- элементҳо мансуб мебошад ва аз чӣ сабаб?
5. Маънои «валентнокӣ»-ро дар асоси назарияи сохти электронии атом ва ҳосилшавии банди химиявӣ шарҳ диҳед.
6. Барои чӣ валентнокии олии элемент на ҳама вақт бо адади электронҳои қабати берунаи электрониаш мувофиқ меояд?
7. Нақшаҳои электрониеро тартиб диҳед, ки онҳо валентнокии нитрогенро дар кислотаи нитрат ва карбонро дар оксиди карбон (IV) инъикос намоянд.

 

Намунаи ҳалли масъалаҳо

     11,9 г омехтаи ду металлро бо кислотаи хлорид кор карданд. Дар натиҷа 8,96 л газ (ш.м.) хориҷ шуд. Пас аз реаксия маълум гашт, ки дараҷаи оксидшавии металлҳо ба +2 ва +3 баробар аст. Металлҳоро муайян кунед, агар маълум бошад, ки массаи нисбии атомии металли якум аз дуюмаш 2,41 маротиба зиёд буда, нисбати молиашон дар омехта, ба 1:2 баробар аст.
   Ҳал. Аз шарти масъала равшан аст, ки нисбати молии металлҳо дар омехта ба 1:2 баробар аст. Яъне, агар микдори моддаи металли дувалентаро мо бо х ишора намоем, он гоҳ микдори моддаи металли севалента ба 2х баробар аст. Массаи нисбии атомии металли якумро бо у ва металли дуюмро бо Z ишора мекунем. Он гоҳ мувофики шарти масъала муодилаи зерин ҳосил мешавад:

    Миқдори моддаи гази ҳосилшударо муайян мекунем:


     Муодилаҳои реаксияҳои металлҳоро бо кислотаи хлорид навишта, миқдори моддаи ҳидрогенро аз рӯи металлҳо бо х- ифода мекунем:

     Массаи нисбии атомии яке аз металлҳо ба 65,07 ва дигараш ба 27 баробар аст. Пас ин металлҳо руҳ ва алюминий мебошанд. Ҷавоб: Zn ва AI.

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz