Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

НАВЪҲОИ ПАНҶАРАҲОИ КРИСТАЛЛӢ BA ХОСИЯТИ МОДДАҲО

       Шумо аллакай медонед, ки атомҳо ва молекулаҳо моддаҳои содда ва мураккаб ҳосил мекунанд. Ҷойгиршавии байниҳамдигарии атомҳо ва молекулаҳо дар ин моддаҳо аз омилҳои беруна (фишор ва ҳарорат) вобастагии калон дорад. Ҳар як модда дар шароити оддӣ вобаста ба фишор ва ҳарорат метавонад дар се ҳолати агрегатӣ сахт, моеъ ва газ вуҷуд дошта бошад. Моддаҳо метавонанд аз атомҳо чун газҳои инертӣ, аз молекулаҳо чун буғи об, аз ионҳо чун хлориди натрий ва ғайра иборат бошанд. Барои он ки ҳар вақт аз кадом унсурҳо иборат будани моддаро таъкид нанамоем, мегӯем, ки модда аз зарраҳо иборат аст. Дар ҳолати мушаххас чӣ будани зарра (ион, атом ё молекула)-ро аниқ мекунем.
       Дар ҳолати газӣ зарраҳои модда бетартибона ҳаракат мекунанд, масофаи байниҳамдигарии онҳо ҳам дар фазо ва ҳам бо мурури вақт тағйир ёфта меистад. Аз ин сабаб модда дар ҳолати газӣ шакли муайян надорад.
      Дар ҳолати моеъ зарраҳои модда нисбат ба якдигар бо як тартиби муайян ҷойгир мешаванд, ки онро тартиби наздик мегӯянд. Дар ин ҳолат масофаи байни зарраҳои наздиктарин бузургии доимӣ буда, масофаи байни зарраҳои дуртар қиммати тасодуфӣ қабул мекунад. Ба таври дигар, дар байни зарраҳои наздик як тартиби муайяни ҷойгиршавӣ мавҷуд аст, вале бо дур шудани масофаи байни зарраҳо ин тартиб вайрон шудан мегирад.
     Дар ҳолати сахт моддаҳо метавонанд аморфӣ ё кристаллӣ бошанд. Дар моддаҳои сахти аморфӣ тартиби ҷойгиршавии моддаҳо ба тартиби ҷойгиршавии зарраҳо дар моеъҳо монанд аст. Фарқи байни онҳо аз он иборат аст, ки моддаҳои сахти аморфӣ шакли худро нигоҳ медоранд.
      Дар моддаҳои сахти кристаллӣ зарраҳо нисбат ба якдигар бо як тартиби муайян ҷойгир мешаванд, ки онро тартиби дур меноманд. Дар ин ҳолат масофаи байни зарра ва зарраи дилҳоҳи дигар бузургии муайян аст. Дар ин ҷо, баръакси моеъҳо, масофаи байни зарраҳои аз ҳам дур қиммати муайян кабул мекунад. Дар кристалл ҷойгиршавии байниҳам дигарии зарраҳо дар фазо ба тарзи даврӣ такрор мешавад. Агар ҳамаи нуқтаҳои фазоро, ки дар онҳо зарраҳои кристалл ҷойгир шудаанд, бо хатҳои рост пайваст кунем, он гоҳ шакли фазоие ҳосил мешавад, ки онро панҷараи кристаллӣ меноманд. Нуқтаҳое, ки дар он зарраҳои кристалл ҷойгиранд, гиреҳҳои панҷараи кристаллӣ номида мешаванд.
     Вобаста ба табиати зарраҳои дар гиреҳҳои панҷараи кристаллӣ ҷойгир буда, панҷараҳои кристаллии ионӣ, атомӣ, молекулавӣ ва металлиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
     Панҷараҳои кристаллие, ки аз ионҳо таркиб ёфтаанд, панҷараҳои кристаллии ионӣ номида мешаванд. Дар гиреҳҳои панҷараҳои кристалии ионӣ ионҳои гуногунзаряд ҷойгир шудаанд. Намояндаҳои хоси моддаҳои дорои чунин панҷара намакҳо мебошанд. Яке аз намакҳои маъмултарин, ки шумо онро қариб ҳар рӯз истифода мебаред, хлориди натрий (NaCl) мебошад. Вай ба кристаллҳои ионӣ мансуб буда дар гиреҳҳои панҷарааш ионҳои натрий ва хлор дорад. Аз ин ҷо аён аст, ки банди химиявии байни зарраҳо дар панҷараи кристалии ионӣ, банди ионӣ мебошад. Аз ин сабаб моддаҳои дорои панҷараи ионӣ қиёсан устувории калон доранд. Онҳо душворгудоз ва камбухоршавандаанд.
     Панҷараҳои кристаллие, ки дар гиреҳҳояшон атомҳои алоҳида мавҷуданд, панҷараҳои кристаллии атомӣ номида мешаванд. Ташкил на мудани чунин панҷараҳои кристаллӣ барои элементҳои химиявие хос мебошад, ки онҳо қобилияти ҳосил намудани банди ковалентиро доранд. Бор, германий, карбон ва ғайра аз қабили онҳоянд. Алмос ва графит низ ба ин гурӯҳ мансубанд. Дар чунин панҷараҳо атомҳо байни худ бо бандҳои ковалентӣ пайваст шудаанд. Моддаҳои дорои панҷараи кристаллии атомӣ ҳарорати баланди гудозиш доранд (масалан, ҳарорати гудозиши алмос беш аз 3500°С аст). Ин моддаҳо хеле устувор ва сахтанд, дар моеъҳо амалан халнашаванда мебошанд.
    Панҷараҳои кристаллие, ки аз молекулаҳо таркиб ёфтаанд, панҷараҳои кристаллии молекулавӣ номида мешаванд. Дар ин гуна кристаллҳо молекулаҳо байни ҳамдигар бо қувваҳои сусти байнимолекулавӣ пайваст шудаанд. Аз ҳамин сабаб, ин гуна моддаҳо ҳарорати пасти гудозиш доранд. Аксари моддаҳои органикӣ панҷараи кристаллии молекулавӣ доранд.
    Панҷараҳои кристаллии металлиро металлҳо ҳосил мекунанд. Гиреҳҳои панҷараҳои кристаллии металлӣ аз ионҳои зарядашон мусбат иборат аст. Ин ионҳо ба воситаи электронҳои озод, ки дар байни онҳо бетартибона ҳаракат мекунанд, ба ҳам ҷазб мешаванд.
 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz