Изомерияи ҳолати гурӯҳҳои
функсионалӣ ё атомҳои алоҳида дар молекула
Ин
намуди изомерияи структурӣ дар натиҷаи он зоҳир мешавад, ки дар мавриди
дар ҳамон як ҳолат ҷойгир будани атомҳои карбон гурӯҳҳои функсионалӣ
мавкеъҳои гуногун доранд.
Ба формулаи молекулавии C3H7OH
вобаста ба мавқеъи гурӯҳи ҳидроксил дар молекула ду модда мувофиқ меояд:
Формулаи молекулавии C3H7O2N вобаста ба
ҳолати гурӯҳи аминӣ (−NH2) дар молекула ду моддаро тасвир
мекунад:
Ба
формулаи молекулавии C3H7CI вобаста ба ҳолати
атоми хлор дар молекула ду модда мувофиқ меояд: