Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

СИСТЕМАҲОИ ДИСПЕРСӢ

      Бо системаҳои дисперсӣ шумо дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ сару кор доред. Қариб ҳамаи он чизҳое, ки моро иҳота мекунанд, ба системаҳои дисперсӣ мансубанд. Ҳаво, нушобаҳои гуногун, шир, равғанҳо ва ғайра мисолҳои системаи дисперсӣ мебошанд.
      Маҷмӯи иборат аз якчанд моддаҳо системаи моддаҳо ва ҳар як моддае, ки ба система дохил мешавад, ҷузъи система ном дорад. Масалан, намакоб системаест, ки аз ду модда: намак ва об иборат аст. Яъне, намак ва об ҷузъҳои ин система мебошанд. Мисоли системаи бисёрҷузъа ҳаво аст.
     Системаҳое, ки дар онҳо ҷузъҳои система дар ҷузъи дигараш ба намуди зарраҳои хурд тақсим шудаст, системаҳои дисперсӣ номида мешаванд.
      Он ҷузъи системаи дисперсиро, ки дар он ҷузъи дигар ба намуди зарраҳои хурд тақсим шудааст, муҳити дисперсионӣ меноманд. Он ҷузъи системаи дисперсиро, ки дар муҳити дисперсионӣ ба намуди зарраҳои хурд тақсим мешавад, фазаи дисперсӣ меноманд. Дар намакоб об муҳити дисперсионӣ буда, намак фазаи дисперсӣ мебошад.
     Вобаста ба он ки андозаҳои зарраҳои фазаи дисперсӣ чӣ гуна аст, системаҳои дисперсиро ба ду гурӯҳи калон маҳлулҳои хақиқӣ ва коллоидҳо тақсим мекунанд.
    Дар маҳлулҳои ҳақиқӣ фазаи дисперсӣ ба намуди атомҳо, ионҳо ё молекулаҳое мебошад, ки бо атомҳо, ионҳо ё молекулаҳои муҳити дисперсионӣ баробар иҳота карда шудаанд. Аз ин ҷо, хулоса баровардан душвор нест, ки маҳлулҳои ҳақиқӣ якҷинсаанд. Бидуни ин бо сабаби набудани сарҳади гузариш дар байни ҷузъҳои маҳлулҳои ҳақиқӣ ба онҳо якфазагӣ хос аст. Андозаи зарраҳо дар маҳлулҳои ҳақиқӣ аз 0,1 то 1 нм мебошад.
Маҳлулҳои ҳақиқиро вобаста ба ҳолати агрегатиашон ба якчанд гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст.
    Маҳлулҳои сахт яке аз гурӯҳҳои маҳлулҳои ҳақиқиро ташкил мекунанд. Онҳо дар натиҷаи дар як ҷисми сахт ҳал шудани ҷисмҳои сахти дигар ё газҳо ҳосил мешаванд. Хӯлаи металлҳо, ки шумо медонед, мисоли маҳлулҳои сахти ҳақиқӣ мебошанд. Миқдори зиёди ҳидроген дар платина ва ё палладий ҳал мешавад. Ин омехтаҳоро низ ба маҳлулҳои сахт мансуб донистан мумкин аст.
    Маҳлулҳои ҳақиқии моеъ, ки онҳоро мо одатан маҳлул мегӯем, гурӯҳи дигари маҳлулҳои ҳақиқиро ташкил мекунанд. Ин маҳлулҳо дар натиҷаи дар моеъ ҳал шудани ҷисмҳои сахт, газҳо ва моеъҳои дигар ҳосил мешаванд. Шумо бо маҳлулҳое, ки муҳити дисперсионии онҳоро об ташкил мекунад, хуб шинос ҳастед. Намакоб, маҳлулҳои NaOH, H3BO3 мисолҳои маҳлули ҳақиқие мебошанд, ки ҷисми сахт (намак, ишқори натрий ва кислотаи борат) дар моеъ (об) ҳал шудаанд. Дар маҳлули кислотаи сулфат об муҳити дисперсионӣ буда, кислотаи сулфат, ки худ моеъ аст, фазаи дисперсӣ мебошад. Оби газдор намунаи системаи дисперсиест, ки дар он газ фазаи дисперсӣ буда, об муҳити дисперсионӣ мебошад.
     Маҳлулҳои газӣ гурӯҳи дигари маҳлулҳои ҳақиқиро ташкил мекунанд, ки дар онҳо ҳам муҳити дисперсионӣ ва ҳам фазаи дисперсӣ газ мебошанд. Масалан, ҳаво ба маҳлулҳои ҳақиқӣ мансуб аст.
     Коллоидҳо ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: маҳлулҳои коллоидӣ ва системаҳои дағалдисперсӣ.
    Маҳлулҳои коллоидӣ чунин системаҳои дисперсиеанд, ки дар онҳо андозаи зарраҳои фазаи дисперсӣ аз 1 то 100 нм мебошад. Вобаста ба он ки муҳити дисперсионӣ дар кадом ҳолати агрегатӣ аст, маҳлулҳои коллоидиро низ чун маҳлулҳои ҳақиқӣ ба чанд гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Маҳлули сафедаи тухм дар об маҳлули коллоидие мебошад, ки дар он ҳам муҳити дисперсионӣ ва ҳам фазаи дисперсӣ моеъ мебошанд.
   Дар системаҳои дағалдисперсӣ бошад, андозаи зарраҳои фазаи дисперсӣ аз 100 нм зиёд аст. Системаҳои дағалдисперсиро низ вобаста ба он ки муҳити дисперсионӣ дар кадом ҳолати агрегатӣ ҳаст, ба гурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин аст.
    Намуди бисёр паҳншудаи маҳлулҳои коллоидӣ, системаҳои дисперсие мебошанд, ки дар онҳо муҳити дисперсӣ ва фазаи дисперсӣ моеъҳо мебошанд. Ин гуна коллоидҳоро эмулсия меноманд. Масалан, шир, равған ба эмулсияҳо мансубанд. Дар шир об муҳити дисперсионӣ буда равған ва дигар моддаҳои таркиби он фазаи дисперсиро ташкил менамоянд.
    Коллоидҳои дигаре, ки шумо баъзе аз онҳоро доимо истифода мебаред, суспензияҳо мебошанд. Суспензияҳо ин коллоидҳое мебошанд, ки муҳити дисперсиашон моеъ буда, фазаи дисперсиашон сахт мебошад. Намунаи чунин коллоидҳо хамираи дандоншӯӣ мебошад.
   Намуди дигари паҳншудаи коллоидҳо системаҳои дисперсие мебошанд, ки муҳити дисперсионӣ ва фазаи дисперсиашон сахт мебошанд. Минералҳо ва баъзе шишаҳои ранга ба чунин коллоидҳо мансубанд.
    Дуд низ, ки ҳамаи шумо аз ҳаёти ҳамарӯза ба он шинос ҳастед, коллоид мебошад. Дар он муҳити дисперсионӣ газ (ҳаво) буда, фазаи дисперсӣ бошад, моддаҳои сахтанд.
    Далелҳои овардашуда нишон медиҳанд, ки коллоидҳо, баръакси маҳлулҳои ҳақиқӣ, ғайриякҷинсаанд ва ин ба хусусиятҳои физикии онҳо бетаъсир намемонад. Системаҳои дағалдисперсӣ шаффоф нестанд, вале маҳлулҳои коллоидӣ шаффофанд. Аз ин лиҳоз маҳлулҳои коллоидӣ ба маҳлулҳои ҳақиқӣ монанданд. Вале азбаски дар маҳлулҳои коллоиди фазаи дисперсӣ аз зарраҳои калонтар иборат аст, маҳлулҳои колоидӣ рӯшноиро нисбат ба маҳлулҳои ҳақиқӣ бештар пароканда менамоянд. Ин имконият медиҳад, ки маҳлули ҳақиқиро аз маҳлули коллоидӣ фарқ кунем. Агар нури рӯшноиро аз ин маҳлулҳо гузаронем, фарқи онҳо мушоҳида мешавад: дар вақти гузаштани нури рӯшноӣ дар маҳлули коллоидӣ конуси равшанидиҳанда (расми 13) ҳосил мешавад. Яъне, заррачаҳои маҳлулҳои коллоидӣ, нисбати заррачаҳои маҳлулҳои ҳақиқӣ калонтар мебошанд ва аз ин сабаб онҳо рӯшноиро бештар пароканда менамоянд.

       Маҳлулҳои коллоидӣ баръакси суспензия ва эмулсияҳо, дар муддати дароз таҳшин намешаванд. Ин аз он сабаб аст, ки андозаи зарраҳои онҳо нисбатан хурдтар аст.
       Дар коллоидҳо фазаи дисперсӣ аз зарраҳои андозаҳояшон аз 1 нм зиёдтар иборат аст. Ин зарраҳо дар муҳити дисперсионӣ бетартибона ҳаракат намуда, бо якдигар бармехӯранд. Чаро дар ин ҳолат зарраҳо бо ҳам намечаспанд? Сабаби ин дар сатҳи калони расиши фазавии зарраҳо мебошад. Сатҳи калони расиши фазавии зарраҳо ба он мусоидат мекунад, ки ионҳои зарядашон мусбат ё манфӣ ба сатҳи ин зарраҳо кашида шаванд. Дар натиҷаи ин зарраҳо заряднок мешаванд. Шумо аллакай медонед, ки зарядҳои ҳамном якдигарро тела медиҳанд ва бинобар ин зарраҳои коллоидӣ бо ҳам намечаспанд. Ин ақидаро бо роҳи таҷрибавӣ санҷидан мумкин аст. Масалан, агар ба маҳлули коллоидӣ ягон электролитро резем, маҳлули коллоидӣ вайрон мешавад. Зеро зарраҳои он зарраҳои муқобилзаряди электролитро ба худ кашида безаряд мешаванд ва дар натиҷа ба ҳам часпида таҳшин мешаванд.
      Дар вақти ҷӯшонидани баъзе маҳлулҳои коллоидӣ десорбсияи ионҳои заряднок ба амал меояд. Яъне, заррачаҳои коллоидӣ заряди худро гум карда, дар натиҷа ба ҳамдигар мечаспанд ва таҳшин мешаванд.
      Бо ҳам часпидани зарраҳои коллоидӣ ва таҳшиншавии онҳоро коагулятсия меноманд.
     Маҳлулҳои коллоидӣ дар табиат васеъ паҳн шудаанд ва дар равандҳои ҳаётӣ нақши асосӣ мебозанд. Масалан, сафедаи тухм ва плазмаи хун маҳлулҳои коллоидӣ мебошанд.
    Дар истеҳсолот маҳлулҳои коллоидӣ аҳамияти калон доранд. Бисёр маҳсулоти ниёзи мардум аз маҳлулҳои коллоидӣ иборатанд. Барои мисол баъзе аз онҳоро номбар мекунем: хамираи дандоншӯӣ, аэрозолҳои гуногун, шампунҳо, ширешҳо, лакҳо ва рангҳо.
 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz