НАМУДҲОИ ИЗОМЕРИЯ
Моҳияти
ҳодисаи изомерия дар асоси назарияи сохти химиявӣ, ки аз тарафи А.М.
Бутлеров пешниҳод шуда буд, равшан гардид. Дар вақти омӯхтани синфҳои
асосии пайвастагиҳои органикӣ, мо бо намудҳои гуногуни изомерия вохӯрдем.
Намудҳои изомерия, ки ба моддаҳои органикӣ хос мебошанд, аз рӯи
аломатҳои муайян тасниф карда мешаванд. Аслан ду намуди изомерия,
структурӣ ва фазоӣ маълум аст.