|
| ||||||||||
► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор
►
Аминҳо
► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ
► Амидҳо:сохт, истеҳсол ва хосиятҳои онҳо ► Аминокислотаҳо ► Намунаҳои ҳалли мисол ва масъалаҳо ► Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор ► Савол ва супоришҳо ва таҷрибаҳои лабораторӣ ► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо
►
Мафҳум дар бораи пайвастагиҳои калонмолекула
► Методҳои асосии синтези полимерҳо ► Полимеризатсия ► Моддаҳои пластикӣ ► Каучукҳои синтезӣ ► Нахҳои синтезӣ ► Саволҳо ва таҷрибаҳои лабораторӣ ► Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ
►
Нуқтаҳои асосии назарияи сохти химиявӣ
► Намудҳои изомерия ► Изомерияи структурӣ ► Изомерияи занҷири атомҳои карбон ► Изомерияи ҳолати бандҳои дучанда ва сечанда дар молекула ► Изомерияи ҳолати гурӯҳҳои функсионалӣ ё атомҳои алоҳида дар молекула ► Изомерияе, ки ба пайвастагиҳои органикии дар таркиби молекулаашон ҳалқаи бензолӣ дошта хос аст ► Изомерияи фазоӣ ё стереоизомерия ► Табиати электронии банди химиявӣ ► Синтезҳои муҳими саноатӣ дар асоси коркарди нафт ва дигар ашёҳои карбоҳидрогенӣ ► Намунаи ҳалли масъалаҳо ва саволҳо барои ҷавоб ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Тавсифи ҳолати электронҳо дар атом дар асоси механикаи квантӣ
► Системаи даврии муосири элементҳои химиявӣ ► Мавқеи лантаноидҳо ва актиноидҳо дар системаи даврии элементҳои химиявӣ ► Валентнокӣ ва имкониятҳои валентии атомҳо ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаи ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Навъҳои асосии банди химиявӣ ► Сохти фазоии молекулаи моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ ► Навъҳои панҷараҳои кристаллӣ ва хосияти моддаҳо ► Пайвастагиҳои комплексӣ ► Ададҳои координатсионӣ ► Системаҳои дисперсӣ ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаҳои ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ
►
Қонуни бақои массаи моддаҳо. Қонуни
Бақои масса табдили энергия дар реаксияҳои химиявӣ ► Таснифи реаксияҳои химиявӣ ► Суръати реаксияҳои химиявӣ ► Қонуни таъсири масса. Собити мувозинат ► Принсипи Ле-Шателе. Лағжиши мувозинати химиявӣ ► Катализ ва гидролиз ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаҳои ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона |
САФЕДАҲО
Сафедаҳо пайвастҳои калонмолекулаи табии (полимерҳо)е мебошанд, ки
молекулаашон аз боқимондаҳои
α-аминокислотаҳои
бо ҳамдигар бо ёрии банди пептидӣ (амидӣ) пайваста таркиб ёфтааст.
Миқдори
боқимондаҳои аминокислотаҳои ба таркиби молекулаи сафедаҳо дохилшаванда
аз 102 то 105 расида, массаи молекулавии нисбии
онҳо 104 - 107 -ро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр,
массаи молекулавии нисбии сафедаҳо хеле калон мебошад. Масалан, массаи
молекулавии нисбии сафедаи ба таркиби тухми мург дохилшаванда ба 36000,
аммо массаи молекулавии нисбии сафедаи таркиби мушак ба 300000 мерасад. Дар ибтидои асри XX олими олмонӣ Э. Фишер назарияи полипептидии сохти сафедаҳоро пешниҳод намуд. Мувофиқи ин назария сафедаҳо табиати полипептидӣ дошта, молекулаашон аз даҳҳо ва садҳо боқимондаҳои аминокислотаҳо таркиб ёфтааст. Э. Фишер ва муҳаққиқони дигар бо роҳи синтез пептидеро синтез намуданд, ки молекулааш аз 18 боқимондаи аминокислотаҳои гуногун таркиб ёфта буд ва бо ҳамин дурустии назарияи полипептидии сохти сафедаҳоро ба тарзи амалӣ исбот намуданд. Ин полипептид бо баъзе хосиятҳояш ба сафедаҳо шабоҳат дошт. Ҳоло бошад, ба дурустии назарияи полипептидии сохти сафедаҳо ҳеч кас шубҳа надорад. Ба таври содда синтези полипептидҳоро чунин тасвир намудан мумкин аст:
Формулаи зерин моддаеро (трипептид), ки дар натиҷаи пайваст шудани се аминокислота (дар маҳлул) ҳосил мешавад, тавсиф мекунад:
Ҳамин тавр, пайвастшавии аминокислотаи якум бо дуюм ва дуюм бо
сеюм бо ҷудошавии ду молекулаи об ва ҳосилшавии бандҳои
-CO-NH- мегузарад, ки онҳоро бандҳои пептидӣ меноманд.
Аз ин сабаб ҳамаи моддаҳоеро, ки чунин сохт доранд, пептидҳо меноманд.
боқимондаи аминокислотагӣ
меноманд.
Ҳамин тавр, аз формулаи боло бармеояд, ки дар занҷири полипептидӣ гурӯҳи
чандин маротиба такрор мешавад. Дар молекулаи сафедаҳо боқимондаҳои аминокислотагӣ пай дар пай ва бо тартиби муайян ҷойгир шудаанд. Ин тарзи ҷойгиршавии боқимондаҳои аминокислотаҳоро дар занҷири молекулаи сафеда сохти якумини сафеда меноманд:
Хосиятҳои функсионалии сафедаҳо ба конфигуратсияи фазоии онҳо,
яъне ба ҷойгиршавии атомҳои занҷири полипептидӣ дар фазо, вобаста аст.
Ҳар як сафеда конфигуратсияи ба худ хосро дорад. Ин сохти фазоии
сафедаҳо аз ҳисоби дар байни гурӯҳҳои CO ва NН-и
силсилаи полипептидӣ ҳосил шудани миқдори зиёди бандҳои ҳидрогенӣ пайдо
мешавад. Чунин сохти фазоии сафедаҳоро сохти дуюмин меноманд.
Аз сабаби он, ки дар молекулаи сафедаҳо гурӯҳҳои функсионалии
гуногун мавҷуданд, бинобар ин дар молекулаи онҳо ин гурӯҳҳои функсионалӣ
ба ҳамдигар таъсир карда, шакли устувори фазоиро ҳосил мекунанд. Масалан,
дар байни атомҳои сулфур бандҳои дисулфидӣ (-S-S-
), дар байни гурӯҳҳои карбоксилӣ ва ҳидроксилӣ бандҳои эфири мураккаб,
дар байни гурӯҳҳои карбоксилӣ ва аминӣ бошад, бандҳо ионӣ ҳосил мешаванд.
Дар ташкилёбии чунин сохти сафедаҳо бандҳои ҳидрогенӣ низ саҳм доранд.
Ин тарзи дар фазо ҷойгиршавии молекулаи сафедаҳоро сохти сеюмин меноманд.
Сохти сеюмин фаъолияти биологии молекулаи сафедаҳоро муайян мекунад. Дар
расми 3 ба сифати мисол сохти фазоии миоглобин оварда шуда аст. (Ниг.:
ба расми 3-и форзатс).
Хосияти физикии сафедаҳо. Як қисми сафедаҳо дар об нағз
ҳал шуда, қисми дигарашон ҳал намешаванд. Баъзеи онҳо (масалан, сафедаи
тухми мурғ) бо об маҳлулҳои коллоидӣ ҳосии мекунанд. Ҳангоми таъсири байни сафедаҳо ва намакҳои металҳои сабук таҳшиние ҳосил мешавад, ки онро боз дар об ҳал кардан мумкин аст. Аммо, ҳангоми таъсири намакҳои металлҳои вазнин (Pb, Hg, Fe ва ғ.) бошад, тағйиротҳои барнагардандаи молекулаи сафедаҳо ба амал меоянд ва дар натиҷа онҳо лахт мешаванд.
2. Реаксияҳои
рангаи сафедаҳо.
2.2. Реяксияи ксяитопротеиий. Бо таъсири кислотаи нитрати консентронида (ғализ) ранги сафедаҳо зард мешавад. Ин реаксия нишон медиҳад, ки дар таркиби сафедаҳо боқимондаи аминокислотаҳои ароматӣ мавҷуданд:
2.3. Дарёфти «сулфури сустпайвастшуда». Агар ба маҳлули сафеда аввал атсетати сурб (II) ва сипас ҳидроксиди натрий резем ва маҳлули ҳосилшударо гарм намоем, он гоҳ таҳшинии сиёҳ ҳосил мешавад, ки аз мавҷудияти сулфур шаҳодат медиҳад. Ҳангоми бо ишқорҳо гарм намудани сафедаҳо ионҳои S2- ҷудо мешаванд, ки онҳо бо ионҳои Pb2+ таҳшинӣ ҳосил мекунанд:
3. Ҳидролизи сафедаҳо. Дар зери таъсири ферментҳо ё ҳангоми гарм намудан бо ишқорҳо ё кислотаҳо сафедаҳо ба ҳидролиз дучор мешаванд:
Аз сабаби он, ки сафедаҳо ҳангоми ҳидролиз ба
аминокислотаҳо таҷ зия мешаванд, бо ёрии ин реаксия таркиби
аминокислотагии сафедаҳоро муайян кардан мумкин аст. Ҳидролизи сафедаҳо
дар илми муосири химия барои омӯзиши таркиб ва сохти сафедаҳо ба таври
васеъ мавриди истифода қарор дорад. |
||||||||||
DIAMOND © Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз
карда шудаанд
|