|
| ||||||||||
► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор
►
Аминҳо
► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ
► Амидҳо:сохт, истеҳсол ва хосиятҳои онҳо ► Аминокислотаҳо ► Намунаҳои ҳалли мисол ва масъалаҳо ► Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор ► Савол ва супоришҳо ва таҷрибаҳои лабораторӣ ► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо
►
Мафҳум дар бораи пайвастагиҳои калонмолекула
► Методҳои асосии синтези полимерҳо ► Полимеризатсия ► Моддаҳои пластикӣ ► Каучукҳои синтезӣ ► Нахҳои синтезӣ ► Саволҳо ва таҷрибаҳои лабораторӣ ► Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ
►
Нуқтаҳои асосии назарияи сохти химиявӣ
► Намудҳои изомерия ► Изомерияи структурӣ ► Изомерияи занҷири атомҳои карбон ► Изомерияи ҳолати бандҳои дучанда ва сечанда дар молекула ► Изомерияи ҳолати гурӯҳҳои функсионалӣ ё атомҳои алоҳида дар молекула ► Изомерияе, ки ба пайвастагиҳои органикии дар таркиби молекулаашон ҳалқаи бензолӣ дошта хос аст ► Изомерияи фазоӣ ё стереоизомерия ► Табиати электронии банди химиявӣ ► Синтезҳои муҳими саноатӣ дар асоси коркарди нафт ва дигар ашёҳои карбоҳидрогенӣ ► Намунаи ҳалли масъалаҳо ва саволҳо барои ҷавоб ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Тавсифи ҳолати электронҳо дар атом дар асоси механикаи квантӣ
► Системаи даврии муосири элементҳои химиявӣ ► Мавқеи лантаноидҳо ва актиноидҳо дар системаи даврии элементҳои химиявӣ ► Валентнокӣ ва имкониятҳои валентии атомҳо ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаи ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Навъҳои асосии банди химиявӣ ► Сохти фазоии молекулаи моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ ► Навъҳои панҷараҳои кристаллӣ ва хосияти моддаҳо ► Пайвастагиҳои комплексӣ ► Ададҳои координатсионӣ ► Системаҳои дисперсӣ ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаҳои ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ
►
Қонуни бақои массаи моддаҳо. Қонуни
Бақои масса табдили энергия дар реаксияҳои химиявӣ ► Таснифи реаксияҳои химиявӣ ► Суръати реаксияҳои химиявӣ ► Қонуни таъсири масса. Собити мувозинат ► Принсипи Ле-Шателе. Лағжиши мувозинати химиявӣ ► Катализ ва гидролиз ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаҳои ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона |
ТАБИАТИ ЭЛЕКТРОНИИ БАНДИ ХИМИЯВӢ
Шумо
аллакай медонед, ки барои пайвастагиҳои органикӣ бандҳои ковалентӣ хос
мебошанд. Онҳо дар натиҷаи пӯшидашавии абрҳои электронӣ ҳосил мешаванд.
Сохти молекула ва мустаҳкамии бандҳои он аз пӯшидашавии абрҳои
электронии атомҳо ва шакли фазоии абрҳои электронии ҳибридӣ вобаста аст.
Масалан, дар молекулаи метан абрҳои электронии ҳибридии атоми карбон дар
фазо шакли тетраэдрро мегиранд.
Дараҷаи
пӯшидашавии абрҳои электронӣ аз намуд ва шаклҳои абрҳои электронии
пӯшидашаванда вобаста аст. Масалан, пӯшидашавии s-абрҳои электронӣ аз
самти пӯшидашавӣ вобаста нест, зеро ки шакли фазоии s-абрҳои электронӣ
курашакл буда, ҳамаи самтҳо барои онҳо баробарқувва мебошанд. Барои р-абрҳо
ва абрҳои электронии ҳибридӣ бошад, дараҷаи пӯшидашавии абрҳои электронӣ
ва мустаҳкамии бандҳои химиявие, ки ин абрҳо ба вучуд меоранд, аз самти
пӯшидашавии абрҳои электронӣ вобаста аст. Дараҷаи баландтарини
пӯшидашавӣ, ё ин ки, ҳосилшавии банди химиявии устувор дар он ҳолатҳо ба
амал меояд, ки агар пӯшидашавии абрҳои электронӣ дар хатти
пайвасткунандаи ядроҳои атомҳо ҷойгир бошад. Дар ин ҳолатҳо σ(сигма)-банд
ҳосил ме шавад. Агар самтҳои мувофиқи абрҳои электронӣ ва пӯшидашавии
онҳо берун аз ин хат ҷойгир бошанд, он гоҳ π(пи)-банд ҳосил мешавад.
Мисоли ин бандҳоро дар молекулаҳои этилен ва атсетилен дидан мумкин аст.
Вале агар ин π-бандҳо ҳалқа ташкил намоянд, масалан чун ҳалқаи бензол,
он гоҳ абри π-электронии ягонаи ҳалқа ҳосил мешавад, ва ин ба
устуворшавии π-бандҳо меорад. Ҳамин тавр, дар ҳалқаи бензолӣ системаи
ягонаи лэлектронҳо ҳосил мешавад. Аз ин сабаб ҳалқаи бензолӣ аз назари
химиявӣ хеле устувор аст ва шумо инро хуб медонед. |
||||||||||
DIAMOND © Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз
карда шудаанд
|