Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона

1. Аз 250 т маъдане, ки 70% FeS2 дорад, чӣ қадар оҳан ҳосил намудан мумкин аст, агар баромад 82%-ро ташкил диҳад.?
Ҷавоб: 66,97 т
2. Дар натиҷаи таъсири маҳлули 40%-и NaOH (р = 1,4 г/см3) ба 9 г омехтае, ки аз алюминий ва оксиди он иборат аст, 3,36 л газ (ш.м.) хориҷ шуд. Миқдори фоизии омехта муайян карда шавад.
Ҷавоб: 30% А1, 70% AI2O3.
3. Моддаҳоеро, ки дар натиҷаи тасфонидани 1,28 г мис дар ҷараёни оксиген ҳосил шудаанд, ба хлориди мис (II) мубаддал намуданд. Муайян кунед, ки чӣ қадар (бо мл) маҳлули 4%-и кислотаи хлорид (р = 1,02 г/мл) сарф шудааст ва массаи хлориди мис (II) чӣ қадар аст?
Ҷавоб: 35,78 мл HCl; 2,7г CuCl2
4. 9,1 г хӯлаи мис ва алюминийро дар маҳлули ишқори 50%-а ҳал карданд. Намаки ҳосилшударо ҷудо намуда тафсонданд. Массаи боқимонда 8 гро ташкил дод. Ҳаҷми ишқори натрийи сарфшуда (р =1,4 г/мл) муайян карда шавад.
Ҷавоб: 5,56 мл.
5. Барои хлоронидани 12,9 г омехтаи мис ва руҳ 4,48 л хлор (ш.м.) сарф шуд. Таркиби омехтаро бо фоиз муайян кунед.
Ҷавоб: 49,6% Cu; 50,4% Zn
 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz