Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

ҚОНУНИ ТАЪСИРИ МАССА. СОБИТИ МУВОЗИНАТ

    Шумо медонед, ки реаксияҳои химиявӣ баргарданда ва барнагарданда мешаванд. Қисми бештари реаксияҳои химиявӣ баргардандаанд. Реаксияи шартии зеринро мебинем:

    Реаксияеро, ки дар натиҷаи он аз моддаҳои А ва В моддаҳои C ва D ҳосил мешаванд, реаксияи рост меноманд. Реаксияе, ки дар натиҷаи он аз моддаҳои C ва D моддаҳои А ва В ҳосил мешаванд, реаксияи чап номида мешавад. Дар ибтидо, дар система танҳо моддаҳои А ва В мавҷуданд, бинобар ин танҳо реаксияи рост мегузарад. Вале бо ҳосил шудани моддаҳои C ва D реаксияи чап низ мегузарад.
    Мувофиқи қонуни асосии кинетикаи химиявӣ суръати реаксияи рост чунин аст:

    Азбаски консентратсияи молярии ин моддаҳо бо гузаштани вақт кам мешавад, суръати реаксияи рост низ бо гузаштани вақт кам мешавад. Дар айни замон бо зиёд шудани моддаҳои C ва D суръати реаксияи чап меафзояд, ки ин аз формулаи суръати реаксияи чап равшан аст:

    Пас аз муддати муайян лаҳзае оғоз меёбад, ки суръати реаксияҳои рост ва чап бо ҳам баробар мешаванд. Он ҳолати системаро, ки дар он суръати реаксияи рост ба суръати реаксияи чап баробар аст, ҳолати мувозинатӣ меноманд. Консентратсияи моддаҳои ба реаксия дохилшаванда ва дар натиҷаи реаксия ҳосилшавандаро дар ҳолати мувозинатӣ консентратсияҳои мувозинатӣ меноманд, ки бо аломатҳои [А], [В], [С] ва [D] ишора карда мешаванд. Аз сабаби он, ки Xр = Xч аст, пас

  мешавад.

    Аз ин ҷо ёфтан душвор нест, ки:

     Таносуби собити суръати реаксияи рост ба собити суръати реаксияи чап собити мувозинати химиявӣ номида мешавад ва онро бо KМ ишора мекунанд. Чун собити реаксияҳои рост ва чап собити мувозинати химиявӣ аз ҳарорат вобастагӣ дорад. Барои бештари реаксияҳои химиявӣ, қимати KМ дар маълумотномаҳо оварда шудаанд. Формулаи дар боло овардашуда ифодаи математикии қонуни таъсири масса мебошад, ки таърифи он чунин аст:
    Нисбати ҳосили зарби консентратсияҳои мувозинатии моддаҳои ба реаксия дохилшаванда, ки ба дараҷаҳои зарибҳои стехиометриашон бардошта шудаанд, бар ҳосили зарби консентратсияҳои мувозинатии моддаҳои дар натиҷаи реаксия ҳосилшуда, ки ба дараҷаҳои зарибҳои стехиометриашон бардошта шудаанд, дар ҳарорати додашуда адади доимӣ мебошад.
    Мувофиқи ин қонун собити мувозинати химиявӣ барои реаксияи баргардандаи синтези аммиак
чунин мешавад:

     Собити мувозинати химиявӣ бузургии хеле муҳим аст. Агар собити мувозинати химиявӣ дар шароити додашуда ба мо маълум бошад, он гоҳ дар асоси қонуни таъсири масса таносуби миқдори ниҳоии моддаҳои ба реаксия дохилшуда ва моддаҳои дар натиҷаи реаксия ҳосилшударо дар шароити додашуда ёфта метавонем. Аз қонуни таъсири масса рав шанаст, ки агар KМ> I бошад, дар ҳолати мувозинати химиявӣ миқдори моддаҳои дар натиҷаи реаксия ҳосилшуда аз моддаҳои аввала бештар аст.
     Қонуни таъсири масса имконият медиҳад, ки роҳи беҳтарини ҳосил намудани ин ё он моддаро муайян кунем. Фарз мекунем, ки моддаи матлубро ба воситаи якчанд реаксияи химиявӣ ҳосил кардан мумкин аст. Мо аз байни ин реаксияҳо ҳамонашро интихоб мекунем, ки дар шароити муфидтарин дорои собити мувозинати химиявии калонтарин бошад.
    Мувозинати химиявии система ҳаргиз маънои онро надорад, ки дар система реаксияи химиявӣ ба охир расидааст. Дар ҳолати мувозинати химиявии система ҳам реаксияҳои рост ва ҳам чап ҷой доранд, вале танҳо таносуби миқдори моддаҳои ба реаксия дохилшуда ва дар натиҷаи реаксия ҳосилшуда тағйир намеёбад.
    Дар системаҳои ҳетерогенӣ низ собити мувозинати химиявӣ аз қонуни таъсири масса дарёфт карда мешавад, вале бояд дар назар дошт, ки дар формулаи собити мувозинати химиявӣ барои системаҳои ҳетерогенӣ танҳо консентратсияҳои моддаҳои дар фазаи газӣ ва моеъгӣ буда дохил мешаванд. Масалан, барои реаксияи ҳетерогении

собити мувозинати химиявӣ чунин муайян карда мешавад:

     Дар мисолҳои дар поён овардашуда собити мувозинати химиявии реаксияҳои ҳетерогенӣ мувофиқи мисоли дар боло овардашуда муайян карда мешаванд:

 


 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz