Намунаи ҳалли масъалаҳо
Ба 200
г маҳлули 20%а чанд грамм обро илова намоем, ки дар натиҷа маҳлули 10%а
ҳосил шавад?
Ҳал:
Тарзи 1. Аз
руи формулаи
мо массаи модда(m1)-ро муайян
мекунем:
Аз ин
формула массаи маҳлулеро, ки баъди илова кардани об ҳосил шудааст,
муайян мекунем:
Ҷавоб: 200 г об.
Исботи алоқаи генетикӣ
Ба саволҳо ҷавоб диҳед
1) Барои тасдиқи ҳар як нуқтаи
назарияи А.М. Бутлеров ду-се мисол оред.
2) Моҳияти қоидаи В.В. Марковников аз назари сохти электронии муосир дар
чист?
3) Формулаи структурии ду ё се карбоҳидрогени беҳадро, ки формулаи
молекулавии якхела дошта, бо сохти занҷири карбонӣ фарқ мекунанд,
нависед. Ба сифати мисол, карбоҳидрогенҳои қатори этиленӣ ва
атсетилениро оред.
4) Формулаи структурии ҳамаи пайвастагиҳоро, ки формулаи молекулавиашон
C4H9CI аст нависед. Ин моддаҳоро номбар намуда ба
кадом намуди изомерия тааллуқ доштани онҳоро нишон диҳед.
5) Ҷуфтҷуфт формулаҳои моддаҳои зерин дода шудаанд:
Онҳоро номбар намуда, ба кадом
намуди изомерия мансуб будани онҳоро муайян кунед.
6) Бо мисолҳои мушаххас нишон диҳед, ки хосияти моддаҳо бо табиати
электронии бандҳои химиявиашон чӣ гуна вобастагӣ дорад.
7) Аз маҳсулотҳои нафтӣ собун ва дигар моддаҳои шуяндаро чӣ гуна ҳосил
намудан мумкин аст? Муодилаи реаксияҳои мувофиқро нависед.
8) Маҳсулотҳои коркарди нафт барои ҳосилкунии намудҳои алоҳидаи каучуи
синтезӣ ҳамчун ашёи хом хизмат мекунанд. Муодилаи реаксияҳои мувофиқро
нависед.
9) Ашёи хоми карбоҳидрогенӣ (нафт, ангишт, гази табиӣ) барои истеҳсоли
полиэтилен, фенопласт ва рангкунандаҳо (дар асоси анилин) истифода
мешаванд. Муодилаи реаксияҳои мувофиқро нависед.
10) Метанол барои синтези маҳсулотҳои гуногун лозим аст. Бо овардани
муодилаи реаксияҳо нишон диҳед, ки проблемаи ис теҳсоли CH3OH
аз ашёи карбоҳидрогенӣ чӣ хел ҳал карда шуда аст?