Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

Саволҳо

1. Кадом моддаҳо ба витаминҳо мансубанд?
2. Витаминҳо бо кадом аломатҳояшон аз дигар моддаҳои ғизоии органикӣ фарқ мекунанд?
3. Витаминҳо дар организм чӣ нақш доранд?
4. Витаминҳо ба кадом гурӯҳҳо тақсим мешаванд?
5. Антивитаминҳо дар организм чӣ нақш доранд?
6. Антивитаминҳо ба кадом гурӯҳҳо тақсим мешаванд?
7.Чӣ гуна моддаҳоро ҳормонҳо меноманд ва онҳо ба кадом гурӯҳ ҳо тақсим мешаванд?
8. Антибиотикҳо ба кадом моддаҳо мансубанд ва таснифоти онҳо чӣ гуна аст?
9. Чӣ гуна моддаҳоро пеститсидҳо меноманд?

Таҷрибаҳои лабораторӣ

Реаксияҳои сифатӣ бо витаминҳо
Кислотаи аскорбинат (витамини С)
Реаксия бо гексасиано(Ш) феррати калий.

     Кислотаи аскорбинат оксид шуда, гексасиано(111)феррати калийро К3[Ғе(СN)6] то гексасиано(11)феррати калий К4[Ғе(СN)6] барқарор мекунад, ки он бо иони оҳани дараҷаи оксидшавиаш +3 дар муҳити кислотагӣ гексаси ано(11)феррати оҳан Ғе4[Ғе(СN)6]3 (лоҷварди берлинӣ) ҳосил мекунад.
Рафти кор.
     Ду пробиркаро тайёр намуда, ба яктояш 1 мл оби муқаттар мерезанду ба дигараш 1мл шираи карам. Ба ҳар як пробирка ду қатра маҳлули 5%и ҳид роксиди калиӣ, ду қатра маҳлули 5%и гексасиано(111)феррати калий К3[Ғе(СN)6] илова мекунанд ва пробиркаҳоро сахт меафшонанд.

     Пас аз он ба пробиркаҳо 610 қатра маҳлули 10%и кислотаи хлорид ва 1¬2 қатра маҳлули 1%и хлориди оҳан (III) меандозанд. Тагйиротҳои дар про биркаҳо рух додаро дар дафтар қайд мекунанд. Дар пробиркае, ки шираи карам дошт, бояд таҳшинии кабуди (ё кабуди моил ба сабзӣ) лоҷварди берлинӣ ҳосил шавад.

     Витамини B2(рибофлавин)
     Реаксияи баркароршавӣ.

     Ин реаксия ба барқароршавии рибофлавин, аввал то родофлавини ранги гулобидошта ва пасон то лейкофлавини беранг, асос ёфта аст. Лейкофлавин метавонад боз то рибофлавин оксид шавад.
Рафти кор.
     1/10 ҳиссаи ҳаби рибофлавин дар 5 мл об ҳал карда мешавад. Рангтирӣ ва флуорессенсияи маҳлулро мушоҳида менамоянд ва онро дар дафтар менависанд. Ба пробирка бо эҳтиёт ба воситаи пипетка 10 қатра кислотаи хлориди ғализ ва порчаи хурди рӯҳро илова мекунанд, ки онҳо барои ҳосил намудани ҳидрогени атомӣ зарур мебошанд. Ҳидрогени атомии ҳосилшуда барои рибофлавин барқароркунанда мебошад. Тагйиротҳои рухдодаро ба дафтар ме нависанд. Моеъ бояд, аввал оҳиста оҳиста ранги гулобиро гирад ва пас аз он беранг шавад. Агар пробиркаро сахт афшонем, он гоҳ маҳлул ранги аввалаашро мегирад.

     Шинохти амилазаи оби даҳон.
     Тайёр намудани оби даҳоии коисеитратсияаш паст.
Барои тоза намудани даҳон аз боқимондаҳои гизо онро бо об ду се маро тиба мешӯянд. Сипас дар силиндр 50 мл оби муқаттар гирифта бо он даҳонро дар муддати 35 дақиқа чанд маротиба обгардон мекунанд. Моеъи пас аз об гардон кардан ҳосилшударо ба воситаи пахта филтр мекунанд ва онро барои кори минбаъда истифода мебаранд.
     Рафти кор.
     Ҳидролизи крахмал бо таъсири амилаза.
    Ба ду пробирка 5 млрӣ маҳлули 1%и крахмал мерезанд. Пас аз он ба пробиркаи якум 5 мл оби муқаттар ва ба дигараш 5 мл маҳлули оби даҳон илова мекунанд. Ҳар ду пробиркаро дар стакани ҳарорати обаш 40°С буда мегузоранд. Пас аз 1 дақиқа аз ҳар як пробирка бо чӯбчаи шишагӣ як қатрагӣ моеъ гирифта дар лавҳачаҳои чинӣ бо қатраҳои йод омехта мекунанд. Гириф тани қатраҳоро пас аз 2, 4, 6 ва 8 дақиқа такрор мекунанд. Ранги ҳар як намунаро қайд мекунанд. Нишондодҳои мушоҳидаҳоро дар ҷадвал менависанд.

Вақт, дақ.

Ранги намуна

 

Пробирка бо оби даҳон

Пробирка бо об

1

 

 

2

 

 

4

 

 

6

 

 

8

 

 

     Ранги намунаи аз маҳлули оби даҳон гирифташуда бо таъсири йод ран гашро пай дар пай аз ранги кабуд ба бунафши кабуд, сурхи сиёҳтоб, сурх ва зард тагйир медиҳад.
Шинохти алдегидоксидазаи шири хом.
      Рафти кор.
     Се пробирка гирифта ба ҳар кадоми он 5 мл шири гов мерезанд. Яке аз намунаҳоро 23 дақиқа ҷӯшонида сипас хунук мекунанд. Ба намунаи ҷӯшони дашуда ва яке аз намунаҳои хом 1 мл маҳлули 0,4%-и маҳлули фармалдегид ва ба дигараш 1мл оби ноҷӯшонидаро илова менамоянд. Пас аз он ба ҳар як пробирка 1мл маҳлули метилени кабудро мерезанд. Моеъҳои дар дохили про биркаҳо бударо бисёр хуб омехта мекунанд ва ба ҳар кадоми онҳо 3-4 қатра равгани вазелинӣ мечаконанд, то ки онҳоро аз расиш бо оксигени ҳаво эмин доранд. Пробиркаҳоро ба зарфи ҳарорати обаш 40°С буда мегузоранд ва тагйирёбии рангҳои онҳоро мушоҳида менамоянд.
     Баъд аз чанд фурсате моеъи дар пробикаи бо шири ноҷӯшонида буда аз ҳисоби барқароршавии метилени кабуд беранг мешавад. Агар маҳлули бе рангро сахт афшонанд, то ки ҳаво тавонад ба он ворид шавад, он гоҳ он боз ранги кабудро соҳиб мешавад.
     Бо сабаби мавҷуд набудани фермент дар шири ҷӯшонидашуда ва мавҷуди яти формалдегид дар пробиркаи дигар ранги маҳлули онҳо тагйир намеёбад.
Таъсири ҳарорат ба фаъолияти амилазаи оби даҳон
     Рафти кор.
     Ба чор пробиркае, ки бо рақамхо қайд карда шудаанд, 2 мл маҳлули 1%-и крахмал мерезанд. Пробиркаи 1-ро дар оби ҷӯшидаистода, пробиркаи 2-ро дар зарфи ҳарорати обаш 40°С буда, пробиркаи 3-ро дар ҳарорати мӯътадил ва пробиркаи 4-ро дар оби яхдор нигоҳ медоранд. Пас аз он, ки ҳарорати моеъҳои дохили пробиркаҳо ба ҳароратхои муҳитҳояшон баробар мешавад, ба ҳар як пробирка 0,5 мл маҳлули оби даҳонро андохта дар ҳамон шароит бо чӯбчаи шишагин омехта мекунанд.
Аз рафти ҳидролиз бо ёрии йод мушоҳида мекунанд. Ба лавҳачаи чинӣ якчанд қатра маҳлули йод мечаконанд ва сипас аз ҳар як пробирка намунаҳо ро пас аз 1, 2, 4, 6, 8, 10 ва 12 дақиқа гирифта бо қатраҳои йод омехта мекунанд. Аз рӯи тагйирёбии ранги крахмал дар зери таъсири йод дар бораи дараҷаи ҳидролизи крахмали ҳар як пробирка баҳо медиҳанд.
     Натиҷаҳои мушоҳидаҳоро дар ҷадвал қайд мекунанд: «к»ранги кабуд (крахмал), «с»ранги тобиши сурхдошта (декстринҳо), «з» ранги зард (набу дани крахмал, ранги зарди йод).

t0С

Реаксия бо йод пас аз :

1 дақ.

2 дақ.

4 дақ.

бдақ.

8дақ.

10 дақ.

12дақ.

1

100

 

 

 

 

 

 

 

2

40

 

 

 

 

 

 

 

3

1520

 

 

 

 

 

 

 

4

05

 

 

 

 

 

 

 


 





 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz