Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

ХИМИЯ ДАР ҲАЁТИ MO

      Мо дар ҳаёти худ бо маводҳои доруворӣ, иловаҳои ғизоӣ ва молҳои химияи маишӣ (маводи шӯянда, маводи мубориза ба муқобии ҳашаротҳо ва ғайра) сару кор дорем. Новобаста аз он ки ин ашё ба талаботи рӯзмарраи мо табдил ёфтаанд, ҳангоми истифода аз онҳо бисёр эҳтиёт шудан лозим аст, зеро ҳатто моддаи химиявии муфид дар натиҷаи истифодаи нодуруст ба саломатии инсон зарар оварданаш мумкин аст.
     Маводи доруворӣ. Mo аз бисёр маводи доруворӣ, ки хосияти паст кардани ҳарорат (аспирин, парасетамол), хосияти зиддимикробӣ (антибиотикҳо ва дорувориҳои сулфаниламидӣ) ва ғайра доранд, бе машварати духтур истифода мебарем. Аз ин сабаб хосиятҳои муфиди маводи дорувориро дида мебароем ва оқибатҳои нофорамеро, ки дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани онҳо рух медиҳанд, муайян менамоем.
      Аспирин дар аксари ҳолатҳо чун доруи дорои хосияти паст намудани ҳарорат ва кам намудани дард истифода бурда мешавад. Дар соли 1993 олимони олмонӣ ва японӣ кашф намуданд, ки аспирин ба вируси грипп таъсири марговар мерасонад. Аз ин сабаб аспирин ба таркиби маводи дорувории зиддигриппӣ дохил мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, аспиринро мо бояд мувофиқи нишондоди дастурамал истеъмол намоем. Аспирин ҳангоми ба организм ворид шудан ҳидролиз шуда, ба кислотаҳои салитсилат ва атсетат таҷзия мешавад. Аз ин сабаб ҳангоми истеъмоли аспирин дараҷаи муҳити кислотагии шираи меъда зиёд мешавад ва ин ба захмӣ шудани меъда оварда мерасонад. Ин таъсири манфии аспирин аст.

      Паратсетамол ба сифати доруи ҳарорат ва дардпасткунанда васеъ истифода бурда мешавад. Вале бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки онро ба кӯдакони то 6 сола ва ба беморони гурдаашон касал тавсия додан мумкин нест.
      То вақтҳои охир аналгин чун доруи дардпасткунандае, ки ба тавсияи духтур эҳтиёҷ надошт, мавриди истифода буд. Вале дар даҳсолаҳои охир чунин таъсирҳои манфии аналгин ба организм чун пахш намудани тавлиди хун, вайрон шудани функсияҳои гурда ва ҷигар ошкор карда шуданд. Ҳангоми қабули беназорати аналгин бавуҷудоии аксуламали аллергӣ, аз он ҷумла бо натиҷаи марговар ба мушоҳида расидааст. Аз ҳамин сабаб аналгинро танҳо дар зери назорати духтурон қабул кардан лозим аст.

    Гурӯҳи дорувориҳои дигар, ки бисёр маъмул гардидаанд, антибиотикҳо мебошанд. Онҳо фаъолияти микроорганизмҳоро пахш мекунанд. Антибиотики аввалинро олимони англис Х. Флор ва Ҷ. Чейн дар соли 1940 аз маҳсули фаъолияти ҳаётии як намуди занбурӯғи сабзи Penicillum (занбурӯғи Флеминг) ҳосил карда буданд.
     Азбаски микроорганизмҳо ба таъсири антибиотикҳо тез тобовар мешаванд, бинобар ин зарурати пайдо намудани антибиотикҳои нав вазифаи муҳим гардид. Аллакай дар соли 1985 короии антибиотикҳои насли якум (бензилпенитсиллин, стрептомитсин, тетрасиклин, левомитсетин) 3040%, короии антибиотикҳои насли дуюм (антибиотикҳои нимсинтезӣ) 6080%-ро ташкил мекарданд. Дар айни замон антибиотикҳои насли чорум ва панҷум (масалан, сипрофлоксатсин), ки короии хеле баланд доранд, мавҷуданд. Аз ин сабаб беҳтар аст, ки аз антибиотикҳои насли якум ва дуюум камтар истифода барем. Антибиотикҳои насли навро танҳо дар зери назорати қатъии духтурон қабул кардан лозим аст, зеро таъсири ғайриасосии онҳо дар нест намудани микрофлораи муфиди меъда ва рӯда таҷассум меёбад ва ин боиси вайрон шудани раванди ҳазми ғизо ва мубтало шудан ба бемориҳои меъдаю рӯда шуда метавонад. Ҳамин гуна муносибати эҳтиёткорона нисбати маводи дорувории сулфаниламидӣ низ лозим аст.
      Маводҳои синтезии шӯянда ва мубориза ба муқобили ҳашаротҳо ба молҳои химияи маишӣ мансубанд. Новобаста аз он ки ин маводҳо мавриди истифодаи қариб ҳаррӯза мебошанд, ҳангоми истифода аз онҳо боэҳтиёт будан лозим аст.
      Маводи шӯяндаи сиитезӣ(МШС). МШС асосан аз занҷирҳои дарози карбонӣ иборатанд, ки бо гурӯҳҳои функсионалии қутбӣ, дар аксари ҳолатҳо бо гурӯҳи карбоксилӣ, пайваст шудаанд. Занҷири карбонӣ хосияти ҳидрофобӣ дошта, гурӯҳи қутбӣ бошад, хосияти ҳидрофилӣ дорад. Қобилияти ҷомашӯии ин маводҳо ба он асос ёфтааст, ки қисми ҳидрофобии МШС ба дохили қисми ҳидрофобии чирк (равған ва ғайра) ворид мегардад ва дар натиҷа молекулаи чирк бо пардаи ҳидрофилӣ пӯшида шуда ба маҳлули обӣ мегузарад. Таъсири ғайриасосии МШС аз он иборат аст, ки он, асосан, сабабгори хориши пӯст мегардад.
     Маводҳои муборизя ба муқобили ҳашаротҳо. Ба сифати маводҳои мубориза ба муқобили ҳашаротҳо пайвастагиҳои фосфорорганикӣ ва хлорорганикӣ, масалан, дихлофос ва хлорофос, мавриди истифодаанд. Механизми таъсири ин моддаҳо ба ҳашарот ва ҳайвонот ба ғайрифаъол намудани ферментҳои ҳаётан муҳим, дар навбати аввал холинэстераза, асос ёфтааст.

      Холинэстераза ҳидролизи атсетилхолинро метезонад. Ҳангоми нофаъол шудани холинэстераза атсетилхолин барзиёд ҳосил мешавад, ки он ба қатъ гардидани интиқоли импулсҳои асаб мусоидат мекунад. Дар натиҷа фалаҷшавии органҳои ҳаётан муҳими ҳашарот, ҳайвон ва ё инсон ба амал меояд. Аз ин сабаб бо ин маводҳо бисёр боэҳтиёт муносибат кардан лозим аст ва онҳоро дар назди маводи ғизоӣ нигоҳ доштан мумкин нест.
     Иловаҳои ғизоӣ. Дар солҳои охир як теъдод моддаҳои химиявӣ ба сифати иловаҳои ғизоӣ истифода бурда мешаванд, ки онҳо маза ва ранги ғизоро беҳтар ва мӯҳлати истифодаи онро дарозтар мекунанд. Қайд намудан лозим аст, ки намак, шакар ва дигар намуди адвияҳо ба иловаҳои ғизоии табиӣ мансубанд.
      Дар ҷадвали 9 намунаҳои иловаҳои ғизоӣ оварда шудаанд.
     Бояд дар хотир дошт, ки як қисми ин иловаҳои ғизоӣ дорои хосиятҳои кансерогенӣ, мутагенӣ ва аллергенӣ мебошанд ва аз ин сабаб ҳангоми харидории маводи ғизоӣ ба иловаҳои ғизоии он эътибор додан лозим аст. Имрӯз бозори ватанӣ бо маҳсулоти ғизоии хориҷӣ пур карда шудааст. Ин маводҳои ғизоӣ дорои иловаҳои ғизоии гуногун мебошанд, ки на ҳамаи онҳо дорои сифатҳои зарурӣ ва безараранд.
     Дар ҷадвали 10 номгӯи як миқдор иловаҳои ғизоии зарарнок оварда шудаанд.

 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz