Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

s-МЕТАЛЛҲО

     Металлҳои гурӯҳи 1-уми системаи даврӣ. Хосиятҳои умумии химиявии металлҳои гурӯҳи 1-уми системаи даврӣ ба сохти электронии атоми элементҳои ин гурӯҳ алоқаманд аст. Онҳо дар қабати берунаи электрониашон як s-электрон доранд, ки он аз ядро дур ҷойгир шудааст. Бинобар ин металлҳои гурӯҳи 1-ум s-электронашонро ба осонӣ дода, ба ионе табдил меёбанд, ки дорои конфигуратсияи устувори электронии ба конфигуратсияи электронии газҳои инертӣ монанд мебошад. Аз ин рӯ, металлҳои гурӯҳи 1-ум намояндаҳои хоси металлҳо буда, барқароркунандаҳои қавитарин мебошанд. Қобилияти барқароркунандагии онҳо ба дараҷаест, ки ҳатто ҳидрогенро барқарор намуда, онро ба иони зарядаш манфӣ табдил медиҳанд. Ин реаксия ҳангоми гарм кардани металлҳо дар ҷараёни ҳидроген ба амал меояд:

    Металлҳои гурӯҳи 1-ум дар қисми аввали қатори электрохимиявии шиддат ҷойгир шудаанд. Онҳо бо об таъсири мутақобил менамоянд, ки дар натиҷаи он ҳидроген ҳориҷ шуда, ишқорҳо, яъне асосҳои қавӣ, ҳосил мешаванд:

    Металлҳои ишқорӣ (металлҳои гурӯҳи 1-уми системаи даврӣ) бо оксиген башиддат ба реаксия дохил мешаванд: рубидий ва сезий дар ҳаво аланга мегиранд; литий, натрий ва калий дар ҳаво оксид мешаванд, вале бо каме гарм кардан онҳо низ аланга мегиранд. Аз байни ин металлҳо танҳо литий оксиди муқаррарӣ ҳосил менамояд:

    Металлҳои ишқории боқимонда дар ҳаво танҳо пайвастагиҳои пероксидӣ ҳосил менамоянд:

     Металлҳои ишқорӣ бо ҳалогенҳо басо бошиддат ба реаксия дохил мешаванд:

   Ҳангоми таъсири мутақобили металлҳои ишқорӣ ва кислотаҳои консентратсияашон паст ҳама вақт ҳидроген хориҷ мешавад:

    Металлҳои ишқорӣ бо кислотаҳои консентронида, ба истиснои нитрат ва сулфат, бо хориҷ намудани ҳидроген ба реаксия дохил мешаванд. Ҳангоми таъсири мутақобил бо кислотаҳои консентронидаи сулфат ва нитрат металлҳои ишқорӣ онҳоро мутаносибан то NO барқарор менамоянд:

      Металлҳои гурӯҳи 2-юми системаи даврӣ. Ба гурӯҳи 2-юми системаи даврӣ металлҳои зерин дохил мешаванд: Be, Mg, Ca, Sr, Ba ва Ra. Онҳо, ба истиснои бериллий, дорои хосиятҳои баръалои металлӣ мебошанд. Хосиятҳои химиявии бериллий ба хосиятҳои химиявии алюминий наздик аст.
    Дар қабати берунаи электронии худ атомҳои ин металлҳо ду s-электрон доранд, ки онҳоро ба осонӣ дода метавонанд. Аз ҳамин сабаб хосиятҳои химиявии металлҳои гурӯҳи 2-юми системаи даврӣ аз металлҳои ишқорӣ на он қадар фарқ мекунанд.
     Онҳо дар ҳаво оксид мешаванд:

   Ҳангоми таъсири мутақобил бо об, ҳатто дар ҳарорати муқаррарӣ, ҳидрогенро аз таркиби об фишурда мебароранд:

    Вале бериллий ва магний бо об хеле суст таъсир мекунанд, зеро ҳидроксидҳои онҳо дар об камҳалшавандаанд ва бо пардаи тунук металлро пӯшонида ба рафти минбаъдаи реаксия монеъ мешаванд.
    Металлҳои гурӯҳи 2-юуми системаи даврӣ бо ҳидроген ба реаксия дохил шуда, чун металлҳои ишқорӣ, ҳидридҳо ҳосил мекунанд:

    Онҳо дар ҳарорати муқаррарӣ бо нитроген нитридҳо ҳосил мекунанд:

    Таъсири ин металлҳо бо кислотаҳои консентратсияашон паст бо хориҷ шудани ҳидроген мегузарад:

   Бо кислотаҳои консентронида низ, ба истиснои кислотаҳои нитрат ва сулфат, таъсири ин металлҳо ҳамин тавр мегузарад.
    Бериллий аз дигар металлҳои ин гурӯҳ бо хосиятҳои баръалои амфотерии худ фарқ мекунад:

    Барий ва стронсий низ металлҳои фаъол мебошанд ва хосиятҳояшон ба калсий монанд аст. Фарқашон фақат дар он зоҳир мешавад, ки онҳо ба шӯъла рангҳои гуногун медиҳанд.
 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz