Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

Ба саволҳо ҷавоб диҳед

1. Намудҳои асосии реаксияҳои химиявиро аз рӯи аломатҳои муҳими онҳо тасниф кунед. Мисолҳо биёред.
2. Ба реаксияҳои таҷзия, пайвастшавӣ ва ҷойгирӣ, ғайри мисолҳои нишондодашуда, мисолҳо биёред. Муодилаи реаксияҳоро нависед. Дар муодилаи реаксияҳои оксиду барқароршавӣ дараҷаҳои оксидшавиро гузоред ва гузариши электронҳоро нишон диҳед.
3. Бо мисолҳои мушаххас фаҳмонед, ки мафҳумҳои «эффекти гармии реаксия» ва «гармии ҳосилшавии реаксия» чиро ифода мекунанд.
4. Кадом реаксияҳо баргарданда ва кадомашонро барнагарданда меноманд? Мисолҳои мушаххас биёред.
5. Дар кадом шароитҳо реаксияҳои ионӣ то ба охир мегузаранд? Барои ҳар кадом ҳолат ду мисолӣ биёред ва муодилаи ин реаксияҳоро дар намуди пурраи молекулавӣ, пурраи ионӣ ва кӯтоҳи ионӣ тартиб диҳед.
6. Бо мисолҳои мушаххас омилҳои ба суръати реаксияи химиявӣ таъсиркунандаро гуфта диҳед.
7. Барои чӣ катализаторҳо суръати реаксияҳои химиявиро метезонанд? Мисолҳои мушаххас биёред.
8. Аз курсҳои химияи ғайриорганикӣ ва органикӣ барои реаксияҳои каталитӣ се-чор мисолӣ биёред.
9. Ҳидролизи намакҳоро шарҳ диҳед?

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Намунаҳои ҳалли масъалаҳо

1. Дар вақти бо алюминий барқарор намудани 100 г оксиди оҳан (III), 476,0 кҶ гармӣ хориҷ шуд. Эффекти гармии ин реаксияро муайян кунед?
Ҳал: Барои ҳалли ин масъала мо муодилаи онро тартиб медиҳем, массаи молии атоми оҳан (III)-ро муайян мекунем ва эффекти гармиро ҳисоб карда меёбем:

2. Ҳисоб кунед, ки дар вақти баланд намудани ҳарорат аз 20°С то 100°С, суръати реаксия чанд маротиба меафзояд, агар зариби ҳароратӣ ба 2 баробар бошад?
Ҳал: Барои ҳалли ин масъала мо аз формулаи       истифода мебарем:

Ҷавоб: суръати реаксия 256 маротиба меафзояд.

3. Дар натиҷаи ҳидролизи 8,80 г эфири мураккаб 6,0 г кислотаи якасоса ва 4,6 г спирти якатома ҳосил шуд. Эфири мураккабро муайян намоед.
Ҳал: Барои ҳалли ин масъала, мо формулаи эфири мураккабро, ки ба мо маълум нест, бо CnH2n+lCOOCmH2m+l ифода мекунем. Муодилаи реаксияи ҳидролизи эфирро менависем:

    Аз қонуни бақои масса миқори оби ба реаксия дохилшударо ёфтан мумкин аст:

    Бинобар ин миқдори дигар моддаҳои ба реаксия дохилшуда низ 0,1 молӣ аст. Бо дарназардошти ин массаҳои молекулавии ҳар як моддаро муайян карда метавонем:

     Акнун мо ҳисоб карда метавонем, ки эфири мураккаб аз кадом кислота ва спирт ҳосил шудааст:

       Пас, формулаи кислота CH3COOH аст. Ҳамин тавр, барои спирт ҳосил мекунем:

     Формулаи спирт CpH5OH аст.
     Пас, формулаи эфири мураккаб CH3COOC2H5, яъне эфири этилатсетат мебошад.

Ҷавоб: этилатсетат
 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz