Масъалаҳо барои ҳалли
мустақилона
1. Дар вақти пурра сӯхтани 0,68
г моддаи номаълум 1,28 г оксиди сулфур (IV) ва 0,36 г об ҳосил шуд.
Формулаи химиявии моддаи сӯзондашударо муай ян намоед.
Ҷавоб: H2S
2. Аз маҳлуле, ки 10 г ҳидроксиди натрий дорад, 20 г ҳидрогенсулфидро
гузарониданд. Кадом намак ҳосил шуд? Миқдори модда ва массаи онро ҳисоб
кунед.
Ҷавоб: 0,25 мол, 14 г NaHS
3. Аз 100 г кристаллоҳидрати хлориди алюминий (А1С136Н20)
чанд грамм оксиди алюминий ҳосил кардан мумкин аст?
Ҷавоб: 21,12 г.
4. Ба 18 г алюминии техникӣ бо ҳидроксиди натрии барзиёд таъсир намуданд.
Дар натиҷа 21,4 л газ (д.ш.м.) ҳосил шуд. Миқдори ғашҳоро дар алюминии
техникӣ бо фоиз муайян кунед, агар маълум бошад, ки дар он танҳо
алюминий бо NaOH ба реаксия дохил мешавад.
Ҷавоб: 4,45%.