Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

р-МЕТАЛЛҲО

     р-Металлҳои гурӯҳи 13-юми системаи даврӣ. Дар гурӯҳи 13-юми системаи даврӣ ҳамаи элементҳо, ба истиснои бор, ба металлҳо мансубанд. Ҳамаи элементҳои ин гурӯҳ дар қабати берунаи электронии атоми худ се электрон ду электрон дар s-қишр ва як электрон дар р-қишр доранд. Онҳо дар ҳамаи пайвастагиҳояшон дараҷаи оксидшавии +3-ро зоҳир менамоянд.
     Аз металлҳои ин гурӯҳ алюминий бештар аз ҳамаашон аҳамияти калони истеҳсолӣ дорад, бинобар ин хосиятҳои онро пурратар дида мебароем.
     Алюминий А1. Алюминий металли сабуки сафеди нуқрагун мебошад. Вай дар ҳарорати 660°С гудохта мешавад ва қобилияти баланди электргузаронӣ дорад. Дар ҳаво алюминий, ҳатто дар ҳарорати муқаррарӣ, оксид мешавад. Аз сабаби он, ки оксиди алюминий хосияти баланди ҳимоявӣ дорад, вай сатҳи алюминийро бо пардаи оксидӣ мепӯшонад ва реаксияи оксидшавӣ қатъ мегардад.
    Алюминие, ки сатҳаш аз пардаи оксидӣ тоза карда шудааст, бо об ба реаксия дохил шуда аз он ҳидрогенро берун мекунад:

    Кислотаҳои хлорид ва сулфати консентратсияашон паст, алюминийро ҳал менамоянд ва реаксия бо хориҷ гардидани ҳидроген мегузарад:

     Дар зери таъсири маҳлулҳои обии ишқорҳо пардаи оксидии алюминий вайрон шуда, ҳидроксоалюминатҳо ҳосил мешаванд:

     Ҳидроксиди алюминий ба ишқорҳо таъсир намуда, ҳидроксоалюминат ҳосил мекунад:

     Муодилаи ниҳоии ҳалшавии алюминий дар маҳлули обии ишқори натрий чунин аст:

     Алюминий, чун металл, ба ғайриметаллҳо таъсир менамояд ва барои онҳо барқароркунанда мебошад:

    Қобилияти барқароркунандагии алюминий ҳангоми барқарор намудани баъзе металлҳо аз оксидҳояшон низ зоҳир мегардад, ки он дар металлургия барои истеҳсоли металлҳо истифода мешавад:

    Элементҳои боқимондаи ин гурӯҳ низ, чун алюминий, хосияти амфотерӣ зоҳир менамоянд.
    р-Металлҳои гурӯҳи 14-уми системаи даврӣ. Ба металлҳои гурӯҳи 14-уми системаи даврӣ германий, қалъагӣ ва сурб доҳил мешаванд, ки дар қабати берунаи электрониашон чор электрон ду электрон дар S-қишр ва ду электрон дар р-қишр доранд. Ин элементҳо дараҷаи оксидшавии +2 ва +4 зоҳир менамоянд.
    Германий Ge. Конфигуратсияи қабати берунаи электронии германий 4s22 мебошад.
    Дар пайвастагиҳои химиявиаш германий дараҷаи оксидшавии +2 ва +4 зоҳир менамояд. Пайвастагиҳои германии дараҷаи оксидшавиашон +4 нисбат ба пайвастагиҳои германии дараҷаи оксидшавиашон +2 устувортар мебошанд. Дар қатори электрохимиявии шиддат германий дар байни мис ва нуқра ҷойгир шудааст.
    Дар ҳарорати муқаррарӣ германий ба таъсири оксиген, об, кислотаҳои хлорид ва сулфати консентратсияашон паст тобовар аст.
    Дар ҳарорати 700°С германий дар ҳаво ё ҷараёни оксиген тез оксид мешавад:

    Кислотаҳои консентронидаи нитрат ва сулфат германийро то Ge+4 оксид мекунанд:

    Германий металли амфотерӣ мебошад. Вай дар маҳлули ишқорҳои қавӣ суст ҳал мешавад, вале дар иштироки пероксиди ҳидроген бо ишқорҳо таъсири мутақобил мекунад:

    Германий нимноқил ҳисоб мешавад.
   Қалъагӣ Sn. Қалъагӣ бо об таъсири мутақобил намекунад. Кислотаҳои сулфат ва хлориди консентратсияашон паст бо қалъагӣ хеле суст ба реаксия дохил мешаванд. Ҳангоми гарм кардан суръати реаксия меафзояд. Дар натиҷаи таъсири мутақобили қалъагӣ ва кислотаи хлорид хлориди қалъагӣ (II) ҳосил мешавад:

    Ҳангоми таъсири калъагӣ ба кислотаи сулфат, бо сабаби оксидкунанда будани кислотаи сулфат, сулфати қалъагӣ (IV) ҳосил мешавад:

     Қалъагӣ бо кислотаи нитрат низ таъсири мутақобил мекунад ва маҳсули реаксия аз консентратсияи кислота вобастагӣ дорад:

    Хосияти амфотерии қалъагӣ дар таъсири мутақобили вай бо ишқори консентронида зоҳир мешавад:

    Сурб Pb. Сурб дар ҳаво ба тезӣ бо пардаи оксидӣ пушида мешавад, ки онро аз оксидшавии минбаъда нигоҳ медорад. Сурб бо об таъсири мутақобили бевосита намекунад. Вале дар иштироки ҳаво сурб бо об ба реаксия дохил мешавад:

    Кислотаи сулфати консентратсияаш паст ба сурб таъсир намекунад. Дар кислотаи консентронидаи сулфат сурб ҳал шуда, Pb(HSO4)2 ҳосил мекунад:

    Дар кислотаи нитрат бошад сурб ба осонӣ ҳал мешавад:

     Сурб бо ишқорҳо таъсири мутақобил намуда, ҳидроксоплюмбатҳоро ҳосил мекунад:

    р-Металлҳои гурӯҳи 15-уми системаи даврӣ. Ба металлҳои гурӯҳи 15-уми системаи даврӣ сурма ва висмут дохил мешаванд. Аслан, онҳо дорои хосияти ғайриметаллӣ низ мебошанд. Вале аз сабаби он, ки хосияти металлиашон бештар аст, ин элементҳоро ба металлҳо мансуб медонанд.
   Сурма Sb. Конфигуратсияи қабати берунаи электронии сурма Sb 5s23 мебошад. Дар пайвастагиҳояш сурма дараҷаҳои оксидшавии -3, +3 ва +5 зоҳир менамояд.

    Дар ҳарорати мӯътадил сурма дар ҳаво оксид намешавад, вале ҳангоми гармкунӣ дар ҳаво сӯхта Sb2O3-ро ҳосил мекунад:

    Сурма бо ҳалогенҳо хеле фаъолона ба реаксия дохил мешавад:

    Сурма ҳангоми гудозиш ба сулфур таъсир мекунад:

   Сурма бо об ва кислотаҳои консентратсияашон паст таъсири мутақобил намекунад. Дар натиҷаи таъсири сурма ва кислотаҳои консентронидаи хлорид ва сулфат хлориди сурма (III) ва сулфати сурма (III) ҳосил мешаванд:

    Кислотаи консентронидаи нитрат ба сурма таъсир намуда, онро то дараҷаи олӣ (+5) оксид менамояд:

    Сурма дар дараҷаи оксидшавии +3 хосияти амфотерӣ зоҳир менамояд:

    Оксиди сурмаи дараҷаи оксидшавиаш +5, асосан хосияти кислотагӣ дорад:

    Висмут Bi. Конфигуратсияи қабати берунаи электронии висмут 6s23 мебошад. Дараҷаҳои оксидшавии висмут -3, +1, +2, +3, +4, +5 мешаванд. Дар бештари ҳолатҳо висмут дараҷаи оксидшавии +3 зоҳир менамояд.
    Висмут бо ҳалогенҳо ва бо сулфур бевосита таъсир мекунад:

    Дар шароити муқаррари висмут дар ҳаво оксид намешавад. Вале ҳангоми сахт гарм кардан сӯхта оксиди висмут(Ш) ҳосил менамояд:

    Кислотаҳои сулфат ва хлориди консентратсияашон паст ба висмут таъсир намекунанд. Висмут танҳо ба кислотаи нитрати консентратсияаш паст ва кислотаи сулфати консентратсияаш баланди сахт гарм кардашуда таъсир менамояд:

    Ба пайвастагиҳои висмут (III) бо оксидкунандаҳои қавӣ таъсир намуда пайвастагиҳои висмут (V)-ро ҳосил кардан мумкин аст:

   Ҳамин тавр, дар асоси гуфтаҳои боло ба хулоса меоем, ки тамоми р-металлҳо, бо ин ё он дараҷа, хосияти амфотерӣ зоҳир менамоянд.

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz