|
| ||||||||||
►Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор
►
Аминҳо
► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ
► Амидҳо:сохт, истеҳсол ва хосиятҳои онҳо ► Аминокислотаҳо ► Намунаҳои ҳалли мисол ва масъалаҳо ► Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор ► Савол ва супоришҳо ва таҷрибаҳои лабораторӣ ► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо
►
Мафҳум дар бораи пайвастагиҳои калонмолекула
► Методҳои асосии синтези полимерҳо ► Полимеризатсия ► Моддаҳои пластикӣ ► Каучукҳои синтезӣ ► Нахҳои синтезӣ ► Саволҳо ва таҷрибаҳои лабораторӣ ► Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ
►
Нуқтаҳои асосии назарияи сохти химиявӣ
► Намудҳои изомерия ► Изомерияи структурӣ ► Изомерияи занҷири атомҳои карбон ► Изомерияи ҳолати бандҳои дучанда ва сечанда дар молекула ► Изомерияи ҳолати гурӯҳҳои функсионалӣ ё атомҳои алоҳида дар молекула ► Изомерияе, ки ба пайвастагиҳои органикии дар таркиби молекулаашон ҳалқаи бензолӣ дошта хос аст ► Изомерияи фазоӣ ё стереоизомерия ► Табиати электронии банди химиявӣ ► Синтезҳои муҳими саноатӣ дар асоси коркарди нафт ва дигар ашёҳои карбоҳидрогенӣ ► Намунаи ҳалли масъалаҳо ва саволҳо барои ҷавоб ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Тавсифи ҳолати электронҳо дар атом дар асоси механикаи квантӣ
► Системаи даврии муосири элементҳои химиявӣ ► Мавқеи лантаноидҳо ва актиноидҳо дар системаи даврии элементҳои химиявӣ ► Валентнокӣ ва имкониятҳои валентии атомҳо ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаи ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Навъҳои асосии банди химиявӣ ► Сохти фазоии молекулаи моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ ► Навъҳои панҷараҳои кристаллӣ ва хосияти моддаҳо ► Пайвастагиҳои комплексӣ ► Ададҳои координатсионӣ ► Системаҳои дисперсӣ ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаҳои ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ
►
Қонуни бақои массаи моддаҳо. Қонуни
Бақои масса табдили энергия дар реаксияҳои химиявӣ ► Таснифи реаксияҳои химиявӣ ► Суръати реаксияҳои химиявӣ ► Қонуни таъсири масса. Собити мувозинат ► Принсипи Ле-Шателе. Лағжиши мувозинати химиявӣ ► Катализ ва гидролиз ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаҳои ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Маълумоти мухтасар дар бораи таърихи инкишофи химия
► Саҳми олимони асрҳои миёнаи тоҷик дар инкишофи химия ► Асосҳои илмӣ ва принсипҳои умумии технологияи химиявӣ ► Химия ва ҳифзи муҳити зист ► Химия дар ҳаёти мо ► Химиконии кишоварзӣ ► Саволҳо барои ҷавоб ► Замима
|
АМИНОКИСЛОТАҲОАминокислотаҳо пайвастагиҳои органикии нитрогендоре мебошанд, ки дар молекулаашон гурӯҳҳои аминӣ (NH2) ва карбоксилии (СООН) бо радикали карбоҳидрогенӣ пайваста доранд. Аминокислотаи соддатарин кислотаи аминосирко мебошад:
Ин кислота бо
номҳои глитсин ва гликокол низ маълум аст.
Азбаски аминогурӯҳ метавонад дар назди атомҳои гуногуни занҷи ри карбонӣ ҷойгир шавад, аминокислотаҳо дорои изомерҳои гуногун мегарданд. Микдори изомерҳои аминокислотаҳо ба миқдори атомҳои карбони онҳо вобаста аст. Бо зиёд шудани атомҳои карбон миқдори изомерҳои аминокислотаҳо низ зиёд мешавад.
Ба ғайр аз номгузории байналмилалӣ, боз номгузории дигар низ истифода мешавад, ки дар он ба ҷои рақамҳо ҳарфҳои алифбои юнонӣ, ба мисли α, β, γ ва ғайра, гузошта мешаванд. Масалан, кислотаи аминобутанатро кислотаи ааминоравғанин, вале кислотаи аминобутанатро бошад, кислотаи аминоравғанин номидан мумкин аст:
Дар аксари
ҳолатҳо истилоҳи «аминокислота» танҳо барои кисло таҳои карбоние
истифода бурда мешавад, ки аминогурӯҳашон дар
α - ҳолат воқеъ аст.
дар ин ҷо R - радикали дилхоҳи
карбоҳидрогенӣ мебошад.
α - аминокислотаҳо аҳамияти калон доранд, зеро онҳо ба таркиби сафедаҳое дохил мешаванд, ки барои фаъолияти организмҳои зинда бениҳоят муҳиманд. Номҳои таърихии баъзе аминокислотаҳо ҳоло ҳам истифода мешаванд:
Аминокислотаҳоро, асосан, бо роҳҳои зерин ҳосил мекунанд: ҳидролизи
сафедаҳои табиӣ, синтез дар асоси ҳосилаҳои ҳалогении кислотаҳои карбонӣ
ва синтези микробиологӣ.
Дар табиат
микроорганизмҳое вомехӯранд, ки дар чараёни фаъоли яти ҳаётии худ
α - аминокислотаҳоро синтез мекунанд.
2. Онҳо, чун асос, ба кислотаҳо таъсир намуда намак ҳосил мекунанд:
3. Аминокислотаҳо бо спиртҳо ба реаксия рафта эфирҳои мураккаб ҳосил мекунанд:
Аминокислотаҳо ҳамчун моддаҳои амфотерӣ метавонанд ба як дигар таъсир намуда, пептидҳоро ҳосил намоянд:
Моддаи ҳосилшуда метавонад бо молекулаи дигари аминокислота ба реаксия равад ва ин раванд чандин маротиба такрор меёбад. Дар натиҷа пайвастагиҳои калонмолекула ҳосил мешаванд, ки бо номи полипептидҳо маъмуланд. Гурӯҳи атомҳои - ро гурӯҳи пептидӣ (амидӣ) ва банди байни атомҳои карбон ва нитрогенро банди пептидӣ ё амидӣ меноманд. Полипептидҳо барои фаъолияти ҳаётии организмҳои зинда аҳамияти калон доранд. Истифода.
Аминокислотаҳо, махсусан ааминокислотаҳо, барои синтези сафедаҳо дар
организми зинда муҳим мебошанд. Инсон ва ҳайвонот аминокислотаҳои
заруриро ба воситаи ғизо мегиранд. Ин сафедаҳо дар узвҳои ҳозима то
аминокислотаҳо таҷзия гардида, сипас аз онҳо сафедаҳои барои организм
зарурӣ синтез мешаванд. Вале аминокислотаҳоро барои таъмини организм
бевосита низ истифода бурдан мумкин аст. Ин ҳолат, хусусан, барои
хӯрондани беморон пас аз ҷарроҳии вазнин, бидуни иштироки узвҳои ҳозима,
роҳи ягона аст. Аминокислотаҳо чун моддаҳои доруворӣ дар тиб васеъ
истифода бурда мешаванд (масалан, глитсин ва кислотаи глутаминат барои
муо лиҷаи касалиҳои асаб, систеин барои муолиҷаи касалиҳои чашм ва
гистидин барои муолиҷаи захми меъда). Алоқаи генетикии ааминокислотаҳо бо дигар синфҳои пайвастагиҳои органикӣ 1. Карбоҳидрогенҳои ҳаднокро бо ёрии реаксияҳои гуногун ба аминокислотаҳо мубаддал кардан мумкин аст:
2. Аминокислотаҳоро инчунин аз карбоҳидрогенҳои беҳад ҳосил намудан мумкин аст:
|
||||||||||
DIAMOND © Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз
карда шудаанд
|