Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа

Ба саволҳо посух гардонед ва машқҳоро иҷро кунед

1. Кадом моддаҳо ба пайвастагиҳои калонмолекула дохил мешаванд? Бо мисолҳои мушаххас сохти молекулаи онҳоро фаҳмонед.
2. Ҷузъи структурӣ ва дараҷаи полимеризатсия чиро мефаҳмонанд?
3. Ҷузъи структурӣ аз мономер чӣ фарқ дорад?
4. Бо мисолҳои мушаххас ҳосилшавии полимерҳои сохташон стереомуназзам ва стереономуназзамро нишон диҳед.
5. Муодилаи реаксияҳои ҳосилшавии полиэтилен, полипропилен, тефлон, поливинилхлорид, полистрол, полиметилакрилатро тартиб диҳед. Ин полимерҳо дар куҷо истифода мешаванд?
6. Чанд механизми реаксияи полимеризатсияро медонед? Ин механизмҳо чӣ гуна фарқ мекунанд?
7. Бо мисолҳои мушаххас фаҳмонед, ки реаксияи поликонденсатсия аз реаксияи полимеризатсия чӣ гуна фарқ мекунад?
8. Кӣ ва кай усули истеҳсоли саноатии каучуи сунъиро ихтироъ кардааст? Муодилаи рексияи ҳосил намудани каучуи сунъиро тартиб диҳед.
9. Барои ҳосил намудани каучуҳои дивинилӣ ва бутадиенӣ ҳамон як мономер истифода бурда мешавад. Фаҳмонед, ки ин каучуҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
10. Муодилаи ҳосилшавии каучуи хлоропрениро аз 2-хлор-1,3-бутадиен тартиб диҳед.
11. Каучу аз резин чӣ фарқ дорад?
12. Кадом намудҳои асосии нахҳо ба шумо маълум аст? Мисолҳо оред.
13. Нахҳои табиӣ ва сунъӣ аз ҳамдигар бо чӣ фарқ мекунанд? Мисолҳо оред.
14. Нахи полиамидии ба шумо маълумро номбар кунед. Хосиятҳои ин нах ва тарзи ҳосилкунии онро баён кунед.
15. Лавсан аз полиэтилентерефталат чӣ фарқ дорад?
16. Хосиятҳои хоси лавсанро баён кунед. Лавсан дар куҷо истифода мешавад?

 

Таҷрибаҳои лабораторӣ

1. Омӯзиши хосиятҳои полимерҳои термопластикӣ
Хосиятҳои полиэтилен.
а) порчаи полиэтиленро ба стакан гузоред ва ба болояш об резед.
б) як порчаи найчаи полиэтилениро оҳиста гарм кунед. Тадриҷан нарм шудани полимер ва сипас гудохта шудани онро мушоҳида намоед. Бо ёрии қаламчаи шишагӣ шакли онро дигаргун кунед.
в) пораи полиэтилениро хунук карда, як бори дигар ҳаракат намоед, ки шакли онро дигар кунед.
г) пораи полиэтилениро дар шӯъла сӯзонед.
д) якчанд пораҳои хурди полиэтиленро ба пробиркаҳои: 1) бромобдошта; 2) маҳлули обии перманганати калий дошта андозед. Ҳарду пробиркаро гарм намоед.
е) якчанд пораҳои полиэтиленро ба пробиркаҳои 1) кислотаи сулфати гализ; 2) маҳлули гализи кислотаи нитрат; 3) маҳлули обии ҳидроксиди натрий дошта андозед. Ҳамаи ин пробиркаҳоро оҳиста гарм кунед.

Муайян намудани хлор дар поливинилхлорид

     1. Як пораи поливинилхлоридро дар шӯъла дошта, ба бӯи маҳсулоти сӯхта истода ва ранги шӯъла аҳамият диҳед.
     2. Якчанд пораи поливинилхлоридро ба пробирка ҷойгир намоед, даҳони пробиркаро бо даҳонпӯши найчадор маҳкам кунед ва охири найчаро ба пробиркаи 12 мл маҳлули нитрати нуқра (1) дошта гузоред. Нӯги найчаро аз сатҳи маҳлул 0,51,0 см дур нигоҳ доред. Пробиркаи якумро сахт гарм кунед.
     3. Поливинилхлорид аз полиэтилен ҳангоми сӯхтан чӣ хел фарқ мекунад?
     4. Барои чӣ ҳангоми сӯзиши поливинилхлорид дар маҳлули нитрати нуқра таҳшин ҳосил шуд?

Омӯзиши хосиятҳои нахҳои синтезӣ
     Хосияти капрон. 1. Бо ёрии шипсҳо тигелҳои намунаи нахҳои капронӣ доштаро ба шӯълаи оташ доред.
     2. Қогази сурхи лакмусии намро ба газҳои ҷудошуда расонед.
     3. Як миқдор нахи капрониро ба косачаи фарфорӣ гузошта онро гарм кунед.
     4. Аз гудохтаи нах бо қаламчаи шишагӣ риштаро кашида гиред.
     5. Ба чор пробирка миқдори муайяни нахи капронӣ андозед. Ба пробир каи якум кислотаи нитрат (р=1,4 г/см3), ба дуюм кислотаи сулфат (р=1,84 г/см3), ба сеюм маҳлули ҳидроксиди натрий, ба чорум атсетон резед. Баъди 10 дақиқа маҳсули дар пробиркаҳо ҳосилшударо бо қаламчаи шишагӣ омехта намоед.
Саволҳо барои хулосабарорӣ
     • Капронро аз рӯи маҳсулоти таҷзияи термикӣ чӣ хел муайян кардан мумкин аст?
     • Ба капрон чор моддаи ба пробиркаҳо андохта чӣ хел таъсир мерасонанд?

Машғулияти амалӣ
     Мушоҳидаи пластмассаҳо ва нахҳо. Пеш аз он, ки ба машгулияти амалӣ шурӯъ намоед, бо хосиятҳои пластмассаҳо шинос шавед. Сипас аз муаллим супориш гиред.
      Шинохти пластмассаҳоро аввал аз намуди зоҳирии онҳо сар карда, сипас табаддулоти онҳоро ҳангоми гармкунӣ ва сӯхтан тадқиқ намоед. Пас аз ин таъсири ҳалкунандаҳоро ба пластмассаҳо омӯзед.
     Шинохти нахҳоро аз сӯзонидани онҳо сар мекунанд. Дар айни замон ба суръати сӯхтани нах эътибор дода, бӯи маҳсулоти таҷзияшударо тадқиқ менамоянд ва хосиятҳои маҳсулоти пас аз сӯхтан боқимондаро меомӯзанд. Сипас, таъсири кислотаҳо, ишқорҳо ва ҳалкунандаҳоро ба нахҳо месанҷанд.
     1) Дар чаҳор халтача пластмассаҳо мавҷуданд:
а) поливинилхлорид, аминопласт, селлулоид ва фенопласт;
б) полиэтилен, полистрол, полиметилакрилат ва капрон. Муайян кунед, ки кадом пластмасса дар кадом халтача ҷойгир аст.
    2) Дар чаҳор халта нахҳо мавҷуданд: а) абрешими тоза (ё мӯина), нахҳои вискозӣ, нитрон ва лавсан; б) матои пахтагӣ, нахи атсетатӣ, хлорин ва капрон. Муайян кунед, ки кадом нах дар кадом халтача ҷойгир аст.




 

 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz