|
| ||||||||||
► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор
►
Аминҳо
► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ
► Амидҳо:сохт, истеҳсол ва хосиятҳои онҳо ► Аминокислотаҳо ► Намунаҳои ҳалли мисол ва масъалаҳо ► Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор ► Савол ва супоришҳо ва таҷрибаҳои лабораторӣ ► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо
►
Мафҳум дар бораи пайвастагиҳои калонмолекула
► Методҳои асосии синтези полимерҳо ► Полимеризатсия ► Моддаҳои пластикӣ ► Каучукҳои синтезӣ ► Нахҳои синтезӣ ► Саволҳо ва таҷрибаҳои лабораторӣ ► Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ
►
Нуқтаҳои асосии назарияи сохти химиявӣ
► Намудҳои изомерия ► Изомерияи структурӣ ► Изомерияи занҷири атомҳои карбон ► Изомерияи ҳолати бандҳои дучанда ва сечанда дар молекула ► Изомерияи ҳолати гурӯҳҳои функсионалӣ ё атомҳои алоҳида дар молекула ► Изомерияе, ки ба пайвастагиҳои органикии дар таркиби молекулаашон ҳалқаи бензолӣ дошта хос аст ► Изомерияи фазоӣ ё стереоизомерия ► Табиати электронии банди химиявӣ ► Синтезҳои муҳими саноатӣ дар асоси коркарди нафт ва дигар ашёҳои карбоҳидрогенӣ ► Намунаи ҳалли масъалаҳо ва саволҳо барои ҷавоб ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Тавсифи ҳолати электронҳо дар атом дар асоси механикаи квантӣ
► Системаи даврии муосири элементҳои химиявӣ ► Мавқеи лантаноидҳо ва актиноидҳо дар системаи даврии элементҳои химиявӣ ► Валентнокӣ ва имкониятҳои валентии атомҳо ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаи ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона
►
Навъҳои асосии банди химиявӣ ► Сохти фазоии молекулаи моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ ► Навъҳои панҷараҳои кристаллӣ ва хосияти моддаҳо ► Пайвастагиҳои комплексӣ ► Ададҳои координатсионӣ ► Системаҳои дисперсӣ ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаҳои ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона ► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ
►
Қонуни бақои массаи моддаҳо. Қонуни
Бақои масса табдили энергия дар реаксияҳои химиявӣ ► Таснифи реаксияҳои химиявӣ ► Суръати реаксияҳои химиявӣ ► Қонуни таъсири масса. Собити мувозинат ► Принсипи Ле-Шателе. Лағжиши мувозинати химиявӣ ► Катализ ва гидролиз ► Саволҳо барои ҷавоб ва намунаҳои ҳалли масъалаҳо ► Масъалаҳо барои ҳалли мустақилона |
ВАЛЕНТНОКӢ BA ИМКОНИЯТҲОИ ВАЛЕНТИИ АТОМҲО
Валентнокӣ. Мафҳуми «валентнокӣ» яке аз мафҳумҳои муҳимтарини
химия мебошад. Пешравӣ дар омӯзиши бандҳои химиявӣ барои ошкор намудани
моҳияти физикии ин мафҳум имконияти хуб дод.
Чуноне мебинем, нитроген дар қабати берунааш 3 электрони тоқ дорад. Савияи энергии холии наздиктарин дар s-қишри қабати сеюм ҷойгир аст, вале барои ин савия гузаштани яке аз s-электронҳои нитроген имконияти амалӣ вуҷуд надорад. Азбаски валентнокии элемент бо миқдори электронҳои тоқ баробар аст, бинобар ин нитроген бояд дорои валентнокии олии 3 бошад. Масалан, нитроген дар пайвастагиҳои ҳидрогениаш севалента мебошад. Вале барои нитроген имконияте мавҷуд аст, ки ба туфайли он нитроген метавонад дорои валенти олии 4 гардад (ниг. ба расми 6).
Расми 6. Ҳосишавии иони аммоний
Аз расм аён аст, ки нитроген се банди ковалентиро аз ҳисоби се
электрони тоқи худ бо электронҳои мувофиқи се атоми ҳидроген ҳосил
мекунад. Банди чаҳоруми ковалентӣ дар натиҷаи он ташкил мешавад, ки яке
аз электронҳои ҷуфти нитроген аз s-қишри
қабати дуюм ба яке аз савияи энергии холии s-қишри
иони ҳидроген мегузарад.
Чӣ хеле аз нақша мебинем, дар атоми сулфур ду электрони тоқ мавҷуд аст. Аз ин сабаб имконияти ду банди ковалентӣ ҳосил намудани сулфур равшан аст. Дар ҳақиқат пайвастагиҳои сулфури дувалента, масалан H2S, маълуманд. Вале барои донистани имкониятҳои валентии элемент донистани сохти электронии он на танҳо дар ҳолати асосӣ, балки дар ҳолати ангезиш низ зарур аст. Сохти электронии сулфур дар ҳолати асосӣ ба шумо маълум аст. Акнун сохти электронии сулфурро дар ҳолати ангезиш дида мебароем. Дар ин ҳолат як ё ду электрон (мувофиқан аз s ва р-қишри қабати берунаи электронӣ) ба савияҳои энергии холии d-қишр мегузаранд. Дар натиҷа, ду ҳолати ангезишии сулфурро ҳосил мекунем, ки конфигуратсияи электронии онҳо дар поён оварда шудааст:
Аз ин
ҷо маълум аст, ки барои чӣ сулфур дар SO2 чорвалента ва дар
SO3 шашвалента мебошад. Ҳамин тавр, валентнокии олии сулфур 6
мебошад. Бояд қайд кунем, ки ба ҳолати ангезишӣ гузаштани атом дар ҳамон
вақт имконпазир аст, ки агар энергияи дар натиҷаи ҳосил шудани бандҳои
ковалентӣ хориҷшуда аз фарқи энергияи электронҳо дар ҳолатҳои ангезиш ва
асосии атом зиёдтар бошад.
Дар атоми оксиген чун дар атоми сулфур ду электрони тоқ мавҷуд аст ва аз
ин сабаб дар бисёр пайвастагиҳояш оксиген дувалента аст. Савияҳои
энергии холии наздиқтарин, ки бо гузаштани электронҳо ба онҳо
конфигуратсияи дигари электронии оксиген бояд ҳосил мешуд, s-қишри
қабати сеюми электронӣ мебошад. Лекин бо сабаби он, ки энергияи барои ин
гузариш зарурӣ нисбат ба энергияе, ки ҳангоми ҳосил намудани бандҳои
ковалентӣ хориҷ мешавад зиёдтар аст, бинобар ин чунин гузариш
имконнопазир мебошад, яъне атоми оксиген беш аз ду электрони тоқ дошта
наметавонад.
Ҳамин тавр, ҳосилшавии иони ҳидроксоний хулосаи зеринро ба миён меорад: |
||||||||||
DIAMOND © Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз
карда шудаанд
|