Химия синфи 11
 

► Боби I. Аминҳо. Аминокислотаҳо. Пайвастагиҳои ҳетеросиклии нитрогендор

► Боби II. Сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ

► Боби III. Ферментҳо ва витаминҳо

► Боби IV. Синтези моддаҳои калонмолекула ва масолеҳи полимерӣ дар асоси онҳо

► Боби V. Ҷамъбасти омӯзиши курси химияи органикӣ

► Боби VI. Қонуни даврӣ ва системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев дар асоси таълимот оид ба сохти атом

► Боби VII. Сохти модда


► Боби VIII. Реаксияҳои химиявӣ


► Боби IX. Ғайриметаллҳо

► Боби X. Металлҳо

► Боби XI. Нақши химия дар ҳаёти ҷомеа


 

Мисол ва масъалаҳо барои ҳалли мустақилона

1.  Формулаи химиявии модцаҳоеро нависед, ки ба:

а) нитропайвастагиҳо;

б)    эфирҳои мураккаби кислотаи нитрат тааллуқ дошта бошанд

2. Аминҳо гуфта кадом пайвастагиҳоро меноманд ва сохти молекулаи онҳоро тасвир кунед.

3. Аз сохти молекула истифода намуда, хосиятҳои монанд ва фарқкунандаи аминҳо ва аммиакро нишон диҳед.

4.  Аминҳои зерин дода шудаанд:

а) метиламин; б) диметиламин; в) триметиламин.

Формулаи структурии онҳоро нависед ва фаҳмонед, ки дар кадоми онҳо хосияти асосӣ қавитар ва дар кадомашон заифтар зоҳир мегардад. Барои чӣ?

5. Муодилаи реаксияҳоро нависед, ки дар натиҷаи онҳо табаддулоти зерин ба амал меояд:
 

1.  Хосиятҳои моддаҳои зеринро муқоиса намоед:

а) аминҳои ҳаднок ва анилин;

б) спиртҳои ҳаднок ва фенол.

Кадом хосиятҳои ин моддаҳо ба ҳам монанданд ва бо кадом хосиятҳо онҳо аз якдигар фарқ мекунанд? Барои чӣ? Муодилаҳои реаксияҳои тасдиқкунандаро нависед.

2.        Чӣ гуна моддаҳоро амидҳо меноманд? Дар бораи карбамид маълумот диҳед.

3.  Аминокислотаҳоро бо кадом роҳ ҳосил мекунанд? Муодилаҳои ин ре аксияҳоро нависед.

4.  Муодилаи реаксияи кислотаи 2-аминопропионатро бо моддаҳои зерин тартиб диҳед:

а)    ҳидроксиди калий;

б)  кислотаи сулфат;

в) этанол

5.    Формулаи моддаҳои изомерии зеринро тартиб диҳед, ки формулаи молекулавиашон чунин аст: C5H13N. Изомерҳои навиштаатонро номгузорӣ кунед.

6.     Формулаи моддаҳоеро муайян кунед, ки дар онҳо ҳиссаи массаи элементҳо чунин аст:

а) C  61,01%, H  15,25%, N  23,73%

б) C  46,60%, H  8,73%, N  13,59%, O  31,06%.

Формулаи структурии онҳоро навишта, онҳоро номгузорӣ намоед.

(Ҷавоб: а) C3H7NH2; б) NH2(CH2)3COOH ).

7.     Аз 312 г бензол чӣ қадар нитробензол ҳосил намудан мумкин аст, агар баромади реаксия нисбат ба имконияти назариявӣ 0,75 ё 75% ро ташкил кунад?

(Ҷавоб: 369г)

8.    Дар натиҷаи сӯхтани 9,3 г моддаи органикӣ, 13,2 г оксиди карбон (IV), 13,5г об ва 4,2 г нитроген ҳосил шуд. Зичии буғҳои ин модда нисбат ба ҳаво ба 1,069 баробар аст. Моддаи номаълумро ёбед.

(Ҷавоб: CH3NH2)

9.     Ба маҳлуле, ки 0,4 мол фенол дорад, бо бромоби барзиёд гирифташуда таъсир намуданд. Моддаҳои ҳосилшуда ва массаҳояшонро ёбед.

(Ҷавоб: 132,4 г трибромфенол ва 97,2 г ҳидрогенбромид)

 

 
DIAMOND ©  Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд
Hosted by uCoz